Лигаи олӣ: «Вахш» «Хатлон» ном гирифт

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Клуби футболи «Вахш» (Қӯрғонтеппа) муассисаи давлатӣ шуд ва акнун номи Клуби футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтарро гирифт. Дар ин бора раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Абуалим Исмоилзода хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ роҳбарияти шаҳр аз тақдири даста, ки вақтҳои охир мушкили молӣ мекашид, ба ташвиш омадаанд ва аз роҳбарияти вилоят хоҳиш кардаанд, ки барои маблағгузории даста аз буҷети шаҳр иҷозат дода шавад. Роҳбарияти вилоят ин дархостро қонеъ кардаанд ва клуб номи худро иваз кардааст. Буҷети яксолаи дастаи «Хатлон»-и Бохтар 1 миллион сомонӣ будааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply