• Administrator
  • 18.03.2019
  • 0

Медали биринҷии Беҳрӯз Хоҷазода аз Гранд Слам

Рӯзҳои  15-17 март дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия мусобиқаи байналмилалии  Гранд  Слам оид ба дзюдо баргузор  шуд, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат карданд.

Дар ин бора корманди  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ  хабар додааст. Зикр шуд, ки   ин  сеюмин мусобиқаи Гранд Слам аст, ки соли 2019 баргузор гардид. Паҳлавони маъруфи  тоҷик  Беҳрӯз Хоҷазода  дар рӯзи дуюми мусобиқаи байналмилалии Гранд Слам оид ба дзюдо дар шаҳри  Екатеринбурги Руссия сазовори медали биринҷӣ гардид.

Бояд зикр кард, ки Беҳрӯз Хоҷазода  дар қувваозмоиҳо дар вазни -73кг бар варзишгарони Германия (Роберт Бервиг), Юнон (Ҷорҷиос Маркариан) ғалаба карда, дар даври сеюм аз варзишгари Шведсия Томми Макиас, ки ғолиби ин вазн гардид, мағлуб шуд. Беҳрӯз Хоҷазода дар идома бар Виктор Стерпу аз Молдова ва Эдуардо Барбоса аз Бразил дастболо шуда, ҷои сеюмро ишғол кард. Воқеан медали биринҷии Беҳрӯз аввалин медали дзюдочиёни тоҷик дар мусобиқоти Гранд Слам ва аввалин медали ӯ дар мусобиқоти байналмилалии дзюдо мебошад.

Сомон Маҳмадбеков – паҳлавони дигари тоҷик дар вазни -73 кг пас аз як ғалаба бар Ҳамсат Исоев аз Германия дар даври дуюм аз Фабио Басилеи итолиёӣ, ки медали нуқраро сазовор шуд, шикаст хӯрд.

Хотиррасон менамоем, ки  варзишгарони мо Далер Қурбонҷонов ва Комрон Мамадназаров дар вазни -60кг миёни мардҳо,   Шоҳида Қаландарова дар вазни -57кг миёни бонувон  ва Саидҷалол Саидов дар вазни -100кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100кг дар даври аввал аз ҳарифонашон  мағлуб шуданд.

Ёдовар мешавем, ки  дар сеюмин  мусобиқаи Гранд Слам 353 нафар варзишгарон (202 мард, 151 зан) аз 47 давлати дунё иштирок  карданд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner