Молу мулки ДИИШ-иҳо мусодира мешавад

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Бар асоси як тағйири нав дар Кодекси ҷиноятӣ, молу мулки он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои ташвиқ ва ширкат дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ айбдор шудаанд, мусодира мешавад.

Ҳафтаи гузашта вакилони Маҷлиси олии Маҷлиси миллӣ ба моддаи 57-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне мусодираи молу мулк” тағйирот ворид карданд, ки бар асоси он, шаҳрвандоне, ки “дар хариду фурӯши одамону​истифодаи силоҳҳои кимиёвӣ даст доранд ва онҳое, ки дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ ширкат мекунанд, молу мулкашон мусодира хоҳад шуд”.Мусодираи молу мулк инчунин нисбати онҳое татбиқ мешавад, ки нияти ширкат дар ҷангҳои хориҷиро доштанд. Тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро рӯзи 11 май дар ҷаласаи парлумон Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи президенти Тоҷикистон ва узви Маҷлиси миллӣ муаррифӣ кард. Ин тағйирот худи ҳамон рӯз бо раъйи орои аъзои маҷлис қабул шуд. Баъди имзои президент ин тағйирот ҳукми қонунро мегирад. Дар Кодекси амалкунандаи ҷиноӣ барои содир кардани ин ҷиноятҳо мусодираи молу мулк пешбинӣ намешавад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply