Мӯйсафеди занбоз

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Синну соли Дилбар аллакай қариб ба 50 расида бошад ҳам, пояш аз кошонаи ҳусн канда набуд.

Вай дар назди машшотаҳо худро орову торо дода, ба рӯи ожангдамидааш пудраю кремҳои рангорангро мемолид, чашму абрувонашро ранг карда, миҷгони сунъӣ мечаспонд ва мӯйи ориятӣ-парик монда, аз худаш маликаи ҳусн сохтанӣ мешуд. Мардоне, ки ақлу тамиз доранд, аз бало ҳазар гӯён, аз чунин занҳои беандеша худро дур мегиранд, аммо барои мардони ишратпараст Дилбар роҳати ҷон менамуд. Яке аз он мардони ба доми шайтон афтида Азизи пояш ба лаби гӯр расида буд. Ин мӯйсафеди занбоз соҳиби чанд келину домод ва набераю абера бошад ҳам, шарму ҳаёро фаромӯш карда, рӯзи дароз бо Дилбари шайтонсират айшу ишрат карда мегашт ва на танҳо пули худаш, балки пули фарзандонашро низ ба «арӯс»-и пираш сарф мекард. Аслан, ба Дилбар Азиз не, пулҳояш лозим буданд, ғайр аз ин мӯйсафеди ишратпараст вай боз чанд ошиқи дигар дошт, вале чунон вонамуд мекард, ки Азизро аз ҷонаш бештар дӯст медорад.

                   Дӯздию ғарӣ пушти саргин

Беҳуда «дуздию ғарӣ пушти саргини хар» нагуфтаанд, бӯйи ишқи пургуноҳи Азиз пинҳон намонда, овозаи бевабозии ин мӯйсафеди ишратпараст дар тамоми маҳалла паҳн гашт. Нигоҳи пурмаъно ва ишораҳои ошкору ниҳони ҳаққу ҳамсояҳо ба ҷони холаи Раъно мисли нештар мехалид. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, мӯйсафеди бе ақл занбозиашро пинҳон надошта, бо ифтихор мегуфт:

-Кампир, бӯйи атри кундошатро ҳис карда истодаӣ ё не?! Эҳ ишқу ошиқии мо ҳеҷ будааст, акнун фаҳмидам, ки лаззати зиндагӣ чист…

Дандонҳои Раънохола аз ғазаб шараққос зананд ҳам, эҳтироми заношавҳариро пос дошта, мӯйсафедашро ба худ оварданӣ мешуд:

-Духтар доред, писар доред, хонаи обод доред, охир ба шумо чӣ намерасад, ки аз паси як беваи кӯчагӣ давида обрӯятонро мерезонед?

-Ишқ намерасад, ишқ! Ман ҳоло ҷавонам, дилам зани ҷавон мехоҳад! Кампир, иҷозат деҳ, ки ман Дилбарҷонамро ба ҳамин хона биёрам. Ҳардуятонро як хел нигоҳубин мекунам. Парво накун, як шаб бо тую як шаб бо Дилбар…

Мехохед саргузашти мӯйсафеди занбозро мутолиа намоед, пас шумораи навбатии «Оила»-ро аз тамоми дӯконҳои кишвар дастрас намоед!!!


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply