• Бахтовар Сафаров
  • 15.02.2019
  • 0

«Истаравшан» ҷонибдори рақобати солим аст

Дастаи «Истаравшан»-и Истаравшан дар мавсими соли 2018 байни дастаҳои лигаи якум ғолибият ба даст оварда, ба Лигаи олии Тоҷикистон роҳхат гирифт. Ба ин муносибат суҳбате доштем бо ноиби президенти бошгоҳи футболи «Истаравшан», собиқадори футболи тоҷик Саъдӣ Иззатов.

-Саъдӣ, дар шахси шумо бошгоҳи футболи «Истаравшан»-ро барои ба Лигаи олии кишвар роҳхат гирифтан табрик мекгӯем.

-Ташаккур.

-Шуморо мухлисони варзиш ҳамчун собиқадори футболи тоҷик мешиносанд, зеро даҳсолаҳо дарвозабони дастаи овозадори «Равшан»-и Кӯлоб будед, соли 1994 баъди пирӯзӣ дар финал бар «Шодмон»-и Ҳисор  (2:1) барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон ҳам гардидед. Имрӯз дар Истаравшан ба чӣ кор машғулед?

-Дар бошгоҳи футболи «Истаравшан» як сол аст, ки вазифаи ноиби президенти ин клубро ба зимма дорам.

-Дастаи номбурда чанд сол пеш дар Лигаи олӣ бозӣ карда буд ва борҳо аз «Равшан»-и Кӯлоб  ҳам дар меҳмонӣ ва ҳам дар майдони худ мағлуб гардидааст.

-Комилан дуруст. Солҳои 2012-2013 «Равшан» аз дастаҳои пурзӯртарини Лигаи олии мамлакат ба шумор мерафт, зеро дар ҳайаташ футболбозони бомаҳорати маҳаллӣ ва легионерҳои ганагӣ Соломон Тейчӣ, Содиқ  Мӯсо, Дэвид Мауто ва дигарон шарафи ин дастаи собиқадори фкутболи тоҷикро ҳимоя карда, дар ин мавсимҳо унвони чемпиони Тоҷикистон ва Ҷоми Тоҷикистонро сазовор гардиданд.

-Собиқадор Саъдӣ Иззатовро   Кӯлоб дар ёд дорад?

-Албатта, дар интиҳои соли 2018 дар варзишгоҳи марказии  шаҳр бо иқдоми нашрияи «СССР» мусобиқаи дастаҳои собиқадорони футбол баргузор гардид. Мо, собиқадорони футболи «Равшан» Эмом Қурбонов, Муъмин Сафаров, Ҳайдар Зоиров, Убайд Абдуллоев, Аҳтамшо Саидшарифов, Константин Саидов,  Қосим Қурбонов, Шоҳин Салимов дар марњилаи нињої ғолиб омадем ва медалҳои тиллои мусобиқаро ба гардан овехтем. Дар байни супорандагони мукофотҳо собиқадорони даста Муродҷон Мармаров (собиқ раиси шаҳри Кӯлобу соњибкори имрўза) ва мураббии маъруф Зайниддин Раҳимов низ иштирок доштанд, ки хеле рӯҳбаланд шудем. Мо ин комёбиро ба хотири собиқадорони дастаи «Равшан» Юсуфҷон Зоиров, Қурбон Мирзоев (машҳур ба лақаби «Лага»), дарвозабон Кӯри Толик ва дигарон бахшидем.

— Чӣ сабаб шуд, шумо имрӯз дар  «Истаравшан» фаъолият доред?

-Раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода, ки солҳои 90-уми асри гузашта ба сифати дарвозабони дастаи «Равшан» футбол бозидааст ва њамзамон президенти бошгоњи футболи «Истаравшан» ва раиси Федератсияи футболи шањр маро барои кор ба сифати  ноиби президенти  бошгоҳи «Истаравшан» даъват намуд, ки бо хушнудӣ пазируфтам. Ман дар ин вазифа дар  ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Федератсияи футболи шаҳри Истаравшан корҳои ташкилии дастаро  пеш мебарам.

Сармураббии даста футболбози ботаҷрибаи истаравшанӣ Шӯҳрат Шамсиев мебошад, ки солҳо дар тимҳои «Истаравшан» ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳораташро сайқал додааст. Аксари бозигарони даста, ки имсол дар Лигаи олӣ ширкат меварзанд, футболбозони маҳаллӣ маҳсуб меёбанд. Дар омади гап, дастаи мазкур солҳои Шӯравӣ бо номи «Трикотажник»-и шаҳри Ӯротеппа машҳур буд ва чор бор унвони чемпионии кишварро ба даст овардааст, мавсими соли гузашта   дар Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум ғолиб баромада, ба Лигаи олӣ роҳхат гирифт.

Имрӯз дар «Истаравшан» бештар футболозони маҳаллӣ, ки дар лигаи якум ва баъзеашон дар ҳайати «Далерон-Ӯротеппа», ки як мавсим дар Лигаи олӣ қувва санҷидааст, бозидаанд, ҷалб гардидаанд. Капитани даста Илҳом Баротов дар мавсими соли 2018-и лигаи якум 26 гол зада, нишонзани беҳтарин эътироф шуд. Худи даста дар 26 бозӣ 67 тӯб зада, 15 тӯб сар додааст, ки дар ин нишондод саҳми дарвозабон Қурбон Бобоев ин хеле назаррас мебошад.

Бояд гуфт, ки то омадани Баҳром Иноятзода ба раисии шаҳр «Истаравшан» пароканда буд. Раис, ки солҳои ҷавонӣ футболбоз буд, дастаро ҷамъ овард ва соли 2017 иштироки онро дар лигаи дуюм таъмин намуд. Футболбозон аз ин дастгирӣ рӯхбаланд шуда, ба лигаи якум роҳхат гирифтанд ва дар мавсими соли гузашта дар лигаи якум ғолиб омада, ба Лигаи олӣ роҳхат гирифт. Дар натиҷа мухлисон диданд, ки раиси шаҳр ва мутахассисони кӯлобӣ мақсад доранд шаъну шарафи варзиши шаҳри бостонии Истаравшанро баланд бардошта, футболро оммавӣ мегардонанд.

-Саъдӣ,  вақтҳои охир расм шудааст, ки ба ҳар даста легионерҳо даъват мешаванд, то даста ба комёбиҳо бештар ноил гардад. Роҳбарияти «Истаравшан» ин анъанаро ҷонибдор аст ё не?

-Мефаҳмед, даъвати легионерҳо ба ҳар даста тақозои замон аст, на расму анъана. Мо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ФФИ мақсад дорем ба даста аз Бразилия сармураббӣ ва мураббӣ оид ба тайёрии ҷисмонӣ ва чанд  футболбозро аз ин кишвар ҷалб намоем.

-Шояд ба даъвати мутахассисони бразилиягӣ он қадар зарурат набошад, дар сурате ки, ба фикри ман,  баъзе масъулони футболи рақобати солимро бо роҳу усулҳои фишороварӣ дар ҳар мавсим зери суол мемонанд, то ин ки дастаи яккатоз ҳамеша шаҳди пирӯзӣ бичашад…

-Мо ҷонибдори рақобати солим дар варзиш мебошем. Аммо вақте ки як даста пайиҳам солҳо дар лигаи олӣ яккатоз мешаваду дастаҳои дигар аз рақобат бо он эҳтиёткорӣ мекунанд, пешравиро дар футболи кишвар ба даст овардан кори хеле мушкил аст. Агар панҷ-шаш даста дар мавсим барои ҳар як хол рақобати солимро ихтиёр намоянд, футбол ҳатман пешрав мешавад ва дастаи мунтахаби кишвар мақомашро дар рейтинги мунтахабҳои миллии ҷаҳон баландтар бардошта метавонад. Дар майдон бояд принсипи варзишӣ риоя карда шавад.

Ҳадафи даста дар мавсими соли 2019 ишғол намудани яке аз ҷойҳои ифтихорӣ миёни дастаҳои Лигаи олӣ ё ба дастории яке аз ҷомҳои футболи  Тоҷикистон, ё Ҷоми ФФТ мебошад.

Мусоҳиб

Эмоми НАЗАРИЁН

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner