Мастчоҳ: Марди 57-сола гулӯи ҳамсарашро бурид

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 57-солаи сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳро ҳамчун гумонбар дар одамкушӣ дастгир намуданд.

Номбурда, рӯзи 9-уми майи соли 2018, тахминан соати 12:20-дақиқа, дар хонаи истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, зани 57-сола, ҷангу ҷанҷол карда, бо мақсади ба қатл расонидан, ҳангоми бо корди хоҷагӣ гарданашро буридан, корд шикастааст.
Баъдан номбурда кирдорҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, бо кафлези оҳанин ба узвҳои бадани ҳамсараш якчанд маротиба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply