Модарам маро ба мардҳои афғон фурӯхт

ВМКБ, НТМ, Слайдер, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН

Натарс духтарам, вай ягон кори бад намекунад, фақат мехоҳад туро оғӯш карда хоб равад…

-Хун ба сарам зада бо тамоми овоз фиғон кашидам:

-Ман фоҳиша нестам, ки ба оғӯши ин буққа дароям. Оғӯш карданӣ бошад, туро оғӯш карда хоб равад!

-Вай барои ман не, барои ту омадааст. Ҳар кас барои як шаб 1000 доллар намедиҳад, духтари сода,-инро гуфта модарам ба марди афғон рӯ овард:

-Интизор шуда меистӣ, ки кай сайд бо пойи худаш ба оғӯши ту медарояд. Вай ҳанӯз духтари хона ва мисли кабки сӯр аст, рӯйи даст бардошта бар, вагарна насиби ягон шикорчии дигар мешавад….

Ҳанӯз сухани модарам ба итмом нарасида, марди афғон мисли уқоби чӯҷагир маро озод аз замин бардошт ва ба дасту по задану доду фарёдам аҳамият надода ба хонаи хоб даровард. Вай маро бо эҳтиёт рӯйи рахти хоб партофта, дарро аз дарун маҳкам кард……

(Давомаш дар шумораи №23-и ҳафтаномаи «Оила»)

Занам бо кавалераш ба Русия фирор кард

Рӯзе писари хурдиам, ки 8-сола аст ба бибиаш мегӯяд, ки модарам имрӯз ҳамроҳи ман барои дидани як мард рафта буд ва он мардаки бегона модарамро бӯса кард.

Модарам ба таҳлука афтида аз паси келинаш се моҳи дароз мепояд ва билохира ӯро бо ошиқаш дастгир мекунад. Барои он ки оилаи ман вайрону кӯдаконам зиндаятим нашаванд, модарам дар назди занам шарт монда мегӯяд, ки ман сирру асрори туро ба писарам намегӯям, агар аз ин пас ақлатро ба сарат гирифта, дигар чунин номаъқулиҳоро накунӣ. Ҳамсари бешармам ба ҷойи бахшиш пурсидан ба рӯи модарам давида….

(Идомааш дар шумораи №23-и ҳафтанмоаи «Оила»)

ЯК ЗАН ДАР ШАҲРИТӮС 10 МАРДРО БА СПИД  ГИРИФТОР КАРД

Як зани 30-солаи танфурӯш аз ноҳияи Шаҳритӯс, ки ба вируси ВИЧ- ангезандаи бемории СПИД мубтало шуда буд, дидаю дониста 10 мардро ба ин вируси қаттол гирифтор кардааст.

Ин зан ҳоло дар боздошт қарор дорад ва парвандааш рӯзҳои наздик барои муҳокима ба додгоҳ фиристода мешавад. Маълум нест, ки «клиент”-ҳои ин зан боз чанд каси дигарро ба вируси ВИЧ-СПИД олуда кардаанд.

(Давомаш дар шумораи №23-и шумораи «Оила»)

Тавбаи марди духтарбоз

Ҳомиёни қонун ҷавони ба номуси духтарам таҷовуз кардаро ёфта ба ҷавобгарӣ кашиданд, вале ман хуб медонам, ки ин ҷазо буд.

Ҷазо барои тамоми занҳое, ки бо пули ҳаром онҳоро аз роҳ бароварда, ба гирдоби зино ғӯтавар намудам. Оре, ин ҷазо буд, ҷазои Парвардигор барои ашкҳои зори Мадинаи бегуноҳ, ки мани аҳмақ домони исматашро доғдор намуда, ҳаёташро сӯзондам. Офаридгор духтари аз ҷон азизтарамро гирифтори таҷовуз ва бо марг рӯ ба рӯ кард, то дар ҷони худ ҳис кунам, ки аз даст додани номус чӣ қадар аламовар ва дарднок аст…

(Давомаш дар шумораи №23-и шумораи “Оила” )

Ишқи хунини  зани рус ва муҳоҷири тоҷик

Ҳар боре, ки ба он ҷон меравам, ба пеши поям афтида зорию тавалло мекунанд, ки онҳоро кушам, то ки аз азобу ранҷ халос шаванд, вале ман аҳмақ нестам, ки як тир зада, чунин марги осонро ба онҳо ҳадя намоям. Он ду хиёнаткор дар ҳамон чоҳи торик ҳаргиз рӯйи офтобро надидаю аз азоби ташнагию гуруснагӣ ҷонашон ба лабашон расида, оқибат хӯроки калламушҳо мешаванд…

(Давомаш дар шумораи №23-и ҳафтаномаи «Оила»)

Кӯдаки 8-моҳаамро аз хонаам дуздиданд

Моҳи апрел, соатҳои дуи шаб садои тақ-тақи дар баромад. Гумон кардам, ки зани ҳамсоя аст, чунки овози занонае Матлуба гуфта, маро садо мекард.

Дарро кушоданамро медонаму халос, баробари боз гаштани дар марди тануманде зада ба хонаам даромад ва даҳонамро бо дасташ маҳкам дошта, кашолакунон маро ба хонаи хоб даровард. Бо чашмони ҳаросон дидам, ки чӣ тавр аз паси он ғулбарзангӣ як зани миёнасоли сафедпӯст ба хона даромад ва писарчаи ҳаштмоҳаи маро, ки ғофил аз ин ҳама савдо дар рӯйи ҷогаҳ масти хоб буд, осемасар ба бағалаш гирифта, ҷониби дар давид…

(Давомаш дар шумораи №23-и ҳафтаномаи «Оила»)

Як гулу сад харидор

ё чаро Демет Оздемир кавалерҳояшро мисли дастпӯшак тез-тез иваз мекунад?

Пас аз чанд муддат Демет худаш аз баҳри Фуркан гузашта, бо ҷавони дигаре аҳди муҳаббат баст, аммо ошиқи наваш ҳам ба вай нафориду баъди чанде кафшҳояшро пеши пояш гузошт. Ин зебосанам ошиқонашро мисли дастпӯшак тез-тез иваз карда, бо ҳамин роҳ аз ошиқи аввалинаш Юсуф интиқом мегирад. Бевафоии Юсуф Деметро дар муносибат бо мардҳо бераҳм гардонидааст, вале мухлисонаш умед доранд, ки ниҳоят ягон марди асил пайдо шуда, дили ранҷидаи ин париро аз нав ба ишқи пок гарм месозад ва ҳамроҳаш қасри бахт бунёд менамояд…

(Давомаш дар шумораи №23-и ҳафтанмаи «Оила»)

Найрангҳои моиндар

Моиндарам писар таваллуд карду буҷулаш якбора асп хест. Дигар ягон кас ҳаққи ба ӯ гап задан надошт, чунки падари як умр дар ҳасрати писар сӯхтаам акнун зану бачаашро тори сар карда мегашт.

Духтар доштанашро гӯё фаромӯш карда буд. Мо се духтар ғуломи моиндар гашта, аз хати кашидаи ӯ як қадам берун баромада наметавонистем. Рӯзе хоҳари хурдиам аз гаҳвораҷунбонӣ дилгир шуда, ба кӯча бозикунӣ баромадааст. Бегоҳ моиндарам хуб ба падарам шӯрандозӣ карда, алов монд. Падари бадҷаҳлам барои писараш шуда, хоҳараки бечораамро чунон бераҳмона зад, ки аз даҳону биниаш хун фаввора зада шорид. Се хоҳар талхакаф шуда, зор-зор гиря кардем, ки очаҷон, аз зиндагӣ сер шудаем, моро ҳам ба назди худат бар, дигар тоқати азоби моиндарро надорем. Дили Худованд шояд аз гиряҳои зори мо ба дард омад, ки баъди як рӯз падарамро сахт ҷазо дод…

Мехоҳед донед, ки офаридгор падари бераҳмро чӣ гуна ҷазо дод?

Пас, ҳамаи ин саргузаштҳоро дар шумораи №23-и ҳафтаномаи “Оила”-мутолиа намоед!!!

Телефонҳо барои дастрас намудани ҳафтаномаи «Оила»: 918-63-31-63

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply