Маҳаллаи Шодӣ — ғолиби Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Тавре хабар дода будем, бори аввал мусобиқаи дастаҳои наврасони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт барои дарёфти Ҷоми Раиси Душанбе оид ба футболи хурд баргузор гардид. Дар ин мусобиқа, ки бори аввал барои дарёфти чунин ҷоизаи бонуфуз доир гардид, футболбозони навраси соли тавлидашон 2006-2007 ширкат варзиданд.
— Мусобиқаи дастаҳои наврасон барои дарёфти Ҷоми Раиси Душанбе оид ба футболи хурд аз 10 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон шурӯъ шуда, дар он дастаҳои наврасони шаҳраку маҳаллаҳои мактабҳо ва иншооти варзишии пойтахт, аз ҷумла, майдончаҳои тозабунёди варзишӣ ширкат варзиданд, — гуфт Раҳматшо Камолов, директори Муассисаи давлатии «Мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе». – Ба давраи дуюми мусобиқа, ки 21 ноябр дар варзишгоҳи муассисаи мо оғоз шуда буд, 25 дастаи беҳтарини давраи якум роҳхат гирифтанд. Ин дастаҳо дар 4 гурӯҳ бозии хеле диданӣ ороста, ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ба давраи баъдии Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе роҳ ёфтанд.
Ҳамин тавр, санаи 2 декабр дар майдончаи варзишии хиёбони Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ даври финали мусобиқа баргузор шуд. Аввал барои ҷойи сеюм дастаҳои наврасони кӯчаҳои Софя Ковалёвская ва маҳаллаи Гулобод бо ҳам вохӯрданд. Дар ин дидор футболбозони кӯчаи С. Ковалёвская маҳорати хуб нишон дода, ғолибият ва ҷойи сеюмро касб карданд.
Дастаҳои маҳаллаҳои Шодӣ ва Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур дар вохӯрии финалии ҳалкунанда бозии хуби техникӣ нишон дода, барои Ҷоми Раиси Душанбе хеле талош карданд. Нахуст ҳисобро дастаи кӯчаи Аҳмади Дониш бо комбинатсияи хеле шавқовар кушод. Аъзои дастаи маҳаллаи Шодӣ рӯҳафтода нашуда, қабл аз анҷоми қисми якум ҳисобро баробар карданд – 1:1. Дар қисми дуюм ҷидду ҷаҳди аъзои ҳар ду даста шиддат гирифта, ҳар кадом мехост бозиро ба фоидаи худ ба анҷом расонад. Ин ба футболбозони маҳаллаи Шодӣ муяссар гардид ва онҳо бозиро бо ҳисоби 2:1 ба сомон расонда, бори аввал барандаи Ҷоми Раиси Душанбе гардиданд. Ҷойи дуюмро дастаи кӯчаи Аҳмади Дониш ишғол намуд.
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа Раҳматшо Камолов, директори Муассисаи давлатии «Мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе» ғолибони мусобиқаро бо Ҷоми Раиси Душанбе, медалҳо, диплому либосҳои варзишӣ қадрдонӣ намуд. Бозигарони беҳтарини мусобиқа низ барои иштироки фаъолона ҳавасанд карда шуданд.
Э. НАЗАРОВ, «Тоҷикистон»


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply