Ишқ ва никоҳи мардҳои машҳур

Рози ситораҳо, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

  Дар ҳар як соҳа шахсиятҳое ҳастанд, ки ба қуллаи баландтарин расида ситора мешаванд. Иддае ба ситораҳо бо чашми ҳавас менигаранд, бархе ҳасад бурда, ҳар хел гапҳои дурӯғ мебофанд, то ки обрӯи ин ё он ситораро ба хоки сиёҳ яксон намоянд.

Новобаста ба ҳама сару садо ва овозаю ҳангомаҳое, ки тез-тез дар атрофи номашон пайдо мешаванд, ситораҳо низ мисли мову шумо инсон ҳастанд ва дил доранд. Диле, ки ошиқ шуда, беқаророна метапад.

Инак, қиссаи кӯтоҳи ишқ ва издивоҷи чанд шахси шинохтаро пешкаши шумо мегардонем.

 Холмуроди Сиддиқ:

Занам 130% рашк мекунад

Акои Холмурод, баъзе ҷӯраҳоятон мегӯянд, ки шумо аз давраи ҷавониатон ҳамин хел шӯху бебок будед ва гӯё янгаро дуздида овардаед. Натарсидед, ки барои духтардуздӣ шуморо ҳабс карданашон мумкин аст?

Он ки гӯё ман занамро дуздида бошам афсона аст, вале ману ҳамсарам ҳамдигарро дӯст дошта хонадор шудаем. Пас аз хатми донишгоҳ дар Маскав ба Ватан баргашта, ман аввал ба Донишкадаи педагогӣ рафтам, то ки аз ҳолу аҳволи бародари донишҷӯям хабар гирам. Пас аз салому алейк бародарам ба таърифи як духтараки донишҷӯ сар карда, чунон ӯро ситоиш намуд, ки оби даҳони ман шорид. Духтарро надида ошиқ шудам. Бисёр мехостам чашмамро бо дидани ҷамоли он нозанин об диҳам, аммо дарс ба охир расида, донишҷӯён кайҳо рафта буданд. Беҳуда намегӯянд, ки зангиру аспгир девона аст, рӯзи дигар ман боз роҳи Донишкадаи омӯзгориро пеш гирифтам ва бо он духтар вохӯрдам. Хушбахтона бо як нигоҳ мо забони ҳамдигарро ёфтем…

Падару модаратон, ягон духтари дигарро таги чашм накарда буданд?

-Пиру кампир арӯси таги чашм кардагӣ надоштанд, вале бо сабаби он ки духтари интихобкардаи ман аз ноҳияи Панҷ буд, тӯямон камтар кашол ёфт.

-Шумо ҳамчун мард худро дар зиндагии оилавӣ хушбахт меҳисобед?

-Албатта! Оилаи обод ва се фарзанди баркамол дорам. Шукри Худо соҳиби чанд набера ва бобою бибӣ шудем. Магар хушбахтӣ аз ин зиёд мешавад?!

-Шумо ҳаҷвнигори шинохта ва марди машҳур ҳастед. Дар атрофатон ҳамеша бонувони зиёде чарх мезананд. Янга рашк намекунанд?

Оҳ рашк! Рашк мегӯеду рашксанҷаки электронӣ пеши назарам меояд.
-Чӣ хел рашкченкунак?

-Занҳои тоҷик, агар 60-70 фоиз нисбати шавҳаронашон рашк дошта бошанд, ҳамсари ман пир шуда бошад ҳам, рашкаш 120-130 фоиз аст. Дигаронро фишори хунашон баланд шавад, янгаатонро ҳар рӯз фишори рашкаш баланд мешавад…

-Шумо бо занҳои бегона камтар хушгӯӣ кунед, ки фишори янга баланд нашавад-дия!

Ман дар саҳна марди айшпараст ва занбоз бошам ҳам, дар ҳаёт бисёр одами ҷиддӣ ҳастам. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, ягон маъшуқа надорам!

-Ҳамин хел бо ҳарфҳои калон- калон нависем, ки Холмуроди Сиддиқ маъшуқа надорад?!

Нависед, нависед, ки Холмуроди Сиддиқ ҳеҷ вақт ба ҳамсараш хиёнат намекунад!

-Дар охир метавонед ягон ҳодисаи аҷиби зиндагиатонро нақл кунед?

-Як дӯстамон раиси ноҳия аст. Боре раис моро ба хонааш ба меҳмонӣ таклиф кард. Азбаски кӯчаашон тангкӯча будааст, мошинро дар сари роҳ монда, хостем пиёда равем. Нав аз мошин фаромада будем, ки барқ хомӯш гашта атроф тип-торик шуд. Дар торикӣ чанд қадам зада будем, ки овози раис баромад: “Холмурод, дӯстам, хуш омадед, биёед, биёед, қадамҳоятон нури дида…” Мо аз рӯйи таомули тоҷикона ба истиқболи соҳибхона ва ҳамроҳонаш оғӯш кушода “дӯстам, шумо нағз мӣ, дуруст-мӣ, саломатӣ, бачаҳо, аҳли хонаводаатон хубанд…” гӯён, се-чор маротибагӣ такрор ба такрор вохӯрӣ ва салому алейк кардем. Ҳамин вақт боз барқ равшан шуд ва дидем, ки ба ғайр аз худамон, ки 4 нафар будем, дигар ягон кас нест. Дар торикӣ ҳамдигарро соҳибхона гумон карда, бо навбат ба оғӯш гирифтаем.  Бовар кунед, қариб буд, ки аз ханда рӯдакан шавем…

Сорбон, нависанда:

Маро бе ман зан доданд


-Касоне, ки шуморо аз наздик мешиносанд, мегӯянд, ки қиссаи зангирии устод Сорбон бисёр аҷиб аст. Бемалол бошад, онро ба хонандагони “Оила” нақл мекардед?

-Русҳо як мақоли машҳур доранд: “Без меня меня женили” қиссаи зангирии банда айнан чунин шуд. Ман он вақт дар курси дуюми ДДМТ таҳсил мекардам. Зимистони сард буд. Мо донишҷӯёнро ба таътили зимистона ҷавоб доданд. Ман аз бачагӣ шикорро дӯст медорам. Як рӯз нав аз шикор баргашта будам, ки модарам гуфтанд: “Падарат шиносномаи туро гирифта ба идораи ҷамоат рафтанд. Зуд ба ҳамон ҷо рав, туро интизоранд!” Ҳайрон шудам, ки чӣ гап бошад. Вақте ба идораи ҷамоат рафтам, келин аллакай дар сараш чодари арӯсӣ ҳамроҳи дугонаҳояш маро интизор буд. Ҳамин тавр ҳатто рӯйи арӯсро надида, аз қайди ЗАГС гузаштем.

-Магар дар замони шумо ишқу ошиқӣ гуфтагӣ гап набуд?

-Аҳду паймон ва гуфту гузор гуфтагӣ гап умуман дар солҳои ҷавонии мо набуд. Падару модар касеро, ки интихоб кунанд, ҷавонҳо ҳаққи “не” гуфтан надоштанд. Падарарӯси ман яке аз шахсони обрӯманди деҳаамон, мутафаккир, марди бисёр ҷиддӣ ва мулоҳизакор буданд, аз ҳамин хотир, волидонам Зуҳроро интихоб карданд.

Пушаймон нестед, ки бе ишқу муҳаббат оиладор шудед?

Ман ҳанӯз 21- сола будам, ки сарамро ҷуфт карданд, шукри Худо имрӯз ба синни 79 қадам гузоштаам. 58 сол мешавад, ки ману Зуҳро ғаму шодиҳои ҳаётро бо ҳам мебинем. Соҳиби 8 фарзанд-шаш духтар ва ду писар ҳастем. Фарзандонамон ҳамаашон соҳиби маълумоти олӣ буда, дар ҷойҳои намоён кор мекунанд. Ман ҳаётамро ҳатто як лаҳза бе ҳамсарам тасаввур карда наметавонам. Аз падарам миннатдорам, ки тақдири маро бо чунин зани порсо ва меҳрубону дилсӯз пайвастанд. Зани хуб сарвати мард аст. Ман худамро марди сарватманд эҳсос мекунам!

  Абдуғаффори Абдуҷаббор, тарҷумон ва нависанда:

Ману Зулфия пеш аз тӯй ҷӯра будем

 

-Зулфия Атоӣ яке аз зеботарин шоираҳои тоҷик буда, қалби бисёр нозук доранд. Ба шумо чӣ гуна муяссар гашт, ки дили ин зани машҳурро ба даст биёред?

Ман Зулфияро ҳамчун шоира мешинохтам ва бо шарофати китобҳояш ғоибона ошиқаш гашта будам. Замоне, ки дар Ленинград дар курси 5-уми факултаи журналистика мехондам, як мақолаам дар рӯзномаи “Тоҷикистон советӣ” дар бораи фаъолияти журналисти машҳури амрикоӣ Ҷон Рид ба табъ расид.  Зулфия баъди хатми институти адабии ба номи Максим Горкии шаҳри Москва ба ин рӯзнома ба кор омада буд ва баъди нашр шудани мақола андешаашро  тариқи мактуб ба ман навишт. Ҳамин тавр, мо бо ҳам шинос шудем ва муддати 8-моҳ ба қавле “ҷӯра” будем. Оҳиста-оҳиста дӯстиамон ба ишқ табдил ёфт ва ба хулосае омадем, ки риштаи тақдирамонро бо ҳам мепайвандем. Инак, таи 40-сол аст, ки зиндагии ширину обод дорем ва соҳиби ду фарзанди обрӯманду баландмартаба ҳастем. Се набераи ширин дорем, ки фахри бобову бибӣ ҳастанд.

-Кадом хислатҳои бону Зулфия бештар писандатон аст?

-Ман, ки рӯзноманигор будам, кам ба оила таваҷҷуҳ мекардам, Зулфия ғамхори фарзандон буд ва дар саломативу рушди шахсияти онҳо нақши бузург дорад. Ҳамсарам ҳамчун зан бисёр ҳунарманд ва меҳмондӯст аст. Хонадони мо ҳамеша сермеҳмон аст, ёд надорам, ки ягон бор ҳамсарам аз хаста шудан аз меҳмондорӣ шиква карда бошад. Дӯстонам то ҳол кадбонугии Зулфияро васф намуда, дар ҳама ҷо ҳамсари маро таъриф мекунанд.

-Росташро гӯед, шумо Зулфиябонуро бештар рашк мекунед ё он кас шуморо?

-Рашк чизи табиӣ аст, лекин мо кӯшиш мекунем, ки меъёрро нигоҳ дорем. Зиндагӣ ҳар гуна сурат мегирад, гоҳ ман бештар рашк мекунаму гоҳ ҳамсарам. 16 соле, ки дар соҳаи матбуот кор мекардам ва замоне, ки дар телевизион бо бонувон суҳбат меоростам, баъзан эҳсос мекардам, ки ҳамсарам маро ба хонумҳо рашк мекунад, вале Зулфия ҳаргиз рашкашро ошкоро нишон намедод.

Ҳамеша чунин хушбахт бимонед!


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply