Мошинҳо серақама мешаванд?

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Бинобар норасоии рақамҳои бақайдгирии давлатӣ барои автомобилҳои сабукрав, боркаш, мусофиркаш ва автобусҳои шахсони воқеӣ, Раёсати бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилӣ мутобиқи моддаи 11, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» аз 29 декабри соли 2010, №668 ба унвони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи илова ба СТ ҶТ 1020-2013 «Аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёт», «Намуд ва андозаи асосӣ», ва «Талаботи техникӣ»-ро таҳия намуда, пешниҳод кардааст.

Айни замон дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаҳои нақлиёт рақамҳои бақайдгирии давлатии намуди «1А» (чоррақама), ки пештар дода мешуд, дода шуда истодааст. Рақамҳои қайди давлатии намуди нав ҳоло ҷорӣ нашудаанд.
Новобаста дар оянда ҷорӣ гардидани рақамҳои қайди давлатии намуди «1А/1», (серақама) эътиборнокии рақамҳои қайди давлатии амалкунанда идома меёбад.

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply