Конфронс ба муносибати зодрӯзи Қироншоҳ Шарифзода

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Ба муносибати 60 солагии устоди кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи Донишгоҳи милли Тоҷикистон Қироншоҳ Шарифзода конфронс баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад устодони кафедра, муҳақиқони соҳа ва собиқадорони матбуот ширкат варзида, суханронӣ намуданд.


Ҳамчунин зимни конфронс китоби нав ба нашр расидаи Қироншоҳ Шарифзода «Посдори сухан» муаррифӣ гардид. Маҷмуаи мазкур дар бораи кору фаъолияти муаллиф нақл намуда, маҷмуаи мақолаю мусоҳибаҳои Шарифзодаро дар худ ҷой додааст.
Қироншоҳ Шарифзода соли 1958 дар Фориши Ӯзбекистон ба дунё омада, пас аз хатми мактаби миёнаи тоҷикӣ дар зодгоҳ, ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудааст. Фаъолияти рӯзноманигориро дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» шуруъ намудааст. Ҳоло ба ҳайси муаллими калони кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи ДМТ фаолият намуда истодааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Конфронс ба муносибати зодрӯзи Қироншоҳ Шарифзода

  • Зодруз муборак! Устоди мухтарам Шарифзода Кироншох.

Leave a Reply