Маоши омӯзгоронро 15 дарсад боло мебардоранд

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Имрӯз намояндагони кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони  Маҷлиси намояндагон таҳти роҳбарии раиси кумитаи мазкур Лутфия Раҷабова бо кормандони масъули Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус Албина Давидович ва Светлана Кобачевская мулоқот намуданд.

Тавре аз Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот дурнамои ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистону  Беларус ва робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зикр гардид, ки Маҷлиси намояндагон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Беларус, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба воя расонидани кадрҳои соҳибмаърифат ва донишманду баландихтисос, дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас ва омода кардани неруи нави бунёдкор танҳо дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маорифро 2,3 баробар зиёд карда, аз 1 сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаи маорифро 15 дарсади дигар баланд мебардорад.

Гуфта шуд, ки танҳо соли 2017 дар ҳудуди кишвар ба маблағи умумии беш аз 430 миллион сомонӣ 130 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои тақрибан 31 ҳазор ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуданд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply