• Бахтовар Сафаров
  • 28.01.2019
  • 0

Мафияи қаллобон мардумро ғорат мекунад

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён марди 50-солаи сокини ноҳияи Вахш муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2014 марди 28-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 6000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамин тариқ, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 37-солаи сокини маҳаллаи Ховарони пойтахт дар он хусус муроҷиат намудааст, ки соли 2015 шаҳрвандон: марди 45-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва марди 39-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 7000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
Ҳамин тариқ ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи зани 41-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи майи соли 2018, зани 40-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 28000-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Бо ҳамин мазмун ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 57-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки соли 2004 марди 65-солаи сокини кӯчаи Қазоқон бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 50 000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамчунин оид ба ҳолати қаллобӣ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур мактуби роҳбарияти ҶДММ «Таҷеро» ворид гардидааст, ки моҳи декабри 2018, соҳибкор, марди 31-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба боварии ҶДММ «Таҷеро» даромада, маҳсулотҳои хӯроквориро ба маблағи 216075-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағҳоро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner