Мардони деҳа маро ба оғӯшашон даъват мекунанд

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ман Санам, ҳабдаҳсолаам. Падар надорам. Модари бечораам дар саҳро кор карда, рӯзи ман ва ду хоҳарамро бо як азоб мегузаронад.  Зиндагиамон хеле бад аст.

Духтари аълохон будам, вале се сол пеш мактабро тарк кардам. Ҳамсинфонам либосҳои хуб доштанду ба ҳоли мани ҷандапӯш механдиданд. Дар танаффуси калон онҳо ба ошхона даромада хӯрок мехӯрданду ман бо даҳони воз мемондам. Пули китоб ва дигар лавозимоти мактабиро дода натавониста, ҳамеша дар назди муаллимон сурху сафед мешудам. Билохира бепулӣ маро маҷбур кард, ки тарки мактаб намоям.

Камбағалӣ айб нест мегӯянд, вале ин гап сафсатта ва дурӯғ аст. Камбағалро касе одам намешуморад. Дар ин замона саг қадр дорад, вале одами камбағал не. Ин ҳақиқати талх аст. Инсоф, муруват, дасти афтодаро гирифтан калимаву ибораҳои зебоянд, вале дар асл вуҷуд надоранд. Имону инсоф афсонае беш нест. Ин гапҳоро барои фиреб кардани мардуми камбағал бофта баровардаанд. Инро ман аз таҷрибаи талхи зиндагии худам мегӯям. Худованд ба ман ҳусну ҷамоли зебо додааст. Бачаҳои ҳамсоя ва ҳатто падаронашон бо ман бо чашми шаҳват назар карда, гап мепартоянд, ҳатто як ҳоҷии ҳамдеҳаамон, ки панҷ вақт намозашро дар масҷид мехонад, ошкоро ба ман пешниҳод кард, ки агар як бор ба оғӯшаш дароям, сару либос харида медиҳад. Ҳамин қадар имон доранд, ҳамин қадар Худоро мешиносанд ин одамони зоҳиран худопараст ва тақводор!

Маро касе келин кардан намехоҳад, чунки бадномзада ҳастам. Ҳамсояҳои худозадаамон вақте диданд, ки дасташон ба домони мани камбағал намерасад, бо туҳмат тамғаи фоҳишаро ба ман часпондаанд. Худо шоҳид аст, ки ҳама гапҳои ин одамони беимон дурӯғу туҳмат аст, вале касе ба ман бовар намекунад. Масҷиди деҳаи мо хонаи Худо не, ғайбатхона гаштааст. Барои ибодат ба хонаи Худо рафта, то як поси шаб зану духтарҳои мардумро ғайбат карда мешинанд.

Пеши худ аҳд кардам, ки зани ягон маймун ё албастӣ мешавам, вале зани чунин мардони номард не. Дилам аз одаму олам мондааст, баъзан шайтон васваса мекунад, ки эй духтар, баро рав, бо ҷавонони пулдор кайфу сафо кун, беҳтарин либосро мепӯшӣ, гули хӯрокро мехӯрӣ ва роҳати зиндагиро мебинӣ, аммо боз гиребони тавба медорам, чунки аз Худо шарм медорам, аз расвогии рӯзи қиёмат метарсам.

Шабҳо бо модару хоҳараконамон дарро қуфл карда хоб меравем, то ягон марди бехудо ба хонаамон зада надарояд. Аслан ин дар қудрати моро ҳифз кардан надорад, зеро чунон фарсуда аст, ки бо як мушт пора- пора мешавад, аммо ёри мискину бечорагон Худост. Мо ҳар шаб тақдири худро ба дасти Худованд супурда ба бистари хоб медароем.

Ростӣ,  ин зиндагии сагона ба дилам задааст, мехостам худкушӣ кунам, вале як роҳгузар маро наҷот дод. Як марди бегона бори нахуст маро «духтарам» гуфту модарамро «хоҳарам». Умедатро аз Худо накан, Худованд меҳрубон аст гӯён, чунон насиҳатҳое кад, ки дар умрам аз касе нашунида будам. Он раҳгузарро шояд Худо фиристод, шояд фаришта ё малоика буд, зеро чӣ хеле, ки омад, ҳамон хел ноаён баромада рафт.

Бо вуҷуди ин, ман дигар ба касе бовар надорам. Ба назарам чунин менамояд, ки аз одам дида ҳайвони ваҳшитар дар тамоми дунё нест.

Санами мискин


Поделиться новостью в социальных сетях:

14 комментарий

  • Ассалому аллайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу Санам гапи бисер лозим не чихел ман суроғаи шуморо ёбам. …

  • Салом. Хоҳарҷон гамгин нашав худо бо бандагонаш. Аз дили ҳар як банда огоҳ аст. Ман аз баҳри худо ба оилаи шумо дасти мадад дароз карданиям. Агар хоҳед телефонама мемонам.
    987616622
    933004477

  • Аз ноумедихо басо умед аст ,
    Поёни шаби сиёх сафед аст.

  • Ғамгин нашав эй хохари азизам ин рӯзҳо ҳам мегузарад,зеро ки худованд нигаҳбони ману шумо, ин ғайбатчиҳо дар назди худо ҷавобгар мебошад ва аз фарзандони худ бармегардад
    Манзили истиқоматии худро нишон диҳед ва ташкилоти мо ба ёрӣ мерасонад.
    92-993-9002 аз соати 13то 17 дар тамос бошед

  • аз бадтарин рузхо ноумед машав зеро аз сиёхтарин абрхо зеботарин борон мерезад

  • Ассалому алейкум хохари азиз. Шумо илтимос сурогаи худро нависед .Мо ба кадри имкон ёри мерасонем

  • Хар як кор сабаб дорад, сабабро бошад Худованд меофарад. Аз зиндаги ноумед нашавед апачон дар дунё одамхои некхох хам бисёранд Иншоалло ба шумо кумак мерасонанд. Агар раками телефонатонро медодед шояд ман хам метавонистам то кадри имкон ба шумо кумак мекардам.

  • Ассалом духтарчони азиз.Ман модарам ва дарди шуморо хис мекунам Рухафтода нашавед «Дар ноумеди басо умед аст, Поёни шаби сиёх сафед аст» гуфтаанд Худованд бо шумост ,агар панч ангушт баробар мешуд хама якхел мешуд ,аммо чунин нест ,мумкин ин санчиши Худованд бошад ,сабр аз хама чизи хуб аст ,сабр куни аз гурра халво мепазад гуфтаанд, зур факат Худованд аст касе бад аст бигзор чазояшро аз Худованд бубинад , духтарчон зик нашав тани сихату обу руй аз хама чиз боло аст Худованд нигахбони шумоён бошад агар сурогаатонро ё номери телефонатонро мегуфтед ба кадри имкон ба шумо кумак мекардам Санамчон.

  • салом.ба ман сурогатонро мегуфтед. тел.ман 988086444

  • Ман медонам, ки аз Шумо хоҳари азиз хеле дурам, вале номи ҷоятон гап занед ва ҳамон муллои кунтиро агар нишон медодед, хеле хурсанд мешудам. Ман барои ҷазои ин хели ба ном одамон тайёрам.

  • Салом. Аз маъмурияти газета бисёр хохиш менамоям контактхои хамин шахрвандро ба мо дастрас менамуданд. Ё ба хамин шахрванд ракамхои моро медоданд. Зеро хама дар чустучуи алока бо хамин одам аст. Рахмат барои диккататон. 98 761 66 22, 93 300 44 77

  • Салом хохари азиз ман як нафар зани точик хастам ва бегаразона ба Шумо мехохам кумак расонам ,ман низ замоне мисли шумо будам .аммо мактабро напартофтам бо либоси дарида хондам ва дар донишгохои милли тахсиламро давом дода феълан дар як корхонаи давлати кор мекунам васохиби обрухам хастам барои хамин хечгох руафтода шудан лозим нест илтимос сурогаи худатро навис ё раками телефонатро хохарчони азиз иншохло ман кумаки худро дарег намедорам

  • Сабр талх аст апачон
    Лек ба худ ширини меорад.

Leave a Reply