Мехоҳӣ ҳамсари ман шавӣ? Аввал хизмати Ватан кун!

ДИН ВА ҶОМЕА, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон назарпурсие дар миёни сокинони Душанбе, алалхусус, байни  ҷинси латиф, гузаронидем. Аз духтарон пурсидем: «Магар шарт аст, ки шавҳари ояндаатон  хизмати Модар-Ватан карда бошад?» Дар посух суханҳои ҷолибро  шунидем. Аҷиб аст, вале қисми зиёди духтарони ҷавон орзуи ба ҷавони хизмати ҳарби карда ба шавҳар баромаданро доранд.

       

  Муҳиба, донишҷӯи бахши аввали Дониишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон чунин иброз дошт: «Ҳарчанд ҷавон асту фикри ба шавҳар барамаданро накардааст, аммо орзу дорад шавҳаршавандааш дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат карда бошад. Беҳтар мебуд, ки дуртар аз макони зисташ хизмат карда бошаду ранҷи дурӣ аз домони модар, хонаи гарми падарро чашида бошад. Ин гуна мардон, ба қадри зиндагӣ мерасанд».

         Мусоҳиби дигарамон Меҳрӣ, ки дар ҳамин донишкада таҳсил мекунад, андешаи дугонаашро ҷонибдор асту мехоҳад, ки марди хизматкарда дари хонаашонро кӯбад. Яъне, мардоне, ки хизмат накардаед, ба хонаи ин духтари қадрас наоед, чунки ӯ мехоҳад танҳо бо сарбоз оиладор шавад.

Зани дигареро (аз гуфтани номаш худдорӣ кард) гуфт, ки намехоҳад  духтарашро ба ҷавони хизматнакарда ба шавҳар диҳад. Ӯ мегӯяд: «Бачае, ки метарсаду аз хизмати ҳарбӣ мегурезад, дар зиндагӣ чӣ гуна метавонад такягоҳи духтарам бошаду фарзандони муваффақро тарбия кунад? Фарзанде, ки аз хизмати Ватани худ мегурезад, мард ҳам несту қадри зиндагиро ҳам намедонад».

       

   Парвина, сокини пойтахт андеша дорад, ки аскарӣ ин як қисмати мактаби ҳаёт мебошад. Марде, ки ин мактабро сарбаландона хатм мекунад, дар зиндагӣ ҳам муваффақ хоҳад буд.

 Ба ҳамин минвол ҷавондухтари дигар (нахост номашро зикр намоем), иброз дошт, ки «ҳатто агар дипломи олӣ дошта бошаду хизмати ҳарбиро адо накарда бошад, беҳтараш ба хостгории ӯ наояд. «Намехоҳам бо ин гуна мард оиладор шавам. Марди хизматкарда зиндагиро пеш бурда метавонад».

Хуллас, духтарон мехоҳанд, ки марди орзуяшон хизмати ҳарбиро адо карда бошад. Онҳо боварӣ доранд, ки мактаби  ҳарбӣ барои ҳар мард мактаби бузург аст. Ин на танҳо ақидаи намояндагони ҷинси латиф мебошад, балки ҷавононе, ки хизмати сарбозиро кардаанд, ҳамин пиндорро пайравӣ мекунанд.

         Самариддин Хоҷаев мегӯяд, ки 5 сол пеш хизмати ҳарбиро аз сар гузаронидааст. Номбурда зикр намуд, ки аз ин мефахраду ҳеҷ пушаймон нест:

-Имрӯз шароит дар хизмати низомӣ нисбат ба солҳои пешин хубтар  шудааст. Хӯрду хӯрок хуб асту ҷойи хоб гарму нарм. Он нафароне, ки аз хизмат мегурезанд, аслан  тарсу  мебошанд. То ин дам фарзандони баномуси миллат моро, хонаводаи моро ҳимоят карданд. Вақте навбат расид, вазифадор ҳастем, ки мо ҳам онҳоро ҳимоя кунем.

Шарифхӯҷа Саидов, полковники мустаъфӣ:

-Ҳар фарзанди миллат, новобаста аз  мард  ё зан буданашон рафта, бо сари баланд хизмати ҳарбиро  намояд. Ҳам барои зан ва ҳам барои мард қарзи фарзандӣ аст, ки Ватани худро муҳофизат кунад. Имрӯз духтарону ҷавонзанон ҳам дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мардонавор хизмат кард истодаанд.  Худам 45 сол дар артиш хизмат кардаам. Фарзандонам ҳам касби маро идома медиҳанд. Ҳатто яке аз духтаронам Коллеҷи ҳарбӣ таҳсил дорад. Ӯ гуфт, ки агар духтаронам ҳарбиянд, ба ҳеҷ ваҷҳ онҳоро ба марди хизматнакарда намедиҳам. Мард бояд дар лаҳзаҳои сангини зиндагӣ такягоҳи боқуввати духтараму фарзандонашон бошад.

Аз ин пурсишҳо хулоса баровардан мумкин аст, ки занҳо дар мисоли мардони хизматдида такягоҳи боэътимодро дидан мехоҳанд. Агар дар замонҳои пеш бонувон родмарди савори аспи сафедро орзу мекарданд, ҳозир марди дар хизмати ҳарбӣ обутобдида ва мушкилнописандро орзу мекунанд.

Ҷавонони азиз! Хизмати Модар-Ватан қарзи фарзандии ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Аз хизмат нагурезед, вагарна…

 

Саодат Розиқзода,

“Тоҷикистон”


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply