Минарӯбӣ дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳамроҳ бо мақомоти Ӯзбекистон поккории минтақаҳоро аз мина дар марзи ду кишвар шурӯъ карданд.

Корҳои минарӯбӣ дар навбати аввал аз қитъаҳои марзӣ дар ҳудудҳои ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғди Тоҷикистон, ки бо вилояти Самарқанди Ӯзбекистон ҳаммарз аст, оғоз шудааст.

Сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев гуфт, наметавонад дақиқ бигӯяд, ки раванди минрӯбӣ дирӯз оғоз шудааст ё имрӯз. «Вале дақиқ он аст, ки ин раванд нахуст дар ноҳияи Панҷакент шурӯъ шуд. Қабл аз оғози он ба ҳайати муштараки ҳукуматӣ барои минрӯбии манотиқи марзӣ бо Ӯзбекистон намояндаҳои нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, вазорати мудофиа ва Маркази миллии зидди минаҳо шомил шуда буданд ва онҳо харитаи минтақаҳои минкоришуда аз сӯи Ӯзбекистонро баррасӣ кардаанд», — афзуд ӯ.

Хабари оғози раванди минарӯбӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар охири ҳафтаи гузашта нахуст Худойбердӣ Холиқназаров, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар ҷараёни як конфронси муштарак бо таҳлилгарони сиёсии Ӯзбекистон эълон кард.

Ёдрас мешавем, дар ҷараёни сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли равон раҳбарони ду кишвар ба созиш расиданд, ки то соли 2019 тамоми минтақаҳои марзиро аз минаҳо пок кунанд.

Минтақаҳои наздимарзӣ миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон баъди он минкорӣ шуд, ки дар соли 1999 як гуруҳи ҷангҷӯёни «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» талош карданд, тавассути пайраҳаҳои куҳии Тоҷикистон ба вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон бигзаранд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply