Бибии Маърифат: Набераҳоям тухм гуфта гиря мекунанд, вале…

ДИН ВА ҶОМЕА, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дар хона мурғ дорем, ки онҳо тухм мекунанд. Вале онҳоро ба набераҳоям намедиҳам. Тухмҳоро  фурӯхта ба дар пулаш ягон камбудии хонаро мехарам. Гиря мекунанд, ки ба мо тухм диҳед хӯрем, вале намедиҳам. Ҳамин саҳар дар хонаам нон набуду чанд пораи нони хушке, ки кадом ҳамсояаамон оварда буд, гуфтам мағораҳояшро тоза карда, нонпалов кунед хӯред….

Маърифат Юнусова, сокини ноҳияи Рӯдаки деҳаи Моикаҷ мебошад, ки ба идораи мо омада буд. Ӯ 56 сол дорад ва аз соли 2003 аз шавҳараш ҷудо шуда, бори вазнини зиндагиро танҳо бар дӯш дорад.
Ҳаёти талхашро нақл карду дар охир аз шароити вазнини зиндагиаш сухан оғоз кард, ки 8 набера дар хонаам ҳаст, як писари бемор дораду 3 фарзанди дигарам дар маҳбас ҳастанд. Худам ба нафақа набаромадаам. Тасаввур кунед, онҳо нон мегӯянд, шакар мегӯянд, қанд мегӯянд, вале барояшон муҳайё сохта наметавонам…

Фарзандонро бо азобу машаққат калон кардам. Раҳматии падарам, дар зери як кӯҳ замин дошт, барои фарзандонам доду аз тарафи ҷамоат онро ҳуҷҷатгузорӣ кардем. Бо дастгирии фарзандонам се хонаи бомӣ сохта, даромада зиндагӣ кардем. Писару духтарамро аз ҳамон хона оиладор кардам. Аз он ки хонаҳоямон  дар ҳолати садамавӣ қарор дорад писаронам, хостанд, ки хонаҳоямонро ба тартиб дарорем. Бо ин мақсад ба Русия рафта, дар хонаи як марди сарватманд ба сохтмон шурӯъ карданд. Вай мард дар Русия фарзандони шахсони сарватмандро дуздида, бо пули калон бар мегардонидааст. Ба ғайри ду писари ман боз 5 нафар муҳоҷири дигарро бо иттиҳоми ҳамдастонидтӣ бо соҳиби хона ба маҳбас кашиданд.
Аз фарзанди аввалам 1 фарзанд, аз дуюми 3 фарзанд, хулоса нигоҳубини 8 набера бар дӯшам мондааст. Агар касе ба ман кӯмак мекард, то набераҳоям аз гурӯснагӣ раҳо меёфтанду хонаҳои бомӣ ба сарашон чаппа намешуд, хеле шод мегаштам. Агар кӯмак ҳам накунанд, чизе гуфтани нест.
Бо хоҳиши модари дар чорсӯи зиндагӣ танҳо монда, рақамҳои телефонашро мегузорем, то ки хайрхоҳе шояд барояш кумаке намояд.
Юнусова Маърифат: Телефон: 908-666-836
Омодасоз : Маҳинаи Давлат


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Бибии Маърифат: Набераҳоям тухм гуфта гиря мекунанд, вале…

  • Ба ҷои муллоҳои шикамғафс ба шахсони ниëзманд хайр кардан лозим ! ин аст хайр дар роҳи Худо !

Leave a Reply