Келинчаки панҷакентӣ: 4 сол шуд дар хонаи шавҳар бокираам (аудио)

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

 

“Аз тӯямон 4 сол гузашт, вале ман ҳанӯз бокираам” мегӯяд қаҳрамони мо.

Бознашр аз «Оила»

Салом «Оила»и азиз. Ман мухлиси ҳамешагият ҳастам. Исмам Шаҳло, зода ва истиқоматкунандаи Панҷакент мебошам. Маро мушкилии хонаводагиям маҷбур сохт, ки коғазу қалам ба даст гираму диламро холӣ кунам.

Қонунҳои нонавиштаи деҳот

Зиндагии мардуми куҳистон  қоидаҳои худро дорад, хусусан масъалаи хонадоршавӣ дар байни мардуми деҳот масъалаи  хеле нозук аст ва духтарони деҳотӣ  баъди ба шавҳар баромадан ба хотири бахт ба душвориҳои сахт тоқат мекунанд, аммо…

Фарҳоду Ширин

4- сол пеш бо ҷавоне, ки дӯсташ медоштаму ошиқи зораш будам, хонадор шудам. Мо то рӯзи тӯй тариқи телефон гап мезадем ва мудом аз аҳволи ҳамдигар пурсон мешудем. Ӯ маро  зиёд дӯст медошт ва ҳеҷ гоҳ ғамгин шудан намегузошт. Пеши худ мақсад гузоштам, ки хондагӣ набошад ҳам, ба Маҳмуд ба шавҳар мебароям ва агар падару модарам зид бароянд, ҳамроҳи ошиқам аз деҳа фирор мекунем…

Бахти нимкола

 Хушбахтона, падарам “ҳамқавму ҳамдеҳа”  гуфта, хостгории Маҳмудро хуш пазируфт ва барои хушбахт шудани мо фотиҳа дод. Он рӯз ман худро хушбахттарин духтари дунё меҳисобидам, аммо…

Ҳамон сол ман Донишгоҳи омӯзгориро хатм намудам ва баробари диплом гирифтанам тӯйи ману Маҳмуд барпо гашт. Бо либоси сафеди арӯсӣ ва қалби моломоли орзуҳои ширин ба хонаи бахтам қадам ниҳодам, вале чашидани шаҳди висол ба ман муяссар нагашт. Маҳмуди ошиқи шайдо на шаби аввал ва на шабҳои дигар майли ба ман наздик шудан накард…

Марди зангурез

Бо гумони он ки шояд шавҳарам бемор аст, то баромадани чиллаи арӯсиам лаб зери дандон гирифта дар ин бора даҳон намекушодам. Ҳамин тавр аз тӯямон чанд моҳ гузашт, вале Маҳмуд ҳамоно дилу нияти ба ман наздик шудан надошт ва бо ҳар баҳона аз ҷогаҳ мегурехт. Шавҳарам бар замми дар бистар сард буданаш дар ягон ҷо кор намекард ва рӯзи дароз пояшро болои по монда хоб мерафт. Ман гӯё шавҳар нею зан гирифта бошам, дар мактаби деҳа муаллима шуда кор мекардам ва аробаи зиндагиро ба танҳоӣ мекашидам. Ҳастиамро пурра ба кор бахшида, кӯшиш мекардам, ки дар бораи зиндагии нобасомон ва бе рангам фикр накунам, вале саволҳои пай дар пайи хешу табор дар бораи он ки чаро фарзанддор нашуда истодаем, захми диламро хуншор мекарданд…

Гирдоби зиндагӣ

Шавҳарам баъди як сол гӯё бо нияти коркунӣ ба Русия рафт, вале бо ҳамин беному нишон шуд. Вай на як тин пул мефиристод ва на занг зада ҳолу аҳволи маро мепурсид. Модарам мегуфтанд, ки шояд ба шавҳарат ҷин ёр шуда бошад, чунки яку-якбора аз зан ва зиндагӣ дилсард гаштани мард номумкин аст. Ман метавонистам ҳамон вақт аз баҳри чунин ҳаёти бемаънӣ гузашта баромада равам, вале азбаски Маҳмудро аз сидқи дил дӯст медоштам, ба ҳамааш тоқат карда, бозгашти шавҳарамро интизор шудам…

Бегонадил

Шавҳарам баъди якуним сол баргашт, вале ҳамоно мисли пештара шавҳардори бешавҳар будам. Гоҳо тоқатам тоқ мешуд ва сабаби аз ман дурӣ ҷустанашро пурсон мешудам. Маҳмуд баҳона пеш меовард, ки асабаш хароб аст ва то ба худ наояд, бо ман дар як ҷойгаҳ хоб карданӣ нест. Чанд бор гуфтам, ки ба назди духтур рафта табобат бигирад, аммо бо шунидани ин суханон шавҳарам ба ғазаб омада дод мезад, ки ягон мушкили мардона надорад, кадом вақте ки дилаш хост, ҳамон вақт ба ман наздик мешавад…

Ғуломи ҳалқабаргӯш

Бо ҳамин аҳвол чӣ хел аз зиндагиамон чор сол гузашт, нафаҳмидам. Маҳмуд то ҳол дар ягон ҷо кор намекунад ва мудом аз ҳисоби ману бародараш хӯрда мегардад. Дар хонаи шавҳарам шавҳардори бе шавҳар ҳастам. Ба назарам чунин мерасид, ки Маҳмуд зан не, маро ба худ хизматгор гирифтааст. Хизмати падару модарашро мекунам, либосашро мешӯям, хӯрок мепазам, моҳонаамро оварда бо ду дасти адаб ба дасташ медиҳам, то ки шавҳарам ҳамроҳи ҷӯраҳояш кайфу сафо карда гардад, вале бар ивази ин ҳама қурбониҳо ҳатто як зарра меҳрубонӣ намебинам. Мудом аз ман пул талаб кардани шавҳарам ҷонамро ба лабам расонидааст. Пул надорам ё намедиҳам гӯям, шавҳари хонашери майдонғарибам ба сарам зӯрӣ карда, маро зери мушту лагад мегирад…

На зан мекунад, на талоқ медиҳад

Борҳо гуфтам, ки агар ман ба ту маъқул набошам, талоқамро деҳ, бе ягон даъвою гапу хабари зиёдатӣ баромада меравам, вале шавҳарам пушти сарашро хорида мегӯяд, ки ман зани сар медодагӣ надорам. Ростӣ, ман ин мардакро ҳеҷ нафаҳмидам, дӯст медорам мегӯяд, вале шабҳо рӯяшро тарафи девор гардонда хоб меравад. Сарҳисоби корамро гум кардаам, охир то ба кай ман дар хонаи хушдоманам мисли шавҳардори бе шавҳар зиндагӣ мекунам? Мо дар як ҳавлӣ чор келин ҳастем. Ҳамин тавр 4-5 соли дигар бо маймунбозӣ гузарад, боварӣ дорам, ки падару модари Маҳмуд бо туҳмат  “ин келин бача намезояд” гуфта, маро аз дар берун мекунанд. Фикр мекунам, ки шавҳарам танҳо ба хотири зани коргару пулёб буданам маро аз даст додан намехоҳад. Ба кадом мард намефорад, ки аз ҳисоби занаш маишат карда гардад?!

Шавҳар ё дугона?

Хонандагони азиз, шояд шумо маро маломат карда лаънат хонед, ки сирри шавҳарамро фош намудам, вале охир ман ҳам инсон ҳастам ва орзую ормонҳои худро дорам. Дилам мехоҳад, ки мисли дигар занҳо шавҳарам ба ман меҳрубонӣ кунад, мехоҳам фарзанд дошта бошам ва бо меҳр аз дасти кӯдаконам гирифта ба боғчаю мактаб барам, аммо…

Чанд маротиба сари ин мавзӯъ бо шавҳарам суҳбат карда, ошкоро гуфтам, ки агар бемор бошад, рафта табобат бигирад, вале дилаш маро нахоҳад, ҷавобамро дода, зани дигар гирад, чунки зиндагӣ бе фарзанд маънӣ надорад. Маҳмуд дар ҷавоб “ман мардам, аз худам сад фоиз боварӣ дорам”  мегӯяд, вале ростӣ, дар чор сол ягон бор мард буданашро ҳис накардам. Ба ман бисёр мушкил аст, охир то ба кай мисли ду дугона чақ-чақ карда мегардем?

Қурбоққа шӯ дорад, обрӯ дорад

Тамоми хешу табор ба ҷону ҳолам намонда, ҳар рӯз мепурсиданд, ки чаро аз тӯямон чор сол гузашту то ҳол бачадор намешавем. Хушдоманам маро гунаҳкор карда, чанд маротиба зӯран ба назди духтур бурданӣ шуд. Оқибат ҷонам ба лабам расид ва пас аз чор соли хомӯшӣ сирри шавҳарамро фош карда, гуфтам, ки писараш то ҳол ба ман наздикӣ накардааст, аз куҷо ҳомиладор шавам? Гумон доштам, ки хушдоманам то ҳол бокира будани маро фаҳмида, ин гапро ба шавҳараш мегӯяд ва падараш бо Маҳмуд ҷиддӣ суҳбат мекунад, лекин хаёлам хом баромад. Падару модари шавҳарам заррае парвои ояндаи моро надоранд, гӯё маро келин не, ба худу писарашон хизматгор гирифта бошанд. Бепарвоии хусуру хушдоманамро дида, ба модарам гуфтам, ки аҳволи шавҳарам ҳамин аст, маро ба хона баред, вале дар ҷавоб “қурбоққа шӯ дорад, обрӯ дорад” гӯён, маслиҳат дод, ки тоқат кунам, Худо хоҳад, рӯзе ҳамааш хуб мешавад…

Дар байни обу оташ

 Бо баҳонаи меҳмонӣ ба хонаи падару модарам омадам, вале нияти дубора ба хонаи хушдоманам баргаштан надорам. Ба аҳли оилаамон гуфтам, ки агар рафта чизу чораи маро аз хонаи хушдоманам наоранд, худамро ба дарёи Зарафшон партофта несту нобуд мекунам, зеро зиндагии бе рангу бе маънӣ ба дилам задааст. Дили бародаронам ба ҳоли ман сӯхта, розӣ шуданд, ки аз шавҳарам ҷудо шавам, вале модарам ҳамоно “хонаи гунҷишкро вайрон кардан убол аст, инҳо бошанд инсон ҳастанд, сабр кунед, шояд ҳамааш хуб мешавад” гӯён, монеъ шуда истодааст.

Ман дигар дилу нияти ба он ҷаҳанам баргаштанро надорам, аммо падарам мегӯяд, ки агар ман баромада равам, сирри Маҳмуд фош мешавад ва шавҳарам тобу тоқати бардоштани шармандагиро накарда, даст ба худкушӣ мезанад. Байни обу оташ монда, чӣ кор карданамро намедонам. Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ гуна аз ин гирдоби номуродӣ бароям?

Шаҳло, аз шаҳри Панҷакент


Поделиться новостью в социальных сетях:

10 комментарий

  • Хохари азизам!»худамро ба дарёи Зарафшон партофта несту нобуд мекунам» гуфтани туро, ки чониби ахли оилаатон иброз дошти (Умед дорам, ки ин суханонат танхо барои тарс додани хонадонатон аст, зеро бовари дорам, ки чавондухтари бофархангу тарбиядида хастию ба ин кори паст харгиз даст намезани!) падаратро ба ташвиш наоварда, аз худкушии домодаш нигарони дорад. Яъне, гами худашро мехурад, ки худо нокарда ин ходиса бо домод рух дихад, макомотхои дахлдор падаратро хам мавриди бозпурси карор медиханд. ту хам гами худатро хур. Баро аз шавхарат ва бо дигар чавон хонадор шав, модоме, ки худашро саломат мешумораду табобат намекунад. Умрат мегузарад. Меваи ширини умр фарзанд аст.

  • Хохар ё апаи намедонам неки як гапи хато зади: ба кадом мард намефорад, ки аз хисоби занаш маишат карда гардад. Ин хато аст. Номарду беорият ин корро мекунад, шахсан ба ман сахт таъсир кард, ман айб хисоб мекунам ин рафторро….

  • Шавхари шумо касал аст аз гуфтахои шумо чунин хулоса баровардам ки вая олоти мардиааш кор намекунад дар ин холат зиндагии шумо маьна надорад рос мегуед

  • Хамшахр шумо манба занг занед ман шумора мегирам Москва меорам бехтарин духтар будагет аз шавхар чудо шавед вай шавхар садкаи, шумо шавад занг занед манба 89017082378 Москва?

  • немедонам ин қиса рост ҳаст ё дуруғ, лекин дилам ба ин келин месузад аҳсан, ки Шумо 4 сол тоқат кардед мошааллоҳ. Маълум мешавад, ки Шумо духтари худо тарс будаед дар чорсол худатона капидед.

  • Ахсан ба Шумо хохари азиз ман фикр мекунам, ки хусуру хуштоманатон бо шавхаратон хамсухбат шудаги окибат фахмидагистанд, ки айб дар чист мумкин масъалла халнашаванда бошад ки вайхоям хап карда истодиянд. Лекин агар масъала халшаванда бошад хар як падару модар дар фикри фарзанд хаст. Барои хамин Шумо чавон хастед фикри худатонро кунед.

  • Сабр талхаст аммо «меваи сабр ширинаст апаҷон» Рости гап ман ба ғайр аз ин сухан чизе гуфта наметавонам .Худованд ëру мададгорат бод.

  • сабр.сабр.сабр, сабр, сабр, сабр………………….сабр ва боз сабр кун.

Leave a Reply