«Истиқлол» — барандаи ҳафткаратаи Ҷоми Тоҷикистон!

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

28-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат вохӯрии финали дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2018 доир гардид.

Вохӯрӣ, тавре шореҳони  телевизиони «Варзиш» иттилоъ доданд, дар ҳузури беш аз 15 ҳазор мухлис бо бартарии футболбозони пойтахт ҷараён гирифт. «Регариҳо» аксар вақт ба ҳимояи дарвозаи худ машғул буданд ва гоҳ-гоҳе ҳамлаҳои ҷавобӣ мекарданд, ки  хатти муҳофизати душанбегиҳо онҳоро бе душворӣ рафъ менамуданд. Дар рафти тамоми бозӣ дарвозабони «Регар-ТадАЗ» Ркстаи Ризоев ниҳоят серкор буда, зарбаҳои ҳарифонро муваффақ монеъа мешуд.

Заҳмату талошҳои футболбозони «Истиқлол» охиран самар оварда, голи ягонаро ҳамлагари онҳо Комрон Турсунов, собиқ бозингари «регариҳо», аз масофаи дур ба ҳадаф расонд. Рустам Ризоев тӯби дар ҷаримагоҳи дастааш ба замин бархӯрдаро дошта натавониста, ҳисоб 1:0 бар фоидаи душанбегиҳо шуд. Ин ҳисоб то охири вохӯрӣ бетағйир монд ва «Истиқлол» бори ҳафтум Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гардид. Дар ҳақиқат, пирӯзие шуд бечунучаро.

Дар маросим тантанавии пас аз вохӯрӣ ба «Истиқлол»Ҷоми Тоҷикистон-2018, медалҳои тилло ва 30 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ супорида шуд. «Регар-ТадАЗ» едалҳои нуқра ва 20 ҳазор сомонӣ Чоизапулиро сарфаро гардид.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply