Кароматуллоҳи Қурбонро кӣ кушт?

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Кароматуллоҳи Қурбон, аз хушномтарин овозхонҳои тоҷики асри 20, ки соли 1992, дар синни ҳамагӣ 30-солагӣ кушта шуд, агар умр вафояш мекард, имрӯз ба синни 56 мерасид. Қатли Кароматуллоҳ ва аъзои гурӯҳи ҳунарии ӯ дар тирамоҳи соли 1992 аз ҷонсӯзтарин саҳифаҳои таърихи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон шумурда мешавад.

Кароматуллоҳи Қурбон дар соли 1992, вақте кушта шуд, ҳамагӣ 30 сол дошт ва дар авҷи шӯҳрат қарор дошт.

Баъди чанд соли ҳунарнамоӣ дар гурӯҳи эстрадии «Суғдиён», ки маҳз бо шарофати Кароматуллоҳи Қурбон ва Исматуллоҳ Холов дар раддаи аввали гурӯҳҳои эстрадии солҳои 80 қарор гирифт, Кароматуллоҳи Қурбон ба ансамбли «Гулшан» — ансамбли рақами яки кишвар даъват шуд ва билофосила ба яке азгулҳои асосии ин гулшани ҳунар табдил ёфт.

Кароматуллоҳи Қурбон бо гурӯҳи ҳунариаш рӯзи 17 октябри соли 1992 ба ноҳияи Ёвон рафт, ки дар як тӯй дар деҳаи Тошохӯр хидмат кунад. Дар он шабу рӯз водии Вахш алакай дар чанги даргириҳои мусаллаҳона қарор дошт ва Кароматуллоҳро бо ваъдаи таъмини амнияти ҷону тани ӯву ҳамкасбонаш Аслонбек Нуров, мулаққаб ба «Деҳқон», як сокини бонуфузи Ёвон ба он тӯй бурда буд.

«Деҳқон» дар он даврон нафари хеле бонуфуз шинохта мешуд ва «Тойота»-и сабзи ӯ яке аз нахустин мошинҳои сохти хориҷӣ буд, ки дар канори «Жигули»-ву «Волга»-ву «Москвич»-ҳои сершумор дар ҷодаҳои Тоҷикистон як-як пайдо мешуданд.

Гурӯҳи Кароматуллоҳ дар Тошохӯр то соати чори бегоҳ ҳунарнамоӣ кард ва бо анҷоми тӯй азми бозгашт ба Душанберо дошт.

Азбаски дар роҳу ҷодаҳо гурӯҳҳои гуногуни мусаллаҳ пайдо шудаву вазъ ноором буд, бисёриҳо кӯшиш мекарданд, ки ҳанӯз то расидани шом худро ба ягон ҷои амн ва маъмулан ба хонаву дари худ бирасонанд.

Аммо Сулаймон Султонов, як сокини дигари бонуфузи ноҳияи Ёвон низ, ки мехост се писарашро хатна кунад, хеле мехост, то дар тӯйи фарзандони вай фақат ва фақат Кароматуллоҳ «хидмат» кунад. Бо вуҷуди неву нестони Кароматуллоҳи Қурбон ва аъзои дастааш, «Деҳқон» бо ҳамон ваъдаи таъмини амнияти ҷону тани онҳо дар байн даромад ва онҳоро барои хидмат даор тӯйи Сулаймон Султонов ба шаҳраки бо Тошохӯр ҳамсояи Спутник бурданд.

Тӯйи фарзандони Султонов тақрибан то соати даҳи шаб давом кард. Сипас Кароматуллоҳ бо ҳунармандонаш ба мошинҳо нишаста, ба сӯи Душанбе раҳсипор шуданд.

Онҳоро дар роҳ Сулаймон Султонов, Сафар Холов ва Сӯҳроб Носиров – ду тан аз муҳофизони «Деҳқон», барандаи тӯй журналист Таваккал Файзуллоев ҳамроҳӣ мекарданд.

Нуқра Шералиева, ҳамсари Сулаймон Султонов 10 сол пеш дар як мусоҳиба бо «Азия Плюс» аз он шаб чунин ёдоварӣ кардааст: «Он шаб баъди рафтани мошинҳо мо чанд садои тири автомату таркишро шунидем. Дигар барққро кушта, то саҳар мунтазир шиштем. Субҳ омада, гуфтанд, ки Кароматуллоҳро куштаанд. Шавҳари ман ҳам дигар он шаб барнагашт…»

Тафтишот баъдан маълум кард, ки аъзои гурӯҳи Кароматуллоҳ Қурбонов ва ҳамроҳони онҳоро ҳамон шаб дар посгоҳи Даҳана силоҳбадастон аз гурӯҳи Абдувосит Самадов, як фармондеҳи маҳаллии Фронти халқӣ, к ибо номи «Восит»маъруф буд, аз мошинҳояшон пойин кардаанд.

Силоҳбадастони маст ба раҳбарии Восит билофосила бо дашному таҳққир ба ҳунармандон дарафтодаанд, ки онҳо инҷо хун мерезанд, вале шумо тӯй ба тӯй кайфу сафо карда мегардед. Баъди каме истинтоқ ин силоҳбадастон 11 нафар, аз ҷумла Кароматуллоҳи Қурбонро дар пушти тарабхонаи «Саёҳат» сари тир карданд. Аз миёни онҳо танҳо ба як нафар – Рустам Алимов – муяссар шуд, ки фирор кунад ва худро бо азобе ба Душанбе расонда, ин фоҷиаи талхро ба мардум бирасонад.

Бино ба парвандаи № 8624, ки «Азия Плюс» аз он иқтибос кардааст, «шаби 17 ба 18 октябри соли 1992, соати тақрибан 22 фармондеҳи гурӯҳи мусаллаҳи Фронти халқии Тоҷикистон Абувосит Самадов (Восит) бо гурӯҳи худ дар ситоди воқеъ дар деҳаи Облошаки ноҳияи Ёвон қарор дошт. Онҳо қарор карданд, ки рафта, посгоҳи деҳаи Даҳанаро тафтиш кунанд. Ӯ бо ҷангиёнаш А. Урунов, А. Султонов (Красавчик), Б. Рахимов (Бек), М. Кенҷаев (Малыш), М. Назаров (Махсуми Мадӣ), дар маҷмӯъ 14 нафар ба посгоҳ омаданд, ки гӯё ба фармондеҳи гвардияи худмуҳофизатии ноҳияи Ёвон Файзихон Холов ёрӣ расонанд. Дар ин посгоҳ боз 15 узви Гвардия қарор доштанд. Ҳамчунин дар вагончаи ҳамсоя кормандони ШКД ноҳияи Ёвон — 4 нафар – навбатдорӣ мекарданд. То омадани гурӯҳи Восит милиса алакай маст буданд, чунки дар наздикӣ тарабхона буд. Восит ва фармондеҳи гвардия Холов низ ба вагонча даромада, ба нӯшидан сар карданд. . Соати тақрибан 23 ба ин посгоҳ ду мошин омад: ВАЗ 21-06, рақами давлатиаш 0 05-47 ДБ, ки онро С. Султонов идора мекард, И. Ҳайдаров ва С. Холов ҳам буданд, ҳамчунин мошини УАЗ 3303, рақами давлатиаш 26-92 ДБЛ, ки дар он К. Қурбонов, бародари хурдиаш Н. Қурбонов, навозандагон Ф. Низомутдинов, А. Сафоев, Б. Бобоҷонов, Р. Алимов (коргардони садо), Д. Комилова (раққоса), ронанда Ҷ. Бобоёров ва гуселкунандаҳо С. Носиров ва Т. Файзуллoев буданд.»

РЕПОРТАЖ АЗ МАҲАЛЛИ ҚАТЛИ КАРОМАТУЛЛОҲИ ҚУРБОН

Мошинҳоро ибтидо кормандони милиса тафтиш карда, иҷозат доданд, ки ба роҳашон идома диҳанд. Мошини «Жигули», ки барои то марзи ноҳияи Рӯдакӣ гусел кардани хонандагони тӯяшон омада буд, ҳатто ба ақиб баргашт. Вале дар ҳамин лаҳза, Воситу Файзихон Холов аз вагонча баромада, мастомаст амр карданд, ки мошинҳо манъ кунанд. Восит ба ҳаво тир андохт ва фармон дод, ки ҳама аз мошинҳо пойин шаванд. Соҳиби тӯй Сулаймон Султонов чунин ранг гирифтани корро дида, боз қафо ба посгоҳ баргашт ва ӯ ҳам бо додараш дастгир шуд. Раққосаи Кароматуллоҳро ба як мошини «боевик» -ҳо шинонданд ва бақияро иҳота карданд.

Восит бо қаҳр гуфт, ки «мо инҷо чанг мекунему шумо тӯй ба тӯй мегардед?» Ва сипас бо туфанча ба рӯи Кароматуллоҳ тир зад. Восит ҳамин тавр то тамом шудани тирҳои туфангчааш ҳунармандони бечораро парронд ва сипас ба нафаронаш фармон дод, ки ҳамаи боқимондаҳоро низ бикушанд.

«Азия Плюс» аз қавли Рустам Алимов, танҳо узви гурӯҳи Кароматуллоҳ, ки он шаби пурфоҷиа ҷон ба саломат бурд, менависад: «Болои ҷасадҳои ба замин афтода боз ҳам тир холӣ мекарданд. Сипас «боевик»-ҳо ба мошини соҳиби тӯй Сулаймон Султонов наздик шуданд. Ӯ мехост Воситро ором кунад, мегуфт, ким ан бачаи ҳаминҷоям. Вале ин ба «боевик»-ҷо таъсир надошт ва ҳарсеро куштанд. Сипас навбати раққоса расид. Ӯро «боевик» бо лақаби «Малиш» 15 метр дуртар бур два аз Калашников ду тираш зад.»

Баъди куштор ҷангиён пулу молҳои қиматбаҳои кушташудаҳоро ғорат карда, ҷасадҳоро ба як мошини боркаши «ГАЗ-59» бор карданд. Восит фармон дод, то ҷои кушторро чунон пок кунанд, ки изе намонад. Барои ин ҳатто маҷрои ҷӯйборро ба тарафи посгоҳ рост карданд.

Рӯзи 18 октябр, вақте хешу табори Кароматуллоҳи Қурбон ва Сулаймон Султонов ба посгоҳи Даҳана омаданд, касе иқрор накард, ки онҳоро куштаанд. Ҷасадҳоро танҳо шоми 18 октябр аз ҳудуди ҷамоати Озодӣ пайдо карданд.

Дар пайи ин куштори пурсарусадо нирӯҳои мухолифин, ки он вақт Душанбе ва як қисми водии Вахшро таҳти назорат доштанд, барои таъқиби қотилони Кароматуллоҳи Қурбон ба Ёвон ҳамла карданд. Дар ин амалиёт Восит ва чанд тан аз ҷангиёнаш ва ҳамчун «Деҳқон», ки таъмини амнияти гурӯҳи Кароматуллоҳро ба дӯш гирифта, онҳоро ба Ёвон бурда буд, кушта шуданд.

Аз ҷамъи даҳҳо нафаре, ки дар он шаби наҳс дар куштори ҳунарманди маъруфи тоҷик ширкат доштанд, танҳо парвандаи 8 нафар то ба додгоҳ расид. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 18 декабри соли 19995 бо ҷурми даст доштан дар қатли Кароматуллоҳи Қурбон ва 10 тан аз ҳамроҳони ӯ ду нафар – Д.Қурбонов ва Ҳ.Солиевро ба 12 сол, дуи дигар – Кавраков ва Мавлоновро ба 5 сол ва М.Кенҷаев, мулаққаб ба «Малиш»-ро ба қатл маҳкум кард. Се нафари дигар – Урунов, Ҷӯрахонов ва Ашӯров барои «хидматҳояшон дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ» мавриди афв қарор гирифта, аз толори додгоҳ озод карда шуданд.

Ҳоло ҳарду фарзанди Кароматуллоҳи Қурбон – Муҳаммадрофеъ ва Нозияи Кароматуллоҳ – ба камол расидаанд ва роҳи падари ҷавонмаргашонро пеш гирифтаанд. Муҳаммадрофеъ ва Нозия имрӯз аз ситораҳои матраҳи эстрадаи тоҷик эътироф мешаванд. Мухлисон мегӯянд, бахусус Муҳаммадрофеъ ҳам ба ба сурат ва ҳам ба сабки хонандагӣ хеле ба падараш мемонад.

Бознашр аз Ахбор


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply