• Бахтовар Сафаров
  • 27.02.2019
  • 179
  • 0

Куртаи панҷметраи ҷавонзани конибодомӣ

Сокини шаҳри Конибодом Гулсун Аҳмадова куртаи калонтарини зимистонаро бофтааст, ки 5 метр дарозиву 10 кг вазн дорад. Гулсун барои харидани риштаҳои бофандагӣ 600 сомонӣ сарф карда, дар муддати 3 моҳ бо кӯмаки шогирддухтаронаш ин куртаи ғафси зимистонаро бофтааст. Вай мехоҳад бо ин амалаш дар дили ҷавонон нисбати ҳунарҳои мардумӣ шавқу ҳавасро бедор намояд. Ба қавли ин бонуи ҳунар хуб мебуд ки ҷавонон ба ҷои бекоргардӣ рӯ ба касбу ҳунар биёранд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.