• Administrator
  • 16.01.2019
  • 0

Ҳисор: Ҷанҷоли оилавӣ боиси худсӯзии зан гашт

Гулшан Элназарова, сокини 40-солаи деҳаи Хоҷасиддиқи ҷамоати Дурбати Ҳисор ҳафтаи гузашта дар пайи ҷанҷол бо шавҳараш Ҳасан Элназаров худро оташ задааст. Ӯ ҳоло дар ҳолати вазнин дар бемористони маризиҳои пӯст қарор дорад. Ба гуфтаи сокинон, сабаби ҷанҷол ҳамсарашро ба харҷи бебаркаши пул барои хариди маҳсулоти рӯзгор, аз ҷумла орду равған гунаҳкор кардани шавҳар шудааст. Гулшан ба эроду ғурбати пайвастаи шавҳар тоб наоварда, ба сару рӯяш бензин рехта, худро оташ задааст. Ӯ чор фарзанди хурдсол дорад.

Ҳафтае пеш дар деҳаи Хоҷасиддиқ(собиқ Илич)-иҷамоати Дурбати шаҳри Ҳисорзавҷаи як нафар сокини ин деҳот Элназаров Ҳасан худро оташ задаст.

Элназаров Ҳасан падари чор писар буда, бо ҳамсараш Гулшан сари як ҷанҷоли ночизи оилавӣ муноқиша кардааст. Боиси асабонияти марди хонадон рафтори завҷааш шудааст, ки ба ақидаи шавҳар, барои харидани маҳсулоти рӯзгор, аз ҷумла орду равған пулро бебаркаш сарф мекардааст. Ҳамин моҷарои зоҳиран ночиз боиси ҷанҷол байни зану шавҳар ва қасди худкушии зангардидааст.

Ба гуфтаи наздикону ҳамсояҳо, зан Гулшан ном дошта, 40 сол дорад ва модари чор писари наврас аст.

Ҳасан Элназаровро муваққатан боздошт карда,пиромуни сабабҳои даст ба худкушӣ задании завҷаашмавриди бозпурсӣ қарор додаанд. Аммо ба гуфтаи ҳамдеҳаҳо, рӯзи 14 январ ӯро аз боздошт ҷавоб додаанд. Сокинон мегӯянд, бемории рӯҳӣ доштани Гулшан Элназароваро сабаби қасди ҷони худ кардани ӯ донистаанд.

Айни замон завҷаи Элназаров дар бемористони касалиҳои пӯст дар ҳоли вазнин қарор дошта, ба гуфтаи табибон, 70 фисади баданаш сӯхтааст.

Ҳар сол дар Тоҷикистон, бино ба оморҳо, аз 400 то 600 нафар қасди ҷони худ мекунанд. Беш аз нисфи онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ, хушунат ва муноқишаҳои оилавӣ аз сабабҳои асосии худкушиҳо дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Моддаи 109-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои бо роҳи таҳдид, муомилаи бераҳмона ё пастзании мунтазами шаъну эътибори шахси ҷабрдида ба худкушӣ ё сўиқасди худкушӣ расонидани шахс ҳамчун муҷозот аз 3 то 8 соли зиндонро пешбинӣ кардааст. Вале маъмулан наздикони ҷабрдидаҳо марги наздикони худро аз тақдир дониста, ҳаволаи шахси гунаҳкорро ба Худо мекунанд ва мавридҳои бар асоси моддаи 109 маҳкум шудани шахсони гунаҳкор дар Тоҷикистон хеле ангуштшуморанд.

Бознашр аз сомонаи Ахбор

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner