Монополия нархи газро боз боло бурд

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ширкатҳои воридкунанда маводи сӯхт дар тӯли як ҳафтаи ахир қимати гази моеъро то 40 дирам афзоиш доданд. Ҳоло дар аксари кулли нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории дар шаҳри Душанбе нархи як литр гази моеъ 4 сомониву 30 дирам ва дар ҳама нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ширкати «Газпромнефт Тоҷикистон» 4 сомониву 40 дирам ба мушоҳида мерасад.

Масъулони ин ширкатҳо аз шарҳи сабабҳои афзоиши қимати гази моеъ худдорӣ мекунанд. Аммо бархе аз кормандони ин ширкатҳо дар сӯҳбатҳо таъйид мекунанд, ки монополия дар воридоти маводи сӯхт, боиси муқаррар кардани қимати мухталифи маводи сӯхт, ба хусус гази моеъ шудааст. Ба қавли онҳо ширкатҳои воридкунанда бо манзури афзоиши талабот ба гази моеъ, қимати онро дар тай як моҳи ахир ду дафъа афзоиш додаанд. Дар Тоҷикистон аксари нақлиёти хурду бузург дар баробари бензин аз гази моеъ истифода мебаранд. Ба хусус, нақлиёти мусофиркашонӣ ва борбар. Ба ҳамин далел, болоравии гази моеъ ба қимати ҳама маҳсулоти бозор низ таъсир мегузорад ва сокинон мегӯянд, ки чанд рӯз баъд болоравии нархи ҳама маҳсулот, ба хусус маводи мавриди ниёзи аввалияро мушоҳида хоҳанд кард.Дар Тоҷикистон ширкатҳои аслии воридкунандаи маводи сӯхт аз Қазоқистону Русия ба кишвар «Газпромнефт Тоҷикистон» ва «Фароз» номбар мешавад. Ин ширкатҳо ҳиссаи аслии бозори маводи сӯхт, гази моеъ ва бензинро дар даст дорад. Ширкатҳои хурди дигар ва нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ маҳсулотро аз ин ширкатҳо харидорӣ мекунанд. Ва табиист сухани ниҳоӣ дар муқаррар кардани нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон аз сӯи ин ширкатҳо ироа мешавад.

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply