Маркази миллии тестӣ аз тамдиди муҳлати бақайдгирӣ то  имтиёз ба довталабон

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

 Имрӯзҳо хоҳишмандони қабул ба мактабҳои олӣ ва волидайни онҳо аз ҳарвақта серташвиштаранд. Дар паси дари қабулгоҳ, роҳравҳо, ҳавлии мактабҳо – нуқтаҳои бақайдгирӣ пур аз довталабанд, ки якҷо бо падару модар ва дигар наздиконашон барои сабти ном кардан ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар ҷамъ омадаанд. Ҳама аз якдигар мепурсанд: «Шумо ихтисосҳоро аз кадом кластер интихоб кардед?», «Аз кадом ноҳия омадед?»… Ҳарчанд онҳо дар ҳар гӯшаю канори кишвар зиндагӣ мекунанд, аммо ҳамаашонро як мақсад ҷамъ намудааст: дар мактаби олӣ таҳсил намудан. Барои огоҳ гаштан аз ҷараёни ҳуҷҷатсупорӣ ва интихоби касб аз ҷониби довталабон бо чанде аз онҳое, ки барои сабти ном кардан дар нуқтаи бақайдгирии № 01/01, воқеъ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳозир шуда буданд, ҳамсуҳбат гаштем. Бештарашон бо дили пур ва боварӣ мегӯянд, ки дониши хуб доранду номи донишҷӯро сазовор мешаванд.

  • Ман як маротиба ҳуҷҷатҳоямро супоридам, аз имтиҳон низ гузаштам, аммо ба донишгоҳ ба тариқи шартнома дохил шудам. Шароити оилавиамон вазнин буд. Барои ҳамин, ба Русия ба муҳоҷират рафтам. Соле баъд боз омада, ҳуҷҷат супоридам. Ин навбат маро ба хизмати ҳарбӣ бурданд. Хизматро тирамоҳ тамом карда, боз имсол мехоҳам ҳуҷҷатҳоямро супорам. Интихобҳоям аз гурӯҳ (кластер)-и дуюм аст. Умед дорам, ки мегузарам, – нақл кард Афзалшо Ёров, сокини ноҳияи Варзоб, ки дар паси дари нуқтаи бақайдгирӣ мунтазири навбат буд.

Насимҷон Ризоев, сокини ноҳияи Рӯдакӣ: «Ман кластери якумро интихоб кардам. Мехоҳам, ки ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дохил шавам. Дар кластери якум довталаб кам аст, бовар дорам, ки мегузарам». Ба саволи он, ки чаро ин донишгоҳро интихоб намудааст, номбурда гуфт, ки Донишгоҳи аграрӣ кафедраи ҳарбӣ низ дорад ва бо ин мехоҳад бо як тир ду нишон занад.

Азиза Наботзода, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, кластери сеюмро интихоб намудааст. Ӯ дар суҳбат гуфт, ки худ дӯзанда аст, вале мехоҳад чевари касбӣ шавад. “Тарҳҳои тозаи либосро мехоҳам, ки омода созам. Ба ин хотир ихтисоси дизайнериро интихоб намудам. Маркази миллии тестӣ барои ҳама имконияти якхела додааст, аз он истифода мебарам. Бовар дорам, ки бо донишу ҳунарам ба ин орзуям мерасам».

Дар паси дари нуқтаи бақайдгирӣ шахсони дар навбатистода барои номнависӣ кардан зиёд буданд. Як бону аз ноҳияи Шаҳринав, ки тақрибан 40-сола менамуду аз гуфтани номаш худдорӣ кард, гуфт: «агар наберадор намебудам, ман ҳам ҳуҷҷатҳоямро месупоридам. Келинам ҳам донишҷӯ аст. Имсол духтарам дохил мешавад. Маркази миллии тестӣ барои ҳамаи хоҳишмандони таҳсил дар макотиби миёнаю олии касбӣ имконияти баробар фароҳам овардааст. Агар мо ҳам дар замони наврасию ҷавониамон чунин шароит медоштем, ҳеҷ гоҳ аз таҳсил намемондем. Замони ҷанг буд. Падару модарам аз тарси ҷонамон намонданд, ки ба донишгоҳ дохил шавем. Имрӯз орзуямро дар ҳаёти духтарам амалӣ кардан мехоҳам. Духтарам ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил шуданӣ аст. Ба ӯ барои омодашавӣ ба имтиҳон ёрӣ мерасонам. Тестҳояшон осон, умедворам, ки мегузарад.

Абдубосит Нуралиев, корманди Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон, сармуҳаррири дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” дар хусуси рафти қабули довталабон гуфт: «Маркази миллии тестӣ чун солҳои пешин қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро ба макотиби олии кишвар аз 1-уми марти соли равон шурӯъ намуда, он то 15-уми апрел идома хоҳад ёфт. Аз 15-уми апрел эҳтимоли тамдид кардани ин муҳлат то охири моҳ ҷой дорад. Ҳамзамон, аз 16-уми апрел даври якуми азнавбақайдгирӣ шурӯъ мешавад, ки дар он довталабон метавонанд интихобҳои худ – комбинатсияи ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шаклу намуди таҳсил ва маълумоти дигарро бо пардохти маблағи иловагии 25 сомонӣ иваз намоянд”.

Тибқи иттилои номбурда, барои аз қайд гузаштан ба довталабон асосан се ҳуҷҷат зарур аст:

  • асл ва нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат;
  • ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот:
  • маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунанда будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ);
  • асл ва нусхаи аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ (барои онҳое, ки синфи 11-умро хатм намудаанд);
  • асл ва нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд);
  • расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”.

Ҳамчунин, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо барои онҳое, ки ба ягон гурӯҳи имтиёздор дохил мешаванд.

Маблағи хизматрасонӣ барои сабти ном ҷиҳати ширкат дар имтиҳонҳо ба ҳар як довталаб имсол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 250 сомонӣ муқаррар карда шудаст.

Ятимони кулл ва бепарасторони то 21-сола, ҳамчунин, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”-е, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, аз пардохти маблағи муқарраршуда озоданд.

Шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд ва маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб” аз маблағи муайяншуда танҳо 50 %-ро, яъне 125 сомонӣ пардохт мекунанд.

Шахсони дорои чунин имтиёҳо ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.

Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ асосан дар муассисаҳои таълимие мегузаранд, ки бо техникаю технологияи ҳозиразамон муҷҷаҳазанд. Волидон ё наздикони дигари довталаб дар толори махсус рафти имтиҳонсупориро аз камераҳои назоратӣ, ки дар ҳар як синфхона гузошта шудааст, назорат мекунанд. Маркази миллии тестӣ ҳамаи имкониятҳоро барои шаффофу одилона баргузор кардани имтиҳонҳои дохилшавӣ фароҳам овардааст. Ҳар шахсе, ки донишу маҳорати арзанда дорад, метавонад донишҷӯйро сазовор гардад ва дар ин маврид ба кумак ё воситае ниёз надорад. Аз ин рӯ, довталабонро мебояд танҳо ба донишу маҳорати худ такя карда, ба фиребу дурӯғи касе бовар накунанд, фирефтаи қаллобон нашаванд, таъкид месозад А. Нуралиев

Саодат Розиқзода ,

«Тоҷикистон»


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply