Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон озмун эълон мекунад

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявиро барои таҳияи асарҳои беҳтарин эълон намуд.

Тавре аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи озмун эҷоди шеърҳо, ҳикояҳо, очеркҳо ва асарҳои саҳнавии нави баландғояи ватандӯстона, тараннуми дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллӣ мебошад.

Дар озмун шоирон, нависандагон, драматургон, очеркнависон иштирок менамоянд.

Ҷамъбасти озмун дар арафаи таҷлили Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат мегирад.

Тибқи муқаррароти озмун, шеър аз 150 сатр, хикоя, очерк ва асарҳои саҳнавӣ аз 15 саҳифаи А-4 (фосилаи байни сатрҳо 1, шрифт Palatino Linotype) бояд зиёд набошанд.

Барои ғолибони ҷойи аввал (барои шеър, ҳикоя, драма, очерк) – 3 000 сомонӣ, ғолибони ҷойи дуюм (барои шеър, ҳикоя, драма, очерк) – 2 500 сомонӣ ва сеюм (барои шеър, ҳикоя, драма, очерк) – 2 000 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, қабули асарҳо то 15 августи соли 2019 идома меёбад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply