Командаи  Тоҷикистон ба финал роҳ ёфт

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

 

Дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар Бангладеш ба бозии финалии мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup»роҳ ёфт.

 

Дар бозии ниманиҳоӣ  ин бегоҳ футболбозони тоҷик бар тими миллии  Филиппин бо ҳисоби 2 : 0  ғалаба ба даст оварданд.  Тӯбро ба дарвозаи ҳарифон  Комрон Турсунов ва Аҳтам Назаров заданд.

Тавре пештар хабар дода будем, фуболбозони кишварамон, ки дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Фаластин ва Непал бо ҳам мусобиқа доштанд,  аз зинаи дуюм ба бозии нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Ёдрас мешавем, ки мусобиқоти «Bangabandhu Gold Cup» бори шашум бо иштироки шаш дастаи Осиё гузаронида мешавад ва Тоҷикистон дар он бори аввал иштирок менамояд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply