Мазҳака дар фурудгоҳ ва 30 соати интизории анҷоми он

ИҚТИСОД, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Навиштан беҳтар ё муҳри хомӯшӣ ба лаб бастан? Баъд аз як шаби бехобӣ дар фурудгоҳи  “Домодедово” ва як рӯзи интизорӣ дар шаҳри Маскав ба хулоса омадам, ки муҳри хомӯширо шиканам. Нонавиштан азоби  виҷдон аст,  шояд навиштан ҳам, агар сухан ба бод равад. Баъзан аз худ қаҳрамон  метарошем, ҳарчанд амаламон чун ҳуҷуми Санчо Панса ба чархи осиёби бодӣ, аз китоби “Дон Кихот”- и Сервантес, об дар ҳован кӯфтан аст.  Ҳама қаҳрамон, ҳама мушт ба сина мезананд, ки дар пайи дифоъ аз манофеи Ватан ҳастанд.  Аммо ангуштшуморон дар амал, тӯда дар сухан.

Манзарае дар фурудгоҳи «Домодедово»-и шаҳри Москав маро ба чунин андеша овард. Он манзара ба андозае таҳқир ва ваҳшатовар буд, ки соати 4-и шаб ба сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторӣ занг задам. Баъдтар низ бо ӯ дар тамос шудам ва барои бевақт занг задан узр пурсидам. “-Не, не, ҷои узр пурсидан нест, дуруст кардед, аммо…”- гуфт ӯ. Суҳбати тӯлонии пурмуҳтаво водор сохт, ки сари “аммо…” баъдан суҳбате меороем. Вале дар фурудгоҳи “Домодедово” чӣ ҳодисае рӯй дод, ки боиси нигаронӣ гашт? Чун ҳамеша мушт ба сари сина кӯфта, барои парвоз ширкати “Тоҷик- Эйр”-ро интихоб намудам, зеро ширкати ватанист.  Рейси 628 соати 11:15 бояд аз Маскав ба Душанбе парвоз мекард. Аксари мусофирон муҳоҷирони меҳнатӣ, миёнашон занҳо ва тифлон низ кам набуданд. Чанд нафар аврупоичеҳра, ки тахмин мерафт аврупоинажод ҳастанд,  чашм ба тӯдаи мусофирони тоҷик доштанд. Онҳо синчакорона ҳамаро назорат мекарданд. Ногоҳ эълони таблои баромадгоҳи рақами 4 иваз гашт: ба ҷои соати 11:15 рақами 12:10 пайдо шуд. Баъдан эълон садо дод, ки парвоз мавқуф гузошта шуд. Тӯда андаке ба ҷунбиш омад. Яке оҳе кашиду гуфт:

-Як соат, ду соат дер кардани “Тоҷик Эйр дарди бахайр, Худо накунад, ки…

Фариштаҳо омин карданд, ки ин сухан аз даҳон баромаду ба доман часпид. Ҳар соат вақти парвоз мавқуф гузошта мешуд.  Соате чанд баъд ба мусофирон хӯрок пешниҳод карданд. Мусофирон аз болои гардани ҳамдигар хам шуда, талоши гирифтани қуттии ғизо мекарданд. Баъди ба кафашон афтодани ғизо ба гӯшае рафта, онро ҳаросон мехӯрданд. Занҳои ҳузарб талоши миёни мардон даромада, қуттии хурокаро гирифтан мекарданд. Кӯдакон ин манзараро дида, мисли оне, ки ба тарс афтода бошанд, гиря баланд мекарданд. Чанд мусофири сайёҳи дар гӯша нишаста ин манзараро акс ва наворбардорӣ  менамуданд. Ба онҳо мусофирони дигар тайёраҳо низ ҳамроҳ шуда, манзараи барояшон ғайриоддиро тамошо доштанд. Бо ишора ба тӯда аҳён-аҳён садои “таджики” ба гӯш мерасид. Тамошобинон мисли репортёрҳои мавзӯи тоза пайдокарда телефонҳои мобилиашонро ба кор дароваданд.

Ҳама чашм ба таблою гӯш ба баландгӯяки фурудгоҳ буданд. Лаҳзае нагузашта эълон шуд, ки бо сабабҳои техникӣ парвоз ба фардо, ба вақти номуайян мавқуф гузошта мешавад. Мавҷи тӯдаи ба хурӯш омада сӯи шахси эълонкунанда ҳуҷум оварданд. Касе -касеро гӯш намекард. Садои яке аз дигаре баландтар буд. Шахсе, ки эълон аз забонаш садо дода буд,  аз тарс изҳор намуд, ки ӯ ҳам мусофир аст. Тӯда намояндаи “Тоҷик Эйр”-ро талаб кард. Аз паси дарвозаи шишагин ҷавони боадаби галстукдор  дар гардан пайдо шуд. Ӯ изҳор намуд, ки барои ҳама меҳмонхона омода аст. То омадани ҳавопаймои нав мусофирон метавонанд дар он ҷо истироҳат кунанд. Ин пешниҳод чун хабари нохуш  тӯдаро ба шӯр овард. «Дурӯғ мегӯянд!», «Моро фиреб медиҳанд!»,  «Моро ба кӯча мепартоянд!»…. Ба ҳамин монанд садоҳо толори фурудгоҳро фаро гирифтанд. Шумораи тамошобинон меафзуд. Ҷавоне аз ҳуш рафт. Рахна дар тӯда пайдо шуд, ҷавон ба замин афтода  буд. Зане «Фарзандамро куштед!» -гӯён ба рӯйканию мӯйканӣ афтод. Чанд кӯдак аз гиря ғаш карданд. Се полиси мусаллаҳ низ ҳозир шуданд.

Тафсилоти бештар дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply