Марҳамат ба «Шабе дар Осорхона»

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо ва эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» иқдомоти байналмилалии «Шабе дар Осорхона»-ро 18 майи соли равон аз соати 18:00 то 22:00 баргузор менамояд.

Тавре аз Осорхонаи миллӣ  хабар додаанд, дар рафти чорабинӣ барои меҳмонон аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо истифода аз либосҳои миллӣ намоиши мӯд ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои мардумиро баргузор карда мешавад. Дар баробари ин, дигар чорабиниҳо низ баҳри фароғати тамошобинон дар назар дошта шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, тамошобинон аз соати 18:00 то соати 22:00 бидуни харидорӣ намудани чипта, яъне ройгон аз экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатии «Шабе дар Осорхона» дидан менамоянд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply