Каромат Шарифов ба Кӯлоб омад, аммо баъд куҷо шуд?

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

  Президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ Каромат Шарипов, ки бо ҳукми додгоҳ аз Русия ихроҷ шуд, шаби гузашта бо ҳавопаймои ширкати «Сибирь” ба Кӯлоб фиристода шуд.

 Дар фурудгоҳи Кӯлоб гуфтанд, ки Каромат Шарипов дар байни мусофирони ҳавопаймое буд, ки соати сеи шаб дар инҷо фуруд омад. Сарнавишти минбаъдаи ӯ маълум нест.

Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия, яке аз созмонҳои ҷамъиятие, ки Каромат Шарипов раҳбарӣ мекард, хабар дод, ки рӯзи 12 декабр, билофосила баъди эълони ҳукми додгоҳи вилояти Маскав «Каромат Шариповро аз боздоштгоҳи Егоревск дар даст завлона ва таҳти конвой ба фурудгоҳи Домодедово бурда, бо ҳавопаймои Маскав – Кӯлоб ба Тоҷикистон фиристоданд. Бояд гуфт, ки чиптаи парвози ӯ аз қабл харидорӣ шуда буд.”

Дар фурудгоҳи Кӯлоб низ дар сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор» бо ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Сибирь” омадани Каромат Шариповро тасдиқ кардаанд. Ин ҳавопаймо соати сеи шаби 13 декабр дар фурудгоҳи Кӯлоб нишаст. Аммо дар фурудгоҳ дар бораи сарнавишти минбаъдаи Каромат Шарипов баъди пойин шуданаш аз ҳавопаймо изҳори бехабарӣ мекунанд.

Додгоҳи вилояти Маскав рӯзи 12 декабр ҳукми додгоҳи шаҳри Любертси аз 30 ноябр дар мавриди ихроҷи Каромат Шарипов аз қаламрави Русияро тасдиқ кард. Додгоҳи Любертси рӯзи 30 ноябр қарор баровард, ки Каромат Шарипов ғайриқонунӣ соҳиби шаҳрвандии Русия шудааст ва ба ин далел, ӯро 5 ҳазор рубл ҷарима баста, ҳукми берун карданаш аз Русияро содир кард.

Тарафдорони Каромат Шарипов, ки ахиран президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ дар Русия буд, мегӯянд, ки ӯро барои ҳимояти гшармаш аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҷазо додаанд ва дар асл масъалаи қонунияти шаҳрвандии ӯ танҳо як баҳона аст. Онҳо мегӯянд, ки Каромат Шарипов то замони мустаъфӣ шуданаш дар сафи нирӯҳои мусаллаҳи Русия хидмат мекард ва ба ҳамин далел, соҳиби шаҳрвандии Русия шудааст ва ҳеҷ гоҳ шаҳрванди Тоҷикистон набуд.

Вакили ӯ Александра Медведева рӯзи 12 ноябр дар додгоҳи вилояти Маскав исрор варзида буд, ки ҳамсар ва ҳамаи 4 фарзанди Каромат Шарипов шаҳрвандони Русияанд ва аз ҳам ҷудо кардани аъзои як оила мухолифи Паймони аврупоии ҳуқуқи инсон аст, ки Русия ҳам зераш имзо кардааст. Вале дар иттилоияи нашршуда дар саҳифаи Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия гуфта мешавад, ки ба Каромат Шарипов пеш аз фиристоданаш ба Тоҷикистон ҳатто имкони худоҳофизӣ бо аъзои хонаводаашро надодаанд. Бино ба ин манбаъ, додраси додгоҳи вилояти Маскав гуфтааст, ки агар аъзои хонаводааш Каромат Шариповро диданӣ бошанд, аз паси ӯ ба Тоҷикистон баргарданд.

Ахбор

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply