Мастчоҳ: Донишҷӯдухтар  аз дуюм ошёна худро  партофт

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Бино ба гуфти як манбаи боъэтимод аз Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ нимаи аввал имрӯз, тахмин соатҳои 10:00-10:30 дақиқа  як духтар аз дуюм ошёнаи коллеҷ худро ба замин партофтааст.

Ба гуфти манбаъ духтар донишҷӯи соли дуюми коллеҷи мазкур буда, дар заминаи муноқиша ва ракш бо ҷавони дӯстдоштааш   даст ба чунин амал задааст: -“Баъди ҳодиса як муаллимаи коллеҷ фавран духтарро ба беморхона  мебарад ва маълум мешавад, ки пои ӯ шикастааст. Айни ҳол духтар дар коллеҷ аст  ва маълум нест, ки ғайр аз шикастани пой ягон  осеби дигар  гирифтааст ё не..”-афзуд манбаъ.

                                                                                        Фарзона Муродӣ  


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply