Кал додари кӯр…Яке ғоратгару дигаре танфурӯш…

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Суди ноҳияи Автозаводскийи шаҳри Толятти шаҳрванди 27-солаи Ӯзбекистон Фахриддин Т.-ро бо ҷурми ғоратгарӣ ба якуним соли зиндон маҳкум кард.

Тафтишот мегӯяд, Фахриддин моҳи январ аз сомонаи «Проститутки Тольятти” танфурӯши тоҷик Д.-ро киро карда, ба манзили ӯ меояд. Дар инҷо Фахриддин бо таҳдиду зӯрӣ 10 ҳазор рубл ва телефони Д.-ро ба ғорат бурдааст. Ӯ дар додгоҳ гуфт, қасди ғорат надошт, балки аз хидмати танфурӯш норозӣ буду пули худашро талаб карда гирифт ва ин духтарро фақат насиҳат кард, ки чаро мусалмон асту танфурӯшӣ мекунад?

Додгоҳи ноҳияи Автозаводскийи шаҳри Толяттии Русия Фахриддин Т., шаҳрванди 27-солаи Ӯзбекистонро бо ҷурми ғоратгарӣ бо истифода аз олате, ки ҳамчун силоҳ истифода шудааст бар асоси қисми дуюми моддаи 182-юми Кодекси ҷиноятии Русия ба як солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Ин ҳукм ҳанӯз ба иҷро надаромадааст ва Фахриддин ва адвокаташ метавонанд аз он ба додгоҳи шаҳрӣ шикоят баранд.

Фахриддин ба ғорати пул ва телефони як зани танфурӯш гунаҳкор дониста шудааст. Тафтишот мегӯяд, ки ин муҳоҷири ӯзбекистонӣ соати шаши субҳи 31 январи соли 2018 дар як мағозаи шабонарӯзӣ дар кӯчаи Юбилейнаяи шаҳри Толятти бо як рафиқаш машрубот нӯшида, баъди тамом шудани пулаш дар фикри аз ягон ҷо пайдо кардани пул мешавад.

Фахриддин аз телефони мобилаш вориди сомонаи «Проститутки Тольятти” шуда, аз байни 133 зани сабукпо дар ин сомона Д. ном танфурӯшеро, ки аз Тоҷикистон ба Толятти омада буд, интихоб ва бо ӯ тавассути телефон қарордод мекунад. Фахриддин ҳамон субҳи барвақти 31 январ ба хонаи Д., ки дар кӯчаи Тополиная воқеъ буд, меояд.

Баробари даромадан ӯ аз танфурӯш хост, ки барояш чизе барои нӯшидан бидиҳад. Вақте Д. ба сӯи ошхона рафт, Фахриддин дарро баста, калидро гирифт ва сипас аз паси соҳиби хона ба ошхона рафта, аз ӯ пул талаб кард. Фахриддин аз ҷевони ошхона кордро гирифта, гоҳ ба гулӯ ва гоҳ ба гардани ӯ мемонд ва таҳдид мекард, ки «Даматро гир, вагарна чокат мекунам! Ман алакай чор духтарро чок кардам, ту панҷум мешавӣ!” Ӯ ҳатто ба зани фоҳиша пешниҳод мекунад, ки видеои чӣ гуна чор касро куштанашро дар телефони ӯ тамошо кунад.

Д., ки мегуфт, пул надорад, аз ин таҳдидҳо сахт тарсида, 10 ҳазор рубли доштаашро ба ғоратгар медиҳад. Фахриддин ҳамчунин телефони Д.-ро, ки тамғааш «Samsung Galaxy A5” ва арзишаш 23 ҳазор рубл будааст, ба яғмо бурд.

Д. дар додгоҳ гуфт, он 10 ҳазор рубл пули иҷораи хонааш буд, ки ҷавони дӯстдоштааш ба дасти ӯ дода, худаш коркунӣ ба Қазоқистон рафта буд. Д. ҳамчунин гуфтааст, ки аз Тоҷикистон асту ду фарзанд дорад ва як фарзандаш бемор аст ва ба ҳамин далел, ӯ маҷбур шуд, ки ҳамроҳи дугонааш дар Толятти ба танфурӯшӣ машғул шавад.

Аммо ин моҷаро аз забони Фахриддин дар додгоҳ бо ранги комилан дигар тасвир шуд. Ӯ гуфт, пеши зани фоҳиша барои кайфу роҳат омада буд, вале аз сифати хидматрасониаш дар ивази 2000 рубл норозӣ монд. Болои ин, гуфт Фахриддин, алоқаи ҷинсии онҳо бидуни презерватив сурат гирифт ва ӯ тарсид, ки мабодо аз ин зани танфурӯш беморие ба вай сироят кунад.

Фахриддин мегӯяд, Д.-ро насиҳат ҳам кардааст, ки чаро як духтари мусалмон танфурӯшӣ мекунад? Ба гуфтаи Фахриддин, ӯ ягон ғоратгарӣ накардааст ва телефони Д.-ро барои он гирифт, ки рақамҳояшро кӯр кунад.

Вале додгоҳ ин ваҷҳҳои Фахриддинро напазируфт ва ӯро гунаҳкор шинохт. Ӯ акнун якуним солро дар зиндон ба сар хоҳад бурд ва ҳамчунин муваззаф карда шуд, ки ба ҷабрдида 10 ҳазор рублашро баргардонад. Телефони Д.-ро, ки Фахриддин барои фурӯш ба ломбард супурда буд, бо ҳукми додгоҳ ба ӯ баргардонданд.

Дар сомонаи «Проститутки Тольятти” 133 зани сабукпо анкетаҳои худро бо рақами телефони шароит ва шурути хидматрасониҳои худ гузоштаанд. Дастикам ду нафари онҳо бо лақаби «Гуля” мебошанд. «Гуля” як лақаби роиҷи занони танфурӯш дар Тоҷикистону Ӯзбекистон аст. Ҳарду «Гуля”, тавре аз анкетаҳояшон бармеояд, ба забони русӣ зиёд балад нестанд. Яке аз онҳо аз ҷумла дар таблиғномааш навиштааст:«Я вас жду к себе гости будет весила.

Дар Русия беш аз 4 миллион муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ кору зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо барои моҳҳои тӯлонӣ аз ҳамсарони худ ҷудо меафтанд ва эҳтиёҷи физиологии ин артиши бузурги муҳоҷирон ба алоқаи ҷинсӣ як бозори бузурги танфурӯширо барои сирф қишри муҳоҷир ба вуҷуд овардааст.

Ҳар сол дар баробари артиши бузурги муҳоҷирон ҳамчунин ҳазорон зани танфурӯш низ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои пулкоркунӣ роҳи Русияро пеш мегиранд.

Алоқаҳои ҷинсии берабт муҳоҷирати кориро ба як манбаи умдаи густариши бемориҳои ҷинсӣ ва ҳатто сирояти ВИЧ – вируси ангезандаи бемории қаттоли СПИД табдил додааст.

«Ахбор»


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply