Меҳрнигори Рустам Ҳиндустонро тасхир мекунад?

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Овозхони ҷавону шинохтаи тоҷик Меҳринигори Рустам дар озмуни таронаву оҳанги «Rising Star” дар Ҳиндустон бо таронаи машҳури «Хатуба” аз филми ҳиндии «Алибобо ва 40 роҳзан” ҳунарнамоӣ карда, алакай ба даври сеюми ин сабқат роҳ ёфт. Ҳунарнамоии Меҳринигорро тавассути шабакаи телевизионии «Colors TV”-и Ҳинд даҳҳо миллион нафар тамошо карданд.

Меҳринигори Рустам, овозхони ҷавон, вале алакай хеле шинохтаи тоҷик бо ҳунарнамоии худ дар «Rising Star” — сабқати овозхонҳои ҷавони Ҳиндустон ҳам ҳайъати ҳакамон ва ҳам тамошобинони ҳиндиро ба ваҷд овард. Дар даври дуюми ин озмун Меҳринигор бо сару либос ва зару зевари милили тоҷикӣ таронаи машҳури «Хатуба” аз филми пуртамошобини «Алибобо ва 40 роҳзан”-ро иҷро кард.

Ҷараёни ҳунарнамоии ситораи ҷавони тоҷик дар «Rising Star”-ро даҳҳо миллион нафар тавассути шабакаи телевизионии «Colors TV” тамошо карданд ва ба истеъдоди Меҳринигори Рустам каф кӯфтанд. Меҳринигори Рустам дар саҳнаи «Rising Star” нафақат таронаи «Хатуба”-ро хонд, балки бо забони ҳиндӣ бо муҷриён суҳбат карда, аллакай балад шуданаш ба ин забонро низ ба намоиш гузошт ва тамошобинонро боз ҳам бештар ба ваҷд овард.

Адибаи Рустам, модари Меҳринигори Рустам рӯзи 6 феврал ба хабарнигорон гуфт, ки Меҳринигор алакай аз ду даври озмун гузашт ва ба даври навбатӣ омодагӣ мебинад. Адибаи Рустам мегӯяд, ширкат дар ин озмуни муътабар дар Ҳиндустон, кишваре ки бо сатҳи баланди мусиқӣ ва таронаҳояш маъруф аст, барои Меҳринигор як имтиҳони хеле ҷиддӣ ва ҳам як мактаб аст, чунки ба ҳунари довталабон дар «Rising Star” дар баробари тамошобинон ҳамчунин ҳакамоне баҳо медиҳанд, ки шинохтатарин овозхонҳои Ҳиндустон дониста мешаванд.

«Rising Star” фарзияи ҳиндии як сабқати байналмилалии мусиқист, ки имсол мавсими дуюмашро тай мекунад. Ин сабқат дар Ҳиндустон бори аввал моҳи феврали соли 2017 оғоз ёфт ва асосан дар байни овозхонҳои ҳиндӣ доир мешавад.

Адибаи Рустам гуфт, ҳайъати ҳакамон Меҳринигорро ба таври истисно ва ба хотири ҳунару истеъдодаш ба ин сабқат пазируфтаанд: «Ҳадафи Меҳринигор пирӯзӣ нест дар инҷо. Ин як орзуе аз замони кӯдакиаш буд, ки дар Ҳиндустон ҳунарнамоӣ кунад ва ин орзуяш, шукри Худо, алакай амалӣ шуд. Ва албатта, як ҳадаф муаррифии фарҳанги тоҷикист. Вақте Меҳринигор бо сару либос ва зару зевари тоҷикӣ ба саҳна баромад, инҷо духтарони кашмирӣ гуфтанд, ки ӯ дақиқан аз Кашмири мост. Истиқбол аз Меҳринигор ҳам дар дохили озмун ва ҳам дар саросари Ҳинд хеле гарм аст. Ба саҳифаи ӯ дар Инстаграм ҳар рӯз сели номаҳои ҳаводорони ҳиндиаш мерезад, ки ин албатта, ҳар ҳунармандро рӯҳбаланд мекунад.»

Ҳайъати ҳакамони «Rising Star” ситораҳои машҳуре, чун Шанкар Маҳадевон,Моналӣ Тҳакур ва Дилҷит Досанҷҳро дар бар мегирад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply