• Mardon
  • 18.04.2019
  • 5

Кайҳоннаварди тоҷик: чаро ӯро ҷаҳон эътироф карду Тоҷикистон не?

Дар бораи кайҳонварди аввалин Юрий Гагарин зиёд хондаему медонем, аммо кам касон маълумот доранд, ки баъди 37 соли ин, 23 январи соли 1998 ҳаммиллати мо Солиҷон Шарифов бо киштии «Индевор STS-89» ба кайҳон парвоз кард ва сафари ӯ 8 рӯзу 19 соату 46 даққиқа идома ёфт.

 Бори дувум бошад, соли 2004 Солиҷон  192 рӯзу 19 соату 2 дақиқа дар кайҳон буд, ки аз ин 10 соати онро ӯ дар фазои боз сипарӣ намуд. Дар ин сафар Солиҷонро ҳамеша байрақи Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекард…

Аз пайи як акс

Чандин сол аст, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва шабакаҳои мухталифи интернетӣ аксе чарх мезанад, ки дар он Қаҳрамони Русия, кайҳоннавард Солиҷон Шарифов дар даст Парчами Тоҷикистон дар дохили киштии кайҳонӣ қарор дорад. Ағлаби корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин аксро фотошоп арзёбӣ мекунанд ва касе бовар надорад, ки ин кайҳоннаварди рус, ки дар Қирғизистон валодат ёфтаву дар маълумотҳои расмӣ миллаташ ӯзбек нишон дода шудааст, ба кайҳон Парчами Тоҷикистонро бурда бошад.

Ин акс чандин сол аст, ки диққати муаллифи ин сатрҳоро низ ҷалб кардааст ва банда қарор додам, ки доир ба кӣ будани Солиҷон Шарифов маълумот ҷамъ оварам. Маълумот дар бораи ин кайҳоннавард зиёд аст, аммо барои ман дарёфти ҳақиқати як нукта муҳим буд: «Солиҷон Шарифов кист?»

АЗ НАҚЛИ СОЛИҶОН ШАРИФОВ: «Ман 24 августи соли 1964 дар шаҳри Узгени вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон таваллуд шудаам.  Дар шаҳре, ки ман зода шудаам, миллатҳои мухталиф зиндагӣ мекунанд: уйғурҳо, тоҷикон, ӯзбекон ва қирғизҳо, аммо дар шиносномаи аксарият миллаташон «ӯзбек» нишон дода шудааст, аз ҷумла дар шиносномаи авлоди мо. Бобои ман дар Тоҷикистон зода шудаву ба воя расидааст ва миллаташ тоҷик мебошад. Солҳои ҷавонии бобоям Узген маркази тиҷорат буд ва ӯ бештар дар ин шаҳр кору зиндагӣ мекард. Маҳз дар ҳамин ҷо ӯ бо бибиям, ки миллаташ ӯзбек аст, оиладор шуд ва дар ҳамин шаҳр падари ман ва бародарону хоҳаронаш зода шуда,  ба воя расиданд. Гарчанде дар шиноснома авлоди мо «ӯзбек» буд, аммо ҳама бо забони тоҷикӣ ҳарф мезадем ва худро тоҷик медонистем.

Дар асл, дар замони шӯравӣ кӣ ба кадом миллат тааллуқ дорад, моҳият надошт ва мо ҳам зери  таъсири тарбияи интернатсионалистӣ ба воя расидем.

Яъне,  ман дар Қирғизистон зода шудам, мактаби русиро хатм кардам, дар Шарқи Дур хизмати аскариро ба ҷо овардам, ҳавонавардиро дар Украина омӯхтам, айни замон шаҳрванди Русия ҳастам. Ман лётчик-космонавти Русия, Қаҳрамони Русия ва Қаҳрамони Ҷумҳурии Қирғизистон мебошам»…

Роҳи кайҳон

Солиҷон аз кӯдакӣ орзуи ҳавонавард шуданро дошт. Дар яке аз мусоҳибаҳояш мегӯяд: «Каме дуртар аз хонаи мо тайёраи АН-2 ё ба қавле «кукурузник»-ҳо парвоз мекарданд. Аз ҳамин ҷо меҳри идора кардани тайёра дар дили ман пайдо шуд. Ҳамин тавр, аз синни 6-7- солагӣ ман худро рӯҳан барои ин пеша омода менамудам. Баъд аз он ки  дар мактаб таҳсил мекардам ва каме дар бораи ҳавонавардӣ маълумот пайдо кардам, қарор додам, ки лётчики ҳарбӣ шавам. Чун дар қалбам орзуи кайҳоннавард шудан пайдо шуд, қарор додам, ки лётчик-ҳамлагар (летчик-истребитель) шавам, зеро кайҳоннавардонро бештар аз ҳамин соҳа интихоб мекарданд».

Кайҳоннавард Солиҷон Шарифов бо сарояндаи маъруф Ҷӯрабек Муродов

Ҳамин тавр, орзуҳои кӯдакӣ Солиҷонро ба Омӯзишгоҳи олии авиатсияи ҳарбии шаҳри Харков овард, ки онро бо сари баланд хатм кард. Муддате дар полки ҳавоӣ сарнишинӣ кард ва баъдан ба  сардори маркази тайёрии кайҳоннавардон Владимир Шаталов ариза навишт, то ки номи ӯро ба рӯйхати номзадҳо ба отряди кайҳоннавардон ворид кунанд.

«Дере нагузашта маро даъват карданд ва ман душвортарин талаботро иҷро карда, билохира соли 1990 ба отряди кайҳоннавардон ҳамроҳ шудам. Он замон 27 — сола будам», — қадамҳои нахустини худро ба ёд меорад Солиҷон Шарифов.

Парвози нахустин

 Баъд аз он ки Солиҷон Шарифов ба отряди кайҳоннавардони Маркази омодагии кайҳоннавардони ба номи Ю. А. Гагарин гузашт, душвориҳо оғоз шуданд. Дар ин давра омодагиҳо барои парвози силсилаи киштиҳои кайҳонии «Союз ТМ» ва истгоҳи “Мир”  идома доштанд. Солиҷон курси омодагии командири киштиро дар ин ҷо гузашт ва дар баробари ин факултаи «Аэрокосмоэкология»  -и Академияи давлатии нафту газро бо ихтисоси «Коркарди  амиқи материалҳои  аэрокосмоэкологӣ» хатм кард. 

Тобистони соли 1997 билохира заҳмату талоши ӯ самар оварданд ва ӯро ба ИМА барои омодагӣ ба парвоз дар силсилаи  киштиҳои амрикоии «Space Shuttle» фиристоданд.

22 январи соли 1998 аввалин парвози Солиҷон тариқи киштии кайҳонии«Endeavour» сурат гирифт, ки он то 31 январи соли 1998 идома ёфт. Ин сафари кӯтоҳ, аммо барои Солиҷон муҳим буд, зеро вай супориши муҳимеро иҷро кард, ки баъдан барои парвози дарозмуддати киштиҳои стансияи  «Мир»-и Русия мусоидат кард.

«Парвози нахустин барои ман туҳфаи сарнавишт буд. Ним сол қабл аз парвоз амрикоиҳо барои намояндаи Русия як ҷой ҷудо карданд. Аммо талаботи ҳатмӣ донистани забони англисӣ буд. Хушбахтона, аз байни 5 номзад, ки миёнашон Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ ҳам буданд, ман интихоб шудам»- мегӯяд, Солиҷон Шарифов.

Ним сол дар фазои боз

Баъди парвози нахустин қарор буд, ки парвози дувуми ӯ соли 2001 сурат гирад, аммо як моҳ қабл аз амалӣ шудани ин амр ин қарор бекор карда шуд. Баъди ин Солиҷон Шарифовро ба ҳайати гурӯҳи дигар шомил карданд, аммо ӯро мебист тамоми раванди омодагиро аз сари нав гузарад, зиёда аз сад имтиҳон супорад ва тамринҳои вазнинро пушти сар намояд.

Ҳамин тавр, парвози дувуми Солиҷон Шарифов соли 2005 сурат гирифт. Ин парвоз ниҳоят душвор ва муҳим буд, зеро он зиёда аз ним сол идома меёфт ва дар давоми ин муҳлат кайҳоннавардон бояд 2 маротиба аз киштӣ ба фазои кайҳони боз мебаромаданд.

 «Парвози дувуми ман ниҳоят сангин буд. Илова бар ин, мо ба ҳолати ногувор афтодем, киштии боркашоние, ки барои мо бояд хӯрок ва дигар лавозимот меовард, бо сабаби ба экипажи қабл аз мо омада кумак карданаш, аз мо дур шуд. Баъди ду ҳафтаи парвози он барои мо рӯзҳои душвор шурӯъ шуданд, хӯрокамон ба охир мерасид. Бинобар ин мо реҷа ҷорӣ намудем: дар як рӯз барои ҳар як аъзои экипаж як қуттии хурди консерва медодем. Ин реҷа ду моҳ идома кард, то он даме ки киштии боркашон омад. Аммо бо вуҷуди омадани киштӣ вазъи саломатии  мо тағйир ёфта буд, зеро агар аз рӯйи меъёр хӯрок хӯрем, худро бад ҳис мекардем»,- ба ёд меорад он рӯзҳои душворро Солиҷон Шарифов.

Аммо устуворӣ ва ҷасорати аъзои ин экипаж сабаб шуд, ки душвориҳоро пушти сар кунанд, вагарна, ҳар рӯз имкон дошт, ки онҳоро дастур бидиҳанд, ки амалиётро ба охир нарасонида, ба замин баргарданд.

Худи ӯ он лаҳзаҳоро чунин ёд мекунад:

«Мо тоқат мекардем, то ки моро барнагардонанд. Ҳатто як маротиба ҳоҷатхонаамон шикаст ва моро зарур омад, ки онро аз нав дуруст кунем, гарчанде баъзе қисматҳояш намерсиданд, аммо мо онро ихтироъ ҳам кардем, зеро дар кайҳоннавардӣ ҳатто одитарин чиз сабаб шуда метавонад, ки амалиёт ба анҷом нарасида, қатъ карда шавад».

Аммо экипаже, ки Солиҷон Шарифов аъзои он буд, аз уҳдаи супориши ба дӯшдоштаашон баромаданд: аз рӯйи нақша ду маротиба барои экспедитсия аз киштӣ ба фазои боз баромаданд ва дар кайҳон, зиёда аз 50 таҷрибаи тиббӣ, астро ва геофизикӣ, биотехнологӣ ва ғайра гузарониданд.

Туққумшулук дар кайҳон

Инак, чанд нуктаи ҷолибро аз мусоҳибаҳои Солиҷон Шарифов меорем, ки то чӣ андоза душвор ва нозук будани кори кайҳоннавардонро бозгӯ мекунад:

Мо зимни таҷрибаҳои илмӣ дар кайҳон туққумшулук (улитка) парвариш мекардем. Вақте норасоии маҳсулоти хӯрока шурӯъ шуд, хислати ҳамаамон тағйир ёфт. Инсони гуруснаро одати аҷибе ёр мешудааст, ҳамарӯза хӯрокаро ҳисоб мекардем, ки касе пинҳонӣ нахӯрад. Ман бошам, ҳар рӯз туққумшулукҳоро ҳисоб мекардам, то ки яке аз ҳамроҳонамон, ки амрикоии хитоинажод буд, онҳоро нахӯрда бошад.

***

Кор дар фазои боз ҳамагӣ 5-6 соат давом кунад ҳам, омодагӣ ба он қариб 20 соат идома меёбад. Ин бисёр ҷолиб аст, вақте аз киштӣ берун мешавӣ. Ҳиссиёти одам тағйир меёбад. Зеро вақте дар дохили киштӣ ҳастӣ, худатро амнтар эҳсос мекунӣ, аммо вақте ба фазои боз мебароӣ, одамро тарс фаро мегирад.  Зеро як ҳаракати одӣ метавонд, туро аз васлак канда кунад ва ту аз экипаж ҷудо шуда, ба спутники сунъӣ мубаддал шавӣ. Ин эҳсосро бо сухан тасвир карда намешавад.

 ***

Омодагии қабл аз парвоз ниҳоят душвор аст, аммо барқарор шудан баъди он ҳам осон нест. Баъди фаромадан ба замин аз 6 моҳ то 3 сол зарур аст, ки организми кайҳоннавард барқарор шавад. Шахс дар кайҳон калтсии зиёдеро масраф мекунад, бинобар ин баъди фаромадан ба замин устухонҳо хеле ҳассос мешаванд. Ҳолатҳое ҳам шудааст, ки бачаҳо баъди парвоз дар вақти пӯшидани ҷӯроб ангушти пояшонро ҳам шикастаанд…

Дар орзуи Тоҷикистон

Полковник Солиҷон Шарифов айни замон ба тарбияи кайҳоннавардони ҷавон машғул аст.

Солиҷон Шарифов ҳамроҳи скрипканавоз Ноҳид Зайналпур

Дар мавриди парвози сеюм ба кайҳон бошад, мегӯяд:

«Омодагӣ ба парвоз ниҳоят душвор аст. Дар ин давра инсон бояд худашро пурра ба кор бахшад ва оиларо фаромӯш кунад. Бинобар ин, фикр мекунам, ки барои ман ду парвоз кифоя аст. Акнун бояд ҷавонҳоро тарбия кард»

 Оилаи Солиҷон Шарифов оилаи тоҷикона аст, ҳамсараш Насиба иқтисодчист ва ҳамроҳаш кор мекунад. Духтараш Нигора ва писараш Ҷаҳонгир хатмкардаҳои МГИМО буда, ҳар яке машғули зиндагии худ…

Омадан ба Тоҷикистон орзуи деринаи кайҳоннавард аст. Ӯ мегӯяд:

«То соли 1982 мо ба Тоҷикистон зиёд мерафтем. Хешовандони мо дар Истаравшан ва Хуҷанд зиндагӣ мекунанд. Ҳеҷ гоҳ кӯчаҳои танги ин ду шаҳри қадимиро фаромӯш намекунам, зеро маҳз дар ҳамин ҷо ман бори аввал ошиқ шуда будам, ошиқи як духтараки тоҷик…»

Парчами Тоҷикистон дар кайҳон

Муаммои тоҷик будан ё набудани Солиҷон Шарифовро кушодем ва то андозае дар бораи ӯ маълумот ҳам пайдо кардем. Акнун биём ба сари мақсади аслӣ: «Оё Парчами Тоҷикистон ба кайҳон рафтааст?»

АЗ НАҚЛИ СОЛИҶОН ШАРИФОВ: «Бале, Парчами Тоҷикистон ҳамроҳи ман дар кайҳон буд. Ман ба хотири шод кардани рӯҳи бобоям ва эҳтиром ба миллатам Парчами Тоҷикистонро ҳамроҳам ба кайҳон бурдам. Онро барои ман дӯстони тоҷикистониам туҳфа карда буданд.

Дар баробари Парчами Тоҷикистон, чун рамзи эҳтиром ба зодгоҳам Парчами Қирғизистонро ҳам гирифта будам, ки онро ба Президенти Қирғизистон туҳфа кардам, ки ҳоло дар Осорхонаи миллии Қирғизистон маҳфуз аст. Аммо Парчами Тоҷикистон ҳанӯз ҳам бо ман аст ва ман орзу дорам, ки онро ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорам».  

Ин нукта аз мусоҳибаи Солиҷон Шарифов аст, ки соли 2011 дар маҷаллаи «VIPzone»-и Тоҷикистон ба нашр расидааст, аммо тавре мебинем ягон нафар аз давлатмардони кишвари мо то имрӯз барои даъват кардани ин кайҳоннавард ба Тоҷикистон кӯшиш накардааст, чӣ расад ба ордену медал ва қадрдонӣ.

Ҳол он ки дар Тоҷикистон даҳҳо кӯча ба номи кайҳоннавардони рус Гагарин ва Терешкова аст…

Ҷӯрабек Муродов: «Солиҷон бояд қадрдонӣ шавад!»

Бо вуҷуди ин қадрношиносӣ Солиҷон Шарифов мекӯшад, ки бетамаъ бо тоҷикон алоқаи дӯстӣ барқарор кунад ва дар чорабиниҳои онон дар шаҳри Маскав ширкат намояд.

Ноҳид Зайналпур, скрипканавози тоҷик, ки феълан дар Маскав аст, мегӯяд:

«Дар яке аз чорабиниҳои Ҷамъияти тоҷикони Русия дар шаҳри Москва шарафёб шудам, ки бо Солиҷон-ако шиносоӣ пайдо кунам. Ӯ ошиқи Тоҷикистон ва дӯстдори тоҷикон аст. Дар чорабиниҳо ширкат мекунад ва доир ба фарҳанги тоҷикон бо меҳру муҳаббат ҳарф мезанад»…

Артисти халқии СССР устод Ҷӯрабек Муродов низ бо Солиҷон Шарифов робитаи дӯстӣ дорад ва афсӯс мехӯрад, ки ӯ аз ҷониби Тоҷикистон қадрдонӣ нашуд:

«Солиҷон бародари ман аст. Ӯ ҳамроҳи худ ба кайҳон дар баробари Парчами Тоҷикистон суруди ман «Дар фазо парвоз кардам»-ро ҳам бурда буд. Ман ҳар гоҳ, ки ба Маскав равам, ҳатман бо ӯ вомехӯрам. Айни замон Солиҷонро ҳама қадрдонӣ карданд, ӯ Қаҳрамони Русия ва Қирғизистон аст, Ӯзбекистон низ ба ӯ орден дод, аммо Тоҷикистон не. Ман фикр мекунам, ки ӯ бояд аз ҷониби Тоҷикистон сазовор қадрдонӣ шавад ва пешниҳод мекунам, ки ӯ бо ягон унвони баланди давлатӣ сазовор гардад»-мегӯяд устод Ҷӯрабек Муродов.

Воқеан, соли 2005 ҳукумати Русия Солиҷонро бо унвони олии ин кишвар – Қаҳрамони Русия, Ҷумҳуриии Қирғизистон низ бо унвони олии Қаҳрамони Қирғизистон ва Ӯзбекистон бо Ордени Амир Темур қадрдонӣ карданд, дар ин кишварҳо ба номи ӯ кӯча ва мактабҳо гузошта шудаанд.

Тоҷикистон бошад, Солиҷон Шарифове, ки парчамашро ба кайҳон баровард, ӯро ҳатто даъват накард, ки  орзуи худро ҷомаи амал пӯшонад ва Парчами Тоҷикистонро ба Осорхонаи миллӣ супорад.

Худ қазоват кунед, ки мо чӣ мардуме ҳастем?

Одил Нозир,

Нашрияи «Тоҷикистон» 

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Ашурова:

    Бале дуруст аст бояд ин кахрамони хакики кадрдони шавад ва Точикистониён уро шиносанд Вакте ки дар шахри Альметьевск дар як туйи точики кигизизистони иштирок кард мо фахмидем ки миллати мо низ кайхоннавард дорад ин ифтихор аст

  • Дохунда:

    Статьяи оличаноб

  • Фирӯз:

    пас, чаро қирғизро тоҷик ном барем?

  • فیضالدین:

    Соличон Шарифов арзандаи унвони кахрамони Милли Точикистон буда,кушиш кардан лозим аст,ки уро ба Точикистон даьват бикунанд…

  • бобочон:

    дар мо аз шаш нафар зиёд кахрамон мумкин нест мувозинат вайрон мешавад

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner