• Бахтовар Сафаров
  • 12.06.2019
  • 0

Мағрураи 6-сола зери чархи мошин монд

Дирӯз тахминан соати 19:00 Шарипов Фаррух, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳангоми ҳаракат дар маркази ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Охунова Мағрураро пахш намудааст, ки дар натиҷа ноболиғ ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, санаи 11-уми июни соли 2019, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Соната», Шарипов Фаррух Обидович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳангоми ҳаракат дар маркази ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Охунова Мағрура Нодирҷоновна, соли таваллудаш 2012, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.

Тавре манбаъ зикр мекунад, дар натиҷа, ноболиғ Охунова М.Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст. 

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner