Истиқлоли илм ва рисолати академия

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

Мусоҳиба бо Мирзо Муллоаҳмад

Доктори илмҳои филология, аъзо-корреспонденти АИ ҶТ, яке аз чеҳраҳои шинохтаи илми адабиётшиносӣ ва шарқшиноси муосир Мирзо Муллоаҳмад 70 — сола шуданд. Ба ин муносибат ба Институти навтаъсиси Омӯзиши давлатҳои Осиё ва Аврупо, ки феълан М. Муллоаҳмад, мудири шуъбаи омӯзиши давлатҳои Шарқи Миёна ва Наздик ҳастанд, ба суроғи эшон рафтем…

-Устод, боз ҳам институти шумо мустақил шуд, аммо дар шакли институти шарқшиносии собиқ неву ба намуди нав ва серсоҳа. Пӯшида нест, шукӯҳи илмҳои ҷамъиятшиносии шӯравии тоҷик шарқшиносӣ буд, аммо он мисле, ки барҳам хӯрд. Чаро?  «тақдир»-и он чунин шуд?

-Институти шарқшиносӣ, баъдан шарқшиносӣ ва мероси хаттии Тоҷикистон пас аз Институти шарқшиносии Маскав яке аз марказҳои бошукуҳ ва беназири илмӣ буд. Пас аз Бобоҷон Ғафуров шарқшиносии Маскав таназзул кард, зеро институт ба дасти шахсони ғайримутахассис афтод. Масалан, Примаков, ки журналист буд. Бинобар ин, институти мо маркази муҳим ба ҳисоб мерафт. Ёдам меояд, охири солҳои 80-ум, Комиссаров бори охир ба Душанбе омада, инро эътироф кард. Ӯ гуфт, ки баъди Ғафуров Институти шарқшиносии Маскав ба Тоҷикистон кӯчидааст ва хушҳол буд. Аммо мутаассифона, дере нагузашта Абдулғанӣ Мирзоев низ рафт ва пас аз фавташ як муддат Муҳаммад Осимӣ дар баробари президенти Академияи илмҳо буданашон директори Институт таъин шуданд. Табиист, ки як нафар чанд вазифаи масъулро иҷро карда наметавонад. Дар замони Осимӣ фаъолияти институт андак суст ва пас аз эшон рӯ ба таназзул ниҳод. Роҳбарони баъдӣ кӯр-кӯрона ба сохтори институт тағйирот ворид намуда, идеяҳои безаминаи худро ҷорӣ мекарданд ва бештар навоварӣ кардан мехостанд, ки бенатиҷа меанҷомид. Бинобар ин, Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттиро бо Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакӣ муттаҳид карданд, то ки фаъолияти он ҷоннок шавад. Аммо, баръакс, бахши забон ва адабиёт низ суст шуда, шарқшиносӣ ҷон нагирифт. Имрӯз боз онро ҷудо карданд, вале доираи фаъолияташро васеъ намуданд.

-Айни замон шумо дар кадом самт кор мекунед?

-Шуъбае, ки  мудираш ҳастам, ба омӯзиши давлатҳои Шарқи Миёна ва Наздик, ки тамоми кишварҳои Шарқ, Эрон Афғонистон, давлатҳои Араб ва Туркияро фаро мегирад, машғул аст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки барои бунёди як сохтор аввал заминаи онро мегузоранд. Аммо дар кишвари мо баръакс, аввал сохторро эълон мекунанд, баъд аз пайи дарёфти мутахассис мешаванд. Ман охири солҳои 60-ум вақте кор омадам, шуъбаи мероси хаттӣ дар назди Институти забон ва адабиёт фаъолият мекард. Абдулғанӣ Мирзоев чандин мутахассисонро ба Маскав фиристода, кормандони дигарро мавзӯъҳои мушаххас дода, заминаи Институти шарқшиносиро гузоштанд. Имрӯз институти мо ташкил шуд, аммо мутахассис надорем. Ман чандест, ки туркшинос меҷӯям, ки ақаллан забони туркиро донад, то ба ӯ мавзӯи мушаххас оид ба омӯзиши Туркия бидиҳем. Баъдан моро муваззаф кардаанд, ки бештар вазъи имрӯзаи давлатҳоро омӯзем, њол он ки ин вазифаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон аст. Ва ин танҳо хоси институти мо нест ва феълан Академияи улум ба масоиле, ки хоси илми бунёдӣ нест, бештар машғул аст. Ҳол он ки ба ҷиҳатҳои амалии илм бояд пажӯҳишгоҳҳои назди вазорату муассисаҳо машғул шаванд. Масалан, Пажӯҳишгоҳи назди Вазорати кишварзӣ бояд ба масъалаи парвариши картошка машғул бошаду Академияи илмҳо ба масоили фундаменталӣ, масалан генетика. Яъне, назария ба вуҷуд орад. Як мисол меорам. Вақте Носирҷон Маъсумӣ директори Институти забон ва адабиёт буданд, чанд идеяи фундаменталӣ пешниҳод карданд, масалан навиштани «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва ба вуҷуд овардани роҳу усулҳои он хидмати эшон аст. Расул Ҳодизода чӣ тавр навиштани  таърихи адабиётро муайян карданд ва дар заминаи он корҳои муҳим сурат гирифт. Албатта, имрӯз ҳам корҳои назаррас ҳаст, дастовардҳо дорем…

-Аммо мо зиёда за ним аср аст, ки фарҳанги мукаммали забони тоҷикиро навишта наметавонем, ақаллан таърихи адабиётамонро ба вуҷуд наовардаем, Асосгузори адабиёти навинамон устод Айнист, ки то ҳол куллиёти мукаммали ӯ ба нашр нарасидааст. Шумо аз кадом дастовардҳо ҳарф мезанед?

-Дуруст мегӯед, вазъ нигаронкунанда аст. Ин ду сабаб дорад: якум, набудани мутахассис, дувум, набудани назорат аз болои илм.  Дар замони шӯравӣ дар илм ҳамоҳангӣ буд, омӯхта мешуд, ки кадом мавзӯъ ниёз ба таҳқиқ дорад ва потенсиали мутахассисро ба он равона мекарданд. Масалан, як масъала дар Тоҷикистон агар таҳқиқ мешуд, онро дар Озарбойҷон намедоданд. Аммо имрӯз мо намедонем, ки дар Душанбе Институти забон ва адабиёт кадом мавзӯъро таҳқиқ мекунаду Донишгоҳи миллӣ кадом. Борҳо шудааст, ки як мавзӯъро барои таҳқиқ медиҳем, муҳаққиқ диссертатсия менависад, аммо баъдан маълум мешавад, ки ин мавзӯъро дар дигар маркази илмӣ каси дигар таҳқик мекардааст. Вазифаи Академияи илмҳои  Тоҷикистон бояд назорат аз болои илм бошад…

-Солҳои охир ба соҳаҳои муҳими илм, ки дар Тоҷикистон ҳам олимони дохилӣ ва ҳам хориҷӣ ба таҳқиқ машғул буданд, таваҷҷуҳ камтар мешавад. Масалан,  фолклоршиносӣ, этнография, лаҳҷашиносӣ ва монанди ин. Сабаб чист?

-Сабаби ин ҳам набудани назорат дар соҳаи илм аст.

-Назорат гуфта, сензураро дар назар доред?

— Не, албатта! Озодӣ ва озодии эҷодӣ барои олим бисёр муҳим аст. Мақсад аз назорат гуфтани ман танзим аст, ки бояд ба салоҳияти Академияи улум гузошта шавад. Академия бояд омӯзад, ки кадом масъала ниёз ба таҳқиқ дорад ва мутахассис омода карда, ба омӯзиш равона кунад. Масалан, дар Тоҷикистон ягон нафар мутахассиси илмшинос ё наукаметрия (наукаведения) нест. Олимони илмшиноси дунё илми ҷаҳониро ба давраҳо тақсим карда, асри Х-ро асри «Илми Сино» ва асри XI-ро «Асри илми Хайём» гуфтаанд. Ин дар ҳамаи ҷаҳон эътироф шудааст. Аммо дар Тоҷикистон касе ин масъаларо наомӯхтааст. Асрори рушди илми тоҷик дар асри Х ва таназзули бесобиқаи он дар асри XIX, ки қафомондатарин давлат буд, барои мо норӯшан аст. Ин масъалаҳои муҳим бояд таҳқиқ шаванд. Кашфиётҳое, ки гузаштагони мо дар асрҳои гузашта карда буданд, айни замон аз нав кашф мешаванд. Масалан,  ман муддатест, ки  ба омӯзиши Хайём машғулам. Хайём мегӯяд, ки дунё аз заррот иборат аст. Яъне, кашфиёте, ки имрӯз дар маркази илм қарор дорад, ин атому нейтрону протон аст, ки онро Хайём кашф карда буд. Ин масъалаҳои фундаменталиро бояд омӯхт ва ба ҷаҳониён пешкаш кард. Дар масъалаи таърихи забон, ки шумо ишора кардед, имконияте, ки мо дорем, дар ягон ҷойи олам вуҷуд надорад. Бо омӯхтани забонҳои яғнобӣ ва помирӣ решаи бисёр масъалаҳои забоншиносии дунё равшан мешавад. Дар ин масъала дар замони шӯравӣ корҳои муҳим шуда буд.  Як зумра олимони боқувват ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Маскаву Ленинград тарбия ёфтанд. Охиринашон Додихудо Саймиддинов буд, ки ӯро ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карданд, вазифа доданд, депутат шуд ва ӯ ягон шогирди дуруст тайёр накард ва ҳамин тавр дар ин соҳа мо имрӯз мутахассис надорем. Ба Академияи улум бояд дар бисёр масоил истиқлол дод, то ки потенсиали олимон санҷида шавад, ки кадомеро бояд вазифа доду кадомеро ба кори эҷодӣ ҷалб кард. Аммо имрӯз, бо вуҷуди он ки дар оиннома академия ниҳоди худидорӣ гуфта шудааст, истиқлоли он ҳис намешавад.

-Масалан, дар кадом масъала?

-Солҳои аввал яке аз академикҳои машҳурамон пешниҳод карда буд, ки кишвари хурде чун Тоҷикистон ниёз ба Академияи илмҳо надорад ва он барҳам дода шавад. Аммо Ҳукумати кишвар, махсусан Президенти мамлакат барои нигоҳ доштани академия хидматҳои беназир карданд. Аммо истиқлоли академия ҳам бояд риоя шавад. Баъзе аз масоили муҳим ва сирф академӣ ҳам имрӯз аввал дар Ҳукумат ҳал мешавад. Аз мушаххас кардани мавзӯъҳо то интихоби президенту аъзои академия, ки ин нодуруст аст.

-Шумо инро ба он хотир мегӯед, ки дар интихоби охир академик нашудед?

-Не. Академик шудану нашудани ман ба пешрафти илм дахл надорад.

-Аммо ба рӯҳияи шумо таъсир мегузорад…

-Бетаъсир буда наметавонад. Нафароне буданд, ки баъди мағлуб шудан бемор шуданд, корро партофта рафтанд, аммо чӣ тавре мебинед, ман сари кор ҳастам. Аз рӯйи мантиқ ҷоиза ва унвонро бояд диҳанд, аммо дар мо онро мегиранд. Ва барои ин воситаҳои гуногун мавҷуд аст ва шева сол аз сол дигар мешавад. Ман одати давидану талош кардан надорам.  Дар интихоботи охири АИ ҳам дар пеши чашми худамон ноҳақӣ шуд.  Аз 11 нафар овоздиҳанда 1 бюллетен гум шудаву 2  бюллетен ботил баромад. Худатон хулоса бароред, ки наход академик овоз дода натавонад?!

-Барои шумо академик шудан муҳим аст?

-На он қадар. Ман пеш аз он ва ҳоло ҳам кори худамро мекардаму мекунам.

-Боз худро пешбарӣ мекунед?

-Не!

-Айни ҳол ба чӣ кор машғулед?

-Чандин соли охир ба омӯзиши Хайём машғулам. Махсусан ба мушаххас намудани рубоиёти аслии ӯ. Дар ин масъала зиёда аз 40 нафар кор кардаанд, аммо муваффақ нашудаанд. Ман низ талош кардам, то аз рӯйи принсипҳои ҷомеъ ин корро ба анҷом расонам. Бахши аввали китобро, ки ба ҳаёту эҷодиёти Хайём рабт дошт, навишта ба охир расонидам. Қисмати муайян кардани рубоиёти асл, аз миёни зиёда аз 5000 рубоӣ низ дар ҳоли ба охиррасист. Худо хоҳад, ба наздикӣ ин китоб дастраси хонанда хоҳад шуд.

-70-и умрро дар кадом рӯҳияи истиқбол кардед?

-Чӣ тавр ба 70 расидам, нафаҳмида мондам. Аммо гумон мекунам, ки беҳуда назистам.

-Саломат бошед ва мавлудатон муборак!

Мусоҳиб

Одили Нозир

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply