• Mardon
  • 15.04.2019
  • 0

Манзараҳои Тоҷикистон дар нигористони рассоми эронӣ

Дар меҳмонхонаи «Сирена Душанбе» намоиши асарҳои рассоми эронӣ Амир Ҳусайни Пироеш оғоз шуд, ки онро метавон рамзӣ «Манзараҳои Тоҷикистон» номид. Зеро оғои Пероиш солҳои тӯлонист, ки атрофу акнофи сарзамини моро қадам зада, манзараҳои зебои онро ҷолиб ва ҷозиб тасвир кардааст.

 — Ман ошиқи Тоҷикистон ва шефтаи манзараҳои ин кишвар ҳастам. Чаро Афғонистонро намекашам? Ба хотири он, ки он ҷоро надидаам ва мутаассифона ҷуз хабари ҷангу ҷадал чизе нашунидаам. Дар эҷодиёти ман фақат Тоҷикистон ва Эрон инъикос ёфтаанд, — мегӯяд рассом.

Амир Ҳусайни Пироеш зодаи Бирҷанди Эрон буда, наздики 22 сол аст, ки дар Тоҷикистон ба корҳои эҷодӣ машғул аст ва дар асарҳои вай табиати Тоҷикистон тасвир ёфтааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner