Муҳиддин Кабирӣ ва босмачигарӣ  Боз дурӯғу дасисаву фитнаю ҷаҳолат

Сиёсат, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

 

Қасам ба риши касифи  Муҳиддин Кабирӣ, ки намехостам дар ин мавзӯъ ҳарфе нависам.

Медонистам, ки ин риши кӯтоҳ  аз кӯтоҳандешии соҳибаш башорат медиҳад. Аммо на ба ин ҳад, на ба он дараҷае ки ӯ бо чӯби гӯр ба худу ҳаммаслаконаш оши палов пазад. Ин маркспарасти (собиқ) худобехабари имонфурӯши масти пули хоҷагони хориҷиаш барои пора кардани Тоҷикистон, чун соли 1992 ба хуну хок оғушта намудани он аз дурӯғу туҳмату тавҳину дасиса рӯй наметобад. Замоне ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар дуртарин гӯшаи Тоҷикистон, дар баландии 3500 метр, дар минтақае, ки эътибори сухани тоҷикӣ коста гашта буд, номи Тоҷикистонро чун Парчам баланд бардошт, нерӯгоҳи барқие бо номи “Тоҷикистон” бунёд ва ифтитоҳ намуд, ба ин васила як гӯшаи торикистонро чароғистон мекунад, Кабирӣ дар кишвари бегона, бо пули бадхоҳони миллати тоҷик, бо шиорҳои дурӯғини мубориза дар роҳи соҳибистиқлолӣ мехоҳад рахна бар истиқлолияти давлатии тоҷикон бизанад ва мардумро даъват ба қаҳрамони миллӣ сохтани босмачиёни салабасари чағманбатани ғуломи амири манғитиён гардонад. Аз дидани  ин манзара чӣ гуна метавон оҳи пурдард аз ҷигари садпора накашид?!

Мағзи суханони раиси ҳизби ботлоқи ҷаҳолати наҳзат дигарбора хуншор кардани ҷисми ҳанӯз ҷароҳатҳояш пурра тадовӣ ноёфтаи Тоҷикистон аст. Дар ин роҳ Кабирӣ ҳатто омода аст босмачиёнро қаҳрамони миллӣ созад. Ӯ дар рӯзи 27 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон даҳон даронида мегӯяд:

“ Бар хилофи солҳои қабл аз ҷанги дуюми ҷаҳон, ки ҳанӯз дар гӯшаву канори Иттиҳоди Шӯравӣ неруҳои истиқлолхоҳ аз худ дарак медоданд ва талошҳое барои баргардонидани истиқлолияти давлатӣ ва миллии худ мекарданд,дар Осиёи Марказӣ ин нақшро неруҳо ва шахсиятҳои муборизи миллӣ-мазҳабӣ мебозиданд,ки аз тарафи идеологҳои шӯравӣ ба онҳо ‘’босмачӣ’’ номгузорӣ шуда буд.Мошинаи таблиғотии шӯравӣ аз ин муборизини миллӣ-мазҳабӣ чеҳраи хашини манфӣ тарошида буд, ки он тасаввур ҳанӯз ҳам дар зеҳни қишрҳои истеъморзадаи миллатҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад”.

Чаро Кабирӣ бо ҳасрат ёд аз босмачиён мекунад? Чаро онҳоро “падару бобои баномус” — и худ мехонад? Чаро ба ин васила хатти батлон ба рӯи фидокориҳои Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Садриддин Айнӣ ва садҳо муборизони роҳи соҳибистиқлолии Тоҷикистон мекашад?

Чаро пойи касифашро дар дастархоне пок мекунад, ки аз он нон хӯрда буд?

Ҷаноби Кабирӣ! Агар мехоҳӣ номи тоҷику Тоҷикистонро ливо созӣ, як мисоле биовар, ки “падару бобои бономусат” — босмачиён дар муборизаҳои худ як бор номи тоҷиконро, соҳибистиқлолии тоҷиконро зикр карда бошанд?

Бо зикри номи Амир Олимхони манғит аз забони “падару бобои баномусат” ва худат шаҳду шакар меборад. Чӣ асроре ин ҷо ниҳон бошад? Гумон мекунам онро танҳо худат ва маблағгузоронат медонанд.

Ту ва ҳамсафони ту аз номус ҳарф мезананду номуси худро аз даст додаанд, аз адолат ҳарф мезананду мардумро сӯи ҷаҳолат мебаранд, аз демократия ҳарф мезананду мардумро сӯи ифротгаройӣ роҳнамоӣ мекунанд.

Босмачӣ кист? Онеанд, ки чун ворисони наҳзатиаш соли 1992 шиками модаронро чок намуда, аз он тифли зиндаро берун кашида, сар бурида буданд, дар ҳаммом чун фашистон мардуми бегуноҳро бӯғӣ карда куштанд. Босмачӣ дастаи кӯчаки авбошони Кабирист, ки дар кӯчаҳои Варшава таҳдид ба тоҷиконе меоранд ки хилофи назари онҳо андеша меронанд, дифоъ аз миллату давлаташон месозанд. Босмачӣ ҳаммаслакони Кабирист, ки дар хиёбони Варшава мошин рӯи пойи меҳанпарастони тоҷик меронанд ва мехоҳанд собиқ роҳбари ҳизбашонро, ки ғалати худро дарк карда, хилофи ҳадафҳои касифи наҳзатиён ҳарф мезанад, дар гӯшаи торик “амри маъруф” диҳанд. Ин босмачиён ба хотири расидан ба ҳадафҳои спонсорҳояшон аз ҳеҷ аъмоли бад даст намекашанд. Ҳадаф чист? Пора кардани Тоҷикистон, ба ботлоқи асри миёна фурӯ андохтани Тоҷикистон, ҷанги мазҳабиро, чун дар Афғонистон, роҳандозӣ кардан дар Тоҷикистон. Дар ин роҳ Кабирӣ мехоҳад Иброҳимбек бошад, Туркистони бузургро бунёд созад, мазҳаби Имоми Аъзамро чун имони худ бисӯзад. Як сӯ дар талоши ободии кишвар, манзур иқдоми Ҳукумати Тоҷикистон, як сӯ дар талоши харобу валангор сохтани Тоҷикистон, манзур Кабирӣ ва дастаи ӯ, ки мехоҳанд босмачигариро аз нав зинда созанд, босмачигарие, ки бо истифода аз дину мазҳаб ҳадафҳои геополитикии кишварҳои қудратмандро пиёда созанд.

Ҷаноби Кабирӣ! Бигӯй, ки кадом ҳизби мазҳабӣ дар роҳи ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ талош варзидааст? Ҳизбҳои динии кишвари ҳамсоя, ки онро ба хок яксон кардаанд?

Ҷаноби Кабирӣ! Аз миллати тоҷик, давлати баъд аз ҳазор сол таъсисёфтаи тоҷикон чӣ мехоҳӣ? Мехоҳӣ амир Олимхони манғитро баргардонӣ ё Тоҷикистонро ба майдони ҳарбу зарби кишварҳои манфиатхоҳ мубаддал созӣ!?

Дар декларатсияи бачагони ҳизби наҳзат, ки худро алянси миллӣ ном бурдаанд, изҳор мешавад, ки ҳадаф “эҷоди Тоҷикистони демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ…”аст, ки муридонат аз Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчонидаанд. Охир ҳизби исломӣ куҷову давлати дунявӣ куҷост?

Давлати исломӣ куҷову демократия куҷост? Давлати исломӣ куҷову дунявият куҷост….?

Ҷаноби Кабирӣ, як бор пешонӣ ба рӯи каф гузору андеша кун:То кай дурӯғ мегӯӣ?

Диловар Қодирзода, ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Хок бар он нафареки нонро хурда дастархонба туф мекунад

  • Кабири худ кист ва ба чомеаи Точикон,чи алокаманди дорад, ки назария ва савсатахояшро чоп мекунед? Кахрамонону ватандорон,дар ватан ободи мекунанд, фаолият мебаранд,на дар хорич бо пули талабидаву хизмати хирсона ба мардуми хеш. Дар ватан чи ободие кардааст? Барои давлату халки дар чомеа пешрафта сохтан, тарбия аз гахвора сар мешавад, на дар сарсониву бесаводи. Ободии давлат бо чанчолу хархаша нест! Якдигарфахми ва мехнат, илму харакат, техникаю технология, ….. Аз Японхо ибрат гиред, аз Исроилихо ибрат гиред, ба Малайзия нигаред, аз Хитоихо омузед, дируз ин халку давлатхо дар чи холат буданду имруз ба чи ноил шудаистодаанд. Ибратро аз нек гиред!!! Хушбати дар асабаст на дардаст!!!

Leave a Reply