• Administrator
  • 10.03.2019
  • 1110
  • 0

Лоиқ мард буд

Суҳбат бо Зебунисо Қутбиддинова ҳамсари Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ  Шералӣ

— Дар бораи таърихи оиладоршавии шумо бо устод Лоиқ нависанда Сорбон дар  хотираҳояшон  маълумот додаанд. Вале  он маълумотҳо дастраси ҳама нагаштааст. Аз ин рӯ, хуб мебуд агар суҳбатамонро аз ҳамин  хусус оғоз мекардем, ки шиносоӣ  ва оила бунёд кардани шумо бо  устод чӣ гуна  сурат гирифт?

— Бо Лоиқ аз хурдсолӣ шинос будем, зеро мо муносибати хешутаборӣ доштем. Пас аз синфи 7-ум Лоиқ дар хонаи мо зиндагӣ ва дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент таҳсил мекарданд. Лекин рости гапро гӯям, баъзе нозукиҳоеро, ки дар бораи хостгориҳову хонадоршавии мо менависанд, хуб намедонам, чунки он вақтҳо ман дар шаҳри Душанбе, дар Донишкадаи омӯзгорӣ таҳсил мекардам, асли воқеаро хуб намедонам. Вале ҳамин қадарашро медонам, ки хонадоршавии мо бо орзуву нияти модари Лоиқ ба амал омада буд. Бародари Лоиқ — Қорӣ Шариф ва модарашон бисёр мехостанд, ки мо хонадор шавем. Модари Лоиқ барвақт нияти келин кардани маро доштанд ва ба падарам таъкид мекарданд, ки «Додарҷон, як духтаратонро ман ҳатман келин мекунам». Вале то хостгорӣ кардани Лоиқ дигар хостгорҳо низ ба хонаи мо зиёд меомаданд. Лоиқ як хислати аҷиб доштанд. Вақте ки устод Сорбон хоҳиши келин кардани духтари моро карданд, Лоиқ онҳоро маҷбур кард, ки ба Панҷакент рафта, аз ҳамаи хешу табор иҷозат пурсанд —  аз бародарашон, аз модари ман, боз аз як мӯйсафеди Зайнӣ доштем, ки хеши наздики модарии Лоиқ буданд ва ӯро тағо мегуфтанд. Пас аз розигии ҳама охирин худашон розигӣ доданд. Вақти хостгории ман ҳам хостгорҳои зиёдеро аз ин ҷо гирифта, ба Панҷакент бурдаанд, ки баъзе ҷузъиётҳои махсусашро  дигарон аз ман хубтар медонанд. Вале ин насибу тақдир будааст, ки мо оиладор шудем. Оиладоршавии мо моҳи августи соли 1967 буд. Ман соли 1966-ум мактаби миёнаро хатм карда, ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шудам ва пас  аз хатми соли якуми таҳсил оиладор шудем.

— Замоне дар матбуоти тоҷик яке аз мавзӯъҳои асосӣ муносибати байни келину хушдоман буд. Дар ин масъала шумо мушкилиеро эҳсос мекардед?

— Ман асосан аз хушдоман дур зиндагӣ кардам, мо фақат дар меҳмониҳо ҳамдигарро медидем, бештар дар фасли тобистон, дар вақти рухсатӣ бо ҳамдигар вомехӯрдем. Хушдоманам гоҳ-гоҳ ба шаҳр омада, дар хонаи мо зиндагӣ мекарданд, лекин дар шаҳр зиндагӣ карданро он қадар дӯст намедоштанд, чунки бисёр зани меҳнатӣ буданду бо ҳамон замину боғу роғашон, дар  деҳаи Колхозчиён одат карда буданд. Дар ин ҷо, дар хонаҳои тангу тори бетонӣ дилашон намеғунҷид, дилашон танг мешуд ва зуд гашта мерафтанд. Шояд мардум бовар накунанд, вале дар байни мо ягон маротиба ҷангу ҷанҷол нашуда буд. Хушдомани ман бисёр зани оқила буданд. Агар ҷанг карданӣ ҳам мешуданд, бо насиҳат сар мекарданд, бо мисолҳо фаҳмонида медоданд. Масалан, он кас исрофкориро бисёр бад медиданд. Насиҳат мекарданд, ки аввал ҳамон нони обаш паридаро хӯред, мулоимашро баъдтар мехӯред. Ё ин ки маслиҳат медоданд, ки ягон хӯроки суюқ тайёр мекардӣ хубтар буд, чунки ҳамон нони хушкро реза карда мехӯрданд. Номи хушдоманам Бибизаҳро буд ва бисёр зани аҷиб буданд. Ҳоло як наберача дорам, ки номи хушдоманамро ба ӯ гузоштаем.

— Пас аз устод Мирзо Турсунзода устод Лоиқ дуюмин шоиранд, ки дар адабиёти  садаи ХХ-ум модарро ин қадар зиёд ва самимӣ васф кардаанд.  Сабаби ин чист ва модар дар тақдири устод Лоиқ чӣ нақшеро бозидааст?

 — Модар умуман дар тақдири Лоиқ нақши азимеро бозидаанд. Вале агар шумо ҳамон «Модарнома»-и Лоиқро ба даст гиред, он танҳо барои модари худашон бахшида нашудааст. Албатта, шеърҳое ҳастанд, ки махсус барои модарашон бахшидаанд, масалан «Қиблагоҳам, модари олампаноҳам», ки махсус барои модари худашон бахшида шудааст. Аммо агар «Қасидаи модар»-ро гиред, он  барои ҳамаи модарон бахшида шудааст. Умуман, модар, замин барои Лоиқ муқаддасоти олидараҷа ҳисоб меёфтанд, вале, албатта,  нақши худи модарашон ҳам хеле зиёд аст, ки модар барои тарбияи фарзандон кӯшиши зиёде кардаанд.  Модари Лоиқ шахси аҷиб ва аз дигар ҷиҳат сахтгир буданд ва ба тарбияи фарзандон  аҳамияти калон медоданд, то ин ки хонанду одам шаванд. Модарашон шахси бисёр  меҳрубон ҳам буданд. Лоиқ нақл мекарданд, ки модарамон меҳру муҳаббаташонро барои мо ошкоро  баён намекарданд, то ин ки мо бисёр эрка набошем, баъзан шабҳо аз хоб бедор шуда медидам, ки модарам дар болои сарамон  нишастаанду сари моро силаву оби дида мекарданд. Баъдтар, ки Лоиқ ба дидорбинии модар мерафтанд, модар аввал бо писарашон ҷанҷол ҳам мекардаанд ва  «Дер омадӣ, ту росту дурӯғ дар  газетҳо менависию гапҳот ҳамааш дурӯғанд, ин қадар оча-оча менависию очата омада хабар намегирӣ», гуфта камтар гилагузорӣ мекарданду баъд дар наздашон нишаста меҳру муҳаббати махсусашонро нишон медоданд ва хӯроки аз ҳама дӯстдоштаи писарашон угропалавро пухта медоданд. Лоиқ то рӯзи охирини ҳаёташон мегуфтанд, ки ҳеҷ кас угропалавро мисли модари ман пухта наметавонад. Баъди ҳамон хӯрокро пухтану хӯрдан  «Оча, маро нағз мебинӣ, ки ҳамин хӯроки дӯстдоштатаринамро пухта пешам овардӣ»,  гуфта шӯхиҳо мекарданд. Лоиқ дуои бисёр модаронро гирифтаанд ва модархондҳои бисёре доранд.  

— Қисми зиёди зиёиёни тоҷик, бахусус дар солҳои 60-70- уми асри гузашта,  ҳаёти оилавиро дар хонаҳои иҷораи шаҳр оғоз кардаанд. Шумо низ ин марҳиларо пушти сар кардаед?

— Не. Пеш аз хонадор шудани мо Лоиқ аллакай соҳиби хонаи якҳуҷрагӣ буданд, ки онро аз тарафи Иттифоқи нависандагон дода буданд. Баъдан, ҳамин якхонагиро бо духонагӣ иваз карданд. Умуман, ман дар ҳаёти оилавӣ  азобу ранҷи бехонагиро накашидаам. Лоиқ эркаи давру замони худ буданд ва вақте ки фарзанди дуюмамон Ромиш таваллуд шуд, мо аллакай сехонагӣ гирифтем, баъд аз вай боз панҷхонагӣ  ва баъдтар хонаи ҳукуматӣ гирифтем.

— Устод Лоиқ, хато накунам, ба чандин нафар волидайн дар ном гузоштани фарзандонашон маслиҳату тавсияҳо додаанд. Ба фарзандон ва набераҳо  устод ном гузоштаанд ё шумо?

— Дар номгузорӣ пурра ихтиёр ба дасти худи Лоиқ буд. Лоиқ як варақ доштанд, ки як тараф пуштурӯ номҳои писарона буду дар варақи дигар  пуштурӯ номҳои духтарона. Ҳар касе, ки меомад, аз Лоиқ маслиҳат мепурсид. Қиссаи номгузории фарзандони мо ҳам аҷиб аст. Масалан, ба писари аз ҳама калони мо аввал Ҷавшан ном гузоштем. Вақте ки бо тифлам дар Панҷакент будем, бобои Зайнӣ, ки шахси босаводу Қуръонхон буданду сад сол умр диданд, чун донистанд, ки номи писарамон Ҷавшан аст, гуфтанд, ки ҳамин ҷавшанаш чист – як либоси оҳанин, бигзор номаш Ҷамшед бошад. Падараш баъд аз Ҷавшан номашро Диловар монданд. Вақте ки ҳамин Диловарҷон оиладору фарзанддор шуд, якум фарзандаш писарча буд. Баъд падараш  якбора се ном навишта фиристоданд. Номи аввалаш Ҷавшан, дуюмаш Номвар ва сеюмаш Сафдар. Вақте ки Диловар ҳамин номҳоро дид, гуфт, ки «Дада, насиб бошад, ҳар се номашро ҳам мемонем». Ва ҳамин хел шуд, ки паи ҳам се писар ёфт ва ин се номро гузоштем. Вақти таваллуди писари чорумаш аллакай Лоиқ дар қайди ҳаёт набуданд ва мо номи ӯро Каёнӯш мондем. Ин ном ҳам аз ҳамон рӯйхати тартибдодаи Лоиқ интихоб карда шуд ва инро Сорбон маъқул донистанд, чунки он кас ба фарзандони ман чун амак ҳисоб меёбанд ва чун бародари наздики Лоиқ буданд. Дар ин хусус боз як қиссаи аҷиби дигар ҳам ҳаст. Вақте ки овозхони машҳурамон Давлатманд Холов ба Ҷопон, ба сафари ҳунарӣ рафта буданд, писардор мешаванд. Модари Давлатманд ба Лоиқ телефон карда гуфтанд, ки «Лоиқҷон, ин додари ту нест, ба куҷо рафта бошад намедонам, писардор шудааст, намедонем ба кӯдак чӣ ном гузорем». Лоиқ ба модари Давлатманд гуфтанд, ки ба набераатон Лоиқ ном гузоред ва ҳамин хел ҳам шуду имрӯз Лоиқи писари Давлатманд ҷавони боҳунаре шудааст. Лоиқ таъкид мекарданд, ки «Ҳамномҳои ман бояд зиёд бошанд».

— Пас аз сафарҳои  тӯлонӣ устод Мирзо Турсунзода барои ҳамсарашон достони «Ҷони ширин»-ро эҷод карданд. Устод Лоиқ низ сафарҳои зиёд кардаанд. Оё пас аз ин сафарҳо барои шумо  силсилаи шеърҳо ё рубоию дубайтиҳоро бахшидаанд?

(Давом дорад)

Мусоҳиб:

Ҷумъаи Мирзо,

рӯзноманигор

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.