Мӯйсафеди 6-сола

Наход, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ин писараки шашсола Ернар ном дошта, аз рӯзи таваллуд шуданаш гирифтори бемории нодир-халтазании пӯст гаштааст.

Дар вуҷуди бача боз як қатор бемориҳои дигаре низ ҳастанд, ки муҷиби афзоиши ин иллат гаштаанд. Пӯсти кӯдак ба осонӣ кашида шуда, боиси халта задани пӯсташ мегардад. Дар синни шашсолагияш писарак ба назар мӯйсафедро мемонад. Аз рӯи гуфтаи модараш Ернар солим ба дунё омада буд, вале баъди ду моҳ пӯсти атрофи чашмонаш халта зада, пасон раванди пирӣ дар ҷисмаш суръат гирифтааст. Сабабҳои сар задани беморӣ маълум нест, вале табибон кӯшиш мекунанд, ки ба қадри имкон ба Ернар кӯмаки тиббӣ расонанд.



Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply