Марги алпинист дар кӯҳҳои Панҷакент

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Олег Казантсев, як кӯҳнаварди 30-солаи рус ҳангоми баромадан ба як шах, дар мавзеи «Душоха”-и Панҷакент, аз баландии тақрибан 50-60 метр сарозер шуда, ба ҳалокат расидааст.

Ташхис нишон дод, ки марги Казантсев тасодуфӣ буда, ин кӯҳнавард аз беэҳтиётӣ аз кӯҳ сарозер шудааст. Кӯҳнаварди рус 10 рӯз қабл — 31-уми июли соли равон тақрибан соатҳои 21 ба ҳалокат расидааст.Казантсев Олег Сергеевич, санаи таваллудаш 23.06.1988, шаҳрванди шаҳри Перми Федератсияи Руссия дар ҳайати гурӯҳи зиёда аз 10 нафараи кӯҳнавардон аз ин давлат, барои фатҳи қуллаи Душоха дар минтақаи «Кӯли калон”-и деҳаи Артучи ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент мебароянд.Ин кӯҳнавард дар торикии шаб тақрибан соатҳои 21-и шаб мехоҳад ба кӯҳ барояд, вале ба сабаби беэҳтиётӣ аз баландӣ афтода, ба иллати бардоштани ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ ба ҳалокат мерасад.Ҷасади Олег Казантсевро барои ташхис ба шаҳри Душанбе мебаранд ва бо ҷалби намояндагии Федератсияи Руссия дар Тоҷикистон ташхисси суддӣ – тиббӣ мегузаронанд. Бино ба хулосаи ташхис, ин кӯҳнавард бар асари ҷароҳатҳои сахти ҷисмонӣ, аз қабили канда шудани ҳароммағз, зарба ба сараш ва дигар захмҳо ба ҳалокат мерасад. Прокуратураи шаҳри Панҷакент вобаста ба ин ҳодиса парванда оғоз намудааст. Ҳамроҳонаш ҳам гуфтаанд, ки ҳодисаи марги Олег тасодуфӣ буда, аз беҳтиётӣ рух додааст.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply