• Бахтовар Сафаров
  • 29.01.2019
  • 0

Кумак ба эҳтиёҷмандон

“Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем”, иқтибос аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар доираи дастуру супоришҳои дар Паёми Пешвои миллат зикршуда вобаста ба дастгириҳои шахсони бесарбонмондаву эҳтиёҷманд ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ  аъзоёни маҳфили “Волонтёрони ҷавон”-и бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшниён таҳти унвони “Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз”  аз хонаи пиронсолони ҷумҳуриявии ноҳияи зикршуда боздид ба амал оварданд.

Умед Раҳимов, яке аз волонтиёрони ҷавони ин маҳфил зимни суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи Тоҷикистон гуфт, ки ҳадаф аз ин боздид сӯҳбату вохӯрӣ бо аъзоёни ин даргоҳ ва то ҳади имкон расонидани кӯмаки моддиву маънавӣ буд. Гурӯҳи волонтёрони ҷавон зимни суҳбату вохӯриҳо ва нишастан сари як дастархон бо пирони барнодилу рӯзгордида ба ҳадафи худ ноил гаштанд.

Ба иттилои Умед Раҳимов, аъзоёни фаъоли маҳфил бо сафари хушку холӣ ворид ин даргоҳ нашуданд. Онҳо  гулдастаи сухану саҳнаву сурурдҳои мазмуни ифтихори милливу ватандӯстидоштаро пешкаши бошандагони ин даргоҳ намуданд. Тавре ки худи бошандагони ин даргоҳ иброз доштаанд, имрӯз онҳо аз ягон чиз кам нестанд ва танҳо дидори фарзандону пайвандонро пайваста мунтазирӣ мекашанд. Аз дастгириву ҳамхориҳои рӯзафсуни давлату ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минатдоранду то ҳади имкон дар самти рушди ҳунарҳои милливу мардумӣ саҳми худро мегузоранд. Бо ҳамин мақсад дар як гӯшаи ин макон намунаи дастдӯзҳои бошандагон маърази тамошо гузошта шудааст.

Хотиррасон мекунем, ки бинои хонаи пиронсолони ноҳияи Кӯшониён дар ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа, деҳаи Механизатор ҷойгир мебошад ва шахсони хайрхоҳу некандеш метавонанд дар ҳамагуна вақту соат ба бошандагони он дасти кӯмак расонанд.

Ҷомӣ Халифаев,

вилояти Хатлон

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner