Маъруф Гулов: Дарвоза боз шуд, акнун навбати кор…

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

  Мусоҳиби ман зодаи Ӯзбекистон аст, вале  як умр дар Тоҷикистон зистаю ба фаъолияти илмию педагогӣ машғул будааст. Ӯ Маъруф Гулов, устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон  мебошад  ва ҳоло сахт хурсанд аст, ки метавонат бе мушкилот бо бародарону  хоҳарон ва хешу ақрабои худ дар он самти марз беманониат дидор бинад ва дар маъракаю шодиҳояшон якҷо бошад. Аммо қабл аз ҳама, бештар аз он розӣ аст, ки ниҳоят дар кишвари ҳамсоя дарк намуданд, ки  “аз  хеши дур ҳамсояи наздик беҳтар аст…”

— Шумо, ки пас аз чандин соли ҷудоӣ ба Ватани аҷдодии худ рафтед, онро чӣ гуна дарёфтед?

-Албатта, тағйиротҳоеро мушоҳида кардам, аммо асосан ҳамон тавре ки буд, мондааст. Бисёр касон нестанд, насли нав ба воя расидааст, ки мутаассифона,  мо аксари онҳоро бори аввал медидем. Аммо қабл аз сафари худ ба Ӯзбекистон як гурӯҳ ҳамшаҳриҳои мо ба ин ҷо омада буданд. Онҳо ба чашмони худ бовар намекарданд, ки ҳамин шаҳр Душанбе аст. Онҳое, ки дар  ин ҷо таҳсил карда,  гаштаю баргашта мепурсиданд, ки ин кадом кӯча асту фалон кӯча куҷо шуд? Роҳҳои моро медиданд, биноҳои моро медиданд, бозорҳои моро медиданд ва мегуфтанд:  “Ба мо маълумоти дигар мерасонданд, аммо “шунидан кай бувад монанди дидан” гуфтани халқ рост будааст…”

-Шумо бо мошини худ рафта будед? Ягон мушкилот пеш наомад?

-Не, баръакс. Вақте ки бо мошини худ рафтам, корам боз осонтар шуд. Ҳамроҳи оилаам дар марзи Ӯзбекистон пас аз супоридани маблағи муайян  ҳамагӣ дар давоми даҳ -понздаҳ дақиқа расмиёти гумрукиро ба ҷо овардем. Муомилаи сарҳадчиён ва гумрукчиёни ӯзбекро дида, гумон кардем, ки ба хонаи ягон хешу табори худ омада бошем.  Маълум буд, ки аз боло супориш шудааст, ки нисбати тоҷикистониҳо   рафтори бародарона кунанд.

-Ба андешаи шумо, барои ба чунин сатҳи баланд  расидани муносибатҳои байни ду кишвар чӣ сабаб шуд?

-Қабл аз ҳама, сабурию дурандешии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Чаро?  “Қарсак аз ду даст” гуфтаанд. Агар Роҳбари давлати мо барои рушди ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон таваҷҷуҳ зоҳир намекарданд, магар чунин мешуд? Гумон мекунам, ки роҳбари ҳарду  кишвар сари ин масъала дурандешии сиёсӣ зоҳир намуданд.

-Мушаххасан, ҳоло оғози ин ҳамкориҳо ба мардуми ду кишвар чӣ доданд ва шумо чӣ тағйироте дар ин марид мушоҳида кардед?

-Дар ҳар ду ҷониби сарҳад мардум аз паст шудани нарху наво ва баланд шудани қудрати харидории худ хурсанданд. Тасаввур кунед, нархи як баста тухм (30 дона) дар бозори наздисарҳадии Регар, ки нав ташкил шудааст,  ҳамагӣ 10-12 сомонӣ, як кило анор 8 сомонӣ, як халта орд аз 100 сомонӣ ҳам камтар аст ва  дар он тарафи сарҳад бошад, дар бозори Деҳнав нархи себу нок хеле коҳиш ёфтааст. Аз ҷониби дигар,  ҳамсояҳои ӯзбеки мо аз омадани барқи деринтизори тоҷик басо хурсанданд: “сифати барқи шумо хеле хуб аст” мегӯянд онҳо. Пас аз воридшавии барқи тоҷик дар деҳоти Ӯзбекистон реҷаи барқ, ки то ин дам мавҷуд буд, барҳам хӯрд. Ҳоло сементи хушсифати тоҷик низ дар байни мардум шуҳрат пайдо кардааст…

-Шумо барои чанд рӯз ва ба кадом қисматҳои Ӯзбекистон сафар кардед?

-Мутаассифона, вақти мо хеле кам буд , аммо дар давоми се рӯз тавонистем, ки ҳам ба дидори наздикон бирасему ҳам то Самарқанди бостон рафта, аз зебоиҳою ҳашамати бунёдкориҳои гузаштагони худ лаззат барем ва дар як маърака  низ ширкат кунем. Ба ман махсусан дидани пайкараи Абдураҳмони Ҷомӣ ва шогирдаш Алишери Навоӣ, ки дубора ҷои хуро гирифтанд, басо хушоянд буд.

-Чун сухан аз маърака рафт, донистан мехостем, ки гузаронидани тӯю  маъракаҳо он ҷо чӣ гуна аст?

-Роҳбари  Ӯзбекистон дар пайравӣ аз Президенти мо ҳоло маъракаи тӯю азоро дар ин кишвар ба танзим дароварда истодааст ва ба наздикӣ ин танзим шакли қонунро хоҳад гирифт, зеро таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки  халқи мо аз амалӣ шудани супориши Пешвои худ бурди зиёде кард. Дар ин кишвар на танҳо роҳбари аввал, балки роҳбарони маҳаллӣ низ ҳалли  бисёр масъалаҳо аз мо омӯхта истодаанд. Масалан, раиси вилояти (ҳокими) Сурхондарё пас аз сафар ба Тоҷикистон  дар ҷаласаи роҳбарон  баромад карда, гуфтааст, ки дар асоси таҷрибаи ҳамсояҳо  дар ҳудуди вилоят, бисёр дигаргуниҳо ворид хоҳад кард.

-Дар маҷмӯъ, муносибати мардуми одии ӯзбек  ба ин тағйиротҳо чӣ гуна аст?                    

-Маълум, ки ҳама аз иқдоми ду роҳбар хурсанданд, вале аз ҳама бештар ба ман чеҳраи мардуме, ки бевосита ба мошини мо наздик шуда, бошавқ рақамҳои тоҷикиро тамошо мекарданду  дар бораи Тоҷикистон савол мекарданд, маъқул шуд. Аз ин чеҳараҳо нур меборид…Дар байни мардуми одӣ Пешвои миллати  мо обрӯи хеле баланд доранд. Ҳар сари қадам ӯзбекҳо аз он, ки Президенти Тоҷикистон аввалин шуда, аз пояи тобути Президенти собиқи Ӯзбекистон бардошт, ёдоварӣ мекарданд ва  одамияти баланди ӯро гушрас менамуданд.

-Ҳамкории минбаъдаи ду кишварро чӣ гуна мебинед?

-Аввалан, дарвоза боз шуд ва акнун ба нафъи ду халқ  кор бояд кард. Ин кор аз чӣ иборат хоҳад буд, роҳбарон муайян хоҳанд кард.  Аҷибаш барои ман он аст, ки дар як муддати хеле кӯтоҳ ду роҳбар чангеро, ки дар давоми зиёда аз бист сол ин хонаро пахш карда  буд, таконданд ва ба хона ҳавои тоза ворид шуду исми ин роҳбарон дар таърих абадан боқӣ монд. Минбаъд тозагии ин ҳаворо  бо шинондани гулу гиёҳҳо нав ба нав бояд барои ҳамешагӣ  нигоҳ дошт…

Мусоҳиб,

Абдумудассир АҲМАДЗОДА


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply