• Mardon
  • 16.05.2019
  • 0

«Килки сабз» — озмуни шеър барои ҷавонон

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳти унвони «Килки сабз» озмуни шеър эълон мекунад. Дар он наврасон ва ҷавонони қаламкаши то 35 — сола метавонанд иштирок кунанд. Ҳадаф аз баргузории ин озмун дастгирии эҷодкорон, дарёфти истеъдодҳои нав, тарғиби эҷодиёти асил ва инъикоси дастовардҳои адабии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. 

Интихоби мавзӯъ ва шакли шеърӣ озод аст. Шеърҳое, ки пешниҳод мешаванд, аз назари  вазн, қофия, мазмун, мундариҷа ва  шеърият мавриди баррасии ҳакамон қарор мегиранд. 

Онҳое, ки мехоҳанд дар озмун ширкат варзанд, се шеър, мухтасари тарҷумаи ҳол ва аксашонро ба идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ирсол намоянд.

Ғолибони озмунро дипломи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми зерин интизор аст:

Ҷойи аввал —  3 000 сомонӣ;

Ҷойи дувум — 2 000 сомонӣ;

Ҷойи сеюм — 1000 сомонӣ.

Беҳтарин шеърҳое, ки барои озмуни «Килки сабз» пешниҳод мегарданд, дар шакли китоб ба нашр хоҳад расид.  Ҳамчунин, ҳама шеърҳои пешниҳодшуда дар гӯшаи махсуси сомонаи «Tajikistantimes» чоп мешаванд.

Муҳлати қабули шеърҳо аз 10 май то 10 августи соли 2019.

Озмун дар арафаи ҷашни 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад. 

Суроғаи мо: ш. Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон».

E-mail: tojikiston@pressa.tj

Вайбер: +992 93 350 70 20

Телефон барои тамос: 238 54 51

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner