Макони сагҳо боғи зебо шуд

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Бегоҳирӯзии  5 сентябр,соати 18:30 дар маҳаллаи 102 уми пойтахт «Боғи фарҳангӣ-истироҳатии Восеъ» кушода шуд.

Боғро Раиси шаҳри Душанбе – Рустами Эмомалӣ ва муовини сарвазири мамлакат – Давлаталӣ Саид ба истифода доданд. Ба гуфтаи чанд корманди боғ, ин макони истироҳатӣ аз ҳисоби шахсии муовини Давлаталӣ Саид бунёд карда шудааст. Боғ дар кӯчаи Фазлиддин Муҳаммадиев, дар майдони зиёда аз 4 гектар дар ҷое сохта шудааст, ки чанде қабл он ҷо як ҷангалчаи валангору касногузар ва макони сагҳои дайдуву бесоҳиб буд. Алъон дар ин макон вайрона майдончаи футболбозӣ, таҷҳизотҳои гуногун барои тамрини бадан, варзиши сабӯк, майдончаи бозии кӯдакон бо чор адад атраксион, фаввора, қаҳвахонаи замонавӣ бо номи «Закия», нишастгоҳҳои истироҳатӣ ва ғайра бунёд ёфта, ба як ҷои ободу зебо табдил ёфтааст. Дар боғ зиёда аз 22 ҳазор гулу буттаҳо шинонида шуда, дар масофаи шаш ҳазор метр роҳравҳо сохта ба истифода дода шудааст. Дар ду тарафи роҳравҳо гулҳои тару тоза, ба боғ ҳусни хосса бахшидааст. Дар байни дарахтони боғ ҳайкалчаҳои ҳайвоноти гуногун ва персонажҳои филмҳои тасвирӣ гузошта шудааст, ки диққати кӯдаконро ба худ ҷалб месозад. Дохили боғ ва атрофи он бо таҷҳизотҳои равшанидиҳанда ҷиҳозонида шудааст. Бунёди ин боғи истироҳатиро мардуми маҳаллаи 102-юм хело хуш пазируфта, аз обод гардидани ин макони вайрона қаноатманданд.Дар наздикии боғи навбунёд як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ буд, ки дар як шаб тахриб гардида, тамоми таҷҳизоташ аз он ҷо кӯчонида шуд. Ҳафтаи гузашта ВАО аз ифтитоҳи боғи истироҳатии назди кӯли ҷавонон аз ҳисоби Сарвазири мамлакат – Қоҳир Расулзода хабар дода буд.Инак, ноиби ӯ ташаббус нишон дода, чунин як боғро дар ин маҳалла бунёд намуд.

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply