Марги ду журналисти тоҷик дар як ҳафта

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ҳафтаи ҷорӣ ду журналисти Тоҷик, Фахриддин Собиров ва Нуриддин Суфиев, яке дар натиҷаи болоравии фишори хун ва дигаре дар як садама ҷон супурданд.

Фахриддин Собиров, сухангӯйи Хадамоти гумрук буд ва Нуриддин Суфиев, собиқ корманди Телевизиони Тоҷикистон, Радиои Тоҷикистон ва ТВ Пойтахт (Душанбе HD)  буд. Нуриддин Суфиев, дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ, ки бо айби ронанда рух дод ҷон ба Ҳақ супурд ва  ба таври даҳшатнок ба ҳалокат расид. Кормандони БДА мегӯянд, зарба он қадар сахт будааст, ки мағзи сару устухонҳои Суфиев пора-пора шудааст ва суръати мошин аз ҳад зиёд баланд будааст.

Кормандони сомонаи “Тоҷикистон таймс” ба аҳли байти ин ду қаламкаш изҳори ҳамдардӣ мекунанд

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Марги ду журналисти тоҷик дар як ҳафта

Leave a Reply