Манучеҳр Ҳамидзод: Мақоми Душанбе аз ҷиҳати илмӣ таҳқиқ мешавад!

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Вазъи ҳуқуқӣ ё худ статуси шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд аз ҷиҳати илмӣ таҳқиқ мегардад.

Манучеҳр Ҳамидзод, корманди Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон таҳқиқотчии ҷавон тайи чанд моҳи охир ба таҳқиқи мавзӯи «Танзими конститутсионӣ – ҳуқуқии мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе» зери роҳбарии номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Ҷамшедов Ҷ. машғул мебошад.

Номбурда дар саҳифаи фейсбуки худ иттилоъ додааст, ки мавзӯи мазкур 4 майи соли 2018 дар Шӯрои илмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз ин пас ҳамчун унвонҷӯ ба таҳлилу таҳқиқи илмии вазъи конститутсионӣ-ҳуқуқии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе шурӯъ менамояд.

Ба андешаи Манучеҳр Ҳамидзод мубрамияти мавзӯи мазкур ба таҳқиқи паҳлӯҳои назариявӣ ва амалии мақоми шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, дар раванди кори илмӣ масъалаҳои ташаккул ва рушд, таърих, мафҳум, моҳият ва хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор дода мешаванд. Ҳамзамон, ба таҳқиқи вазъи конститутсионӣ — ҳуқуқии мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин вазъи ҳуқуқии аҳолӣ ва ҳудуди шаҳри Душанбе диққати махсус равона мегардад. Дар баробари ин, таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии мақоми шаҳри Душанбе бо пойтахти давлатҳои хориҷӣ, ба хусус кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил гузаронида мешавад.

Ихтисоси Манучеҳр Ҳамидзод ҳуқуқшинос аст ва феълан ӯ яке аз ҷавонони фаъолест, ки ҳамзамон бо корҳои ҷамъиятӣ, ҳизбӣ, таҳияи лоиҳа-барномаҳои гуногун ва навиштани мақолаҳо машғул буда, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Ирам» ва муовини раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҲХДТ «Қонунгузорӣ» мебошад ва доир ба ҳар соҳа таклифҳои худро баҳри рушди давлат ва пешрафти ҷомеа пешниҳод менамояд.

Маҳз ӯ аз аввалин нафаре буд, ки дар маркази шаҳри Душанбе сохтани бренди машҳури « I  Love DUSHANBE » — ро пешниҳод намуд.
Бо таҳқиқи илмии вазъи ҳуқуқии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сурати дифоъ шудани рисолаи номзадиаш Манучеҳр Ҳамидзод аввалин нафаре мешавад, ки доир ба ин мавзӯъ кори илмӣ анҷом додааст.

Р. Азимӣ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply