Медали биринҷии бонувони тоҷик дар Чемпионати CAFA -2018

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Дастаи мунтахаби бонувони Таоҷикистон оид ба футбол дар даври ниҳоии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бар дастаи Афғонистон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуда, сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар бозӣ бо дастаи бонувони Афғонистон дар ҳайати дастаи  бонувони мо Мадина Фозилова, Шукронаи Ҷумъахон дуголӣ, Лайло Ҳалимова як гол ба ҳадаф расониданд.

Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол барандаи медалҳои биринҷии чемпионати CAFA-2018 гардид. Дар мусобиқаи мазкур, ки дар Тошканд доир гашт, дастаи мунтахаби бонувони мо бо роҳбарии Сулаймон Бобокалонов аз 12 холи имконпазир 6 хол ба даст оварданд. Футболбозбонувони мо бар дастаҳои Қирғизистон (1:0) ва Афғонистон (5:0) ғалаба карда, аз дастаҳои Ӯзбекистон (0:11) ва Эрон (1:4) мағлуб шуданд.

Дастаи бонувони Ӯзбекистон, ки дар ҳар 4 бозӣ ғалаба кард, ғолиби чемпионат шуд. Медалҳои нуқра насиби дастаи Эрон гардид. Қирғизистон ҷои чорум, Афғонистон ҷои панҷумро ишғол карданд.

Пас аз натиҷагирии Чемпионати CAFA дар Тошканд дастаи  мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар баробари медалҳои биринҷӣ ҳамчун дастаи боинтизоми чемпионат ҷоизаи фахрии «Fair play»-ро сазовор шуд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply