• Эмом НАЗАРОВ
  • 07.01.2019
  • 0

«Истиқлол» қадрдонӣ шуд

6-уми январи соли равон ситоди мураббиё н ва роҳбарияти дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар вазъияти тантанавӣ барои пи рӯзӣ дар Чемпионати Тоҷикистон-2018 бо медалҳои тиллоӣ сарфароз гардонда шуданд.
Маҷлиси тантанавӣ дар тарабхонаи «Яккачинор»-и пойтахт баргузор шуд. Медалҳои тиллоро ба футболбозон муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилшод Назаров ва узви комиҷроияи ФФТ Фатҳулло Ҷалилов тақдим намуданд. Ҷоиза ва Ҷоми ғолибият дар Чемпионати Тоҷикистон-2018 ба капитани даста Фатҳулло Фатҳуллоев супурда шуд.
«Истиқлол» дар мавсими соли гузашта ҳафтумин бор унвони чемпионии Тоҷикистон ва Ҷоми футболи кишварро соҳиб гардид, инчунин Суперҷоми Тоҷикистон ва Ҷоми ФФТ-ро ба даст овард.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.