Мавлонзода: Паём сармашқи кор ҳар корманд аст

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

 Оид ба Паём ва аҳамият он  то Паёми  навбатӣ гӯему нависем ҳам камӣ дорад. Зеро роҳбари давлат пеш аз ҳама  ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояии қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон бо Паёми навбатии худ тамоми самтҳои фаъолияти дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлил ва хулосабарории ҳаматарафа қарор дод.  

Маҳз тҳлилҳои амиқ, дастурҳои дурусту саривақтии Пешвои миллат, ки робитаҳои ҳамаҷониба байни дигар кишварҳо густариш ёфта истодааст.  Ин кӯшишу талошҳо буд, ки  тайи солҳои охир дар Тоҷикистон низоми соддакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 кишвари ҷаҳон ҷорӣ гардида, шабакаи ягонаи электронӣ ба кор андохта шудааст.  Низоми соддакардашудаи раводид бори дигар аз сиёсати хирадмандони ва башардӯстони Президенти кишвар шаҳодат медиҳад, ки бо баробари бо ин васила азм дорад, робитаҳои дӯстию ҳамкориро ба кишварҳои зикршуда пиёда намояд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  22 декабри соли 2017 баргузор шуд, «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» бисёр масъалаҳои зарурӣ ва саривақтӣ зикр гардид, ки ба ҳаёти ҳар як шаҳрванди кишвар новобаста аз фаъолият, шароити зиндагӣ, синну сол ва дигар арзишҳову хусусиятҳо вобастагб ва аҳамияти бузурге дошт.

Ба аксарияти мо маълум аст, ки дар Паём оид  ба натиҷаҳои ноилгардида ва ҳалли масъалаҳои бамиёномада барои солҳои минбаъда дастуру ҳидоятҳои мушаххас дода шуд. Ман ҳамчун як корманди мақомоти судӣ ва яке аз меваҳои даврони Истиқлол Паёмро  ҳамчун роҳнамои  ҳадафҳои  созандаи кишвар,   тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва роҳнамои тамоми кору афкори шаҳвандон ва масъулон мешуморам.

Бешак  Паёмҳои ҳарсолаи сарвари муаззами мо як ҳуҷҷати барномавӣ барои ҳамаи самтҳои сохтору вазоратҳо, мақомоти давлатӣ ва ҷомеа аст, ки давра ба давра ҳадафҳои давлат дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ҳифзи аминияти озуқаворӣ таъмин  гардида истодаанд.

Инчунин дар Паёми Сарвари давлат масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо   андешаи созанда зикр шуд, ки ин яке аз самтҳои асосӣ дар ҳамаи соҳаҳо ба шумор меравад. Боиси хушнудист, ки Пешвои миллат таъкид дошт, ки   интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро танҳо тавассути озмун ба роҳ монда шавад.

Мантиқан бигирем беҳтарин роҳ аст дар бобати кадрҳо. Вақте тавассути озмун кадр интихоб мешавад мусаллам аст барои тоза кардани сафи тамоми сохторҳо ва мақомот аз шахсони тасодуфӣ ва ноарзанда мусоидат мекунад.

Дар Паёми Пешвои миллат оид ба риояи қатъии Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва татбиқи усулҳои муассири назорати дохилӣ  бисёр суханони олӣ зикр шуд.  Риояи одоб вазифаи инсонӣ ва виҷдонии ҳар инсони худогоҳ ва закӣ аст.  Мо ки дар мақомоти судӣ кор мекунем ва ҳамарӯза ба шаҳрвандони сарукор дорем, бо мушкилоту муаммоҳои эшон кор мегирем одоби касбиро риоя кардан фарз аст барои ҳар кадоми мо.

                                                       Мавлонзода Парвиз  Махсум, котиби маҷлиси суди шаҳри Бӯстон

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply