Марги муҳоҷири тоҷик дар ҳавопаймо

МУҲОҶИР, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Як шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 13 феврал дар дохили ҳавопаймое, ки аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба Хуҷанд парвоз мекард, вафот кардааст. Ҳавопаймо ба далели марги мусофираш маҷбур шудааст, ки парвозро қатъ карда, дар фурудгоҳи шаҳри Оренбурги Русия бинишинад. Мақомот мегӯянд, муҳоҷири тоҷик зоҳиран аз сактаи қалб ҷон додааст.

Мақомоти тафтишотии вилояти Оренбурги Русия мегӯянд, ба тафтиши як ҳодисаи фавқулодда дар дохили ҳавопаймои Санкт-Петербург – Хуҷанд шуруъ кардаанд. Рӯзи 13 феврал ин ҳавопаймо ба сабаби марги як мусофираш маҷбур шуд, дар фурудгоҳи Оренбург бинишинад.

Гуфта мешавад, ҳангоми парвоз аҳволи яке аз мусофирон, ки шаҳрванди 55-солаи Тоҷикистон буд, бад шудааст. Аъзои экипажи ҳавопаймо талош кардаанд, ки ба ӯ ёрии тиббии аввалия бирасонанд, вале ин кӯшишҳо натиҷа надодаанд ва ин мард дар дохили ҳавопаймо ҷон додааст.

Муфаттиши шуъбаи тафтиши нақлиёти вилояти Оренбург ба нашрияҳои маҳаллӣ гуфтааст: «Ба ҷои ҳодиса гуруҳи тафтишотӣ фиристода шуд. Ҷасади ин мардро барои муайян кардани сабаби маргаш басардхона (морг) интиқол доданд. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ин мард бар асари сактаи қалб ҷон додааст.”

Тафтиши ин қазия идома дорад. Исми шаҳрванди дар ҳавопаймо ҳалокшудаи Тоҷикистон нашр нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки ӯ соли 1963 таваллуд шудааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply